Дохили троллейбуси серодам фазои аҷибе дорад: бӯйи атрҳои гуногун, бӯйи меваҷоте, ки аз як ҷо ба ҷои дигар бурда мешаванд, баъзан фастфудҳое, ки соҳибонашон барои хӯрдани он вақт наёфтаанду даруни троллейбус гӯё дар яке аз ошхонаҳои бонуфуз нишастаанду бо майли тамом тановул мекунанд, ба димоғи кас мерасад. Хоб ин ҷо ба зудӣ меҳмонат мешавад. Бештари вақт барои хобро дур кардану вақтро гузаронидан бо телефон машғул мешавию гаҳе китоб ё дафтареро аз ҷузвдон берун бароварда, мехонӣ (албатта агар ҷойи нишаст дошта бошӣ).

Бо ҳолатҳои номбурда бештар вомехӯрам, чунки аз донишгоҳ то хона роҳ дароз ва ҳамту омадан дилгиркунанда аст. Ин дафъа, ҳарчанд хаста будаму қарибии шом фаро мерасид, на хоб меҳмонам шуду на китобе хондам. Зеро дар паҳлуям як зани чорпаҳлу омада нишаст ва ман ба тани троллейбус ҷафс шуда мондам. Зан аз тори сар то нӯги поям бадиққат нигаристу худашро дар курсӣ нағзтар ғунҷонид. Сарам кам-кам чарх мезад ва худамро ноҳинҷор эҳсос мекардам, фишорам паст барин буд, чунки нисфирӯзӣ қаҳваи талх нӯшида, сонӣ ба донишгоҳ омада ва пас аз ним соат ҳамин хел сарчархзаниро дар худ мушоҳида намуда будам. Як-ду бор чашмамро пӯшидам, вале овози зан сабаб шуду дубора чашм кушодам:

— Ҳе, ҳо мӯйи сари ана вай духтара дидӣ, парик мондагӣ?,- гуфт зан ба зани рӯ ба рӯяш нишаста.

— Кадом?,- пурсид зани дуюм.

— Мана вай мӯзардаш,- ҷавоб дод ҳампаҳлуям.

— Аз куҷо фаҳмидӣ?,- боз савол дод зани дуюм.

— Маълум охир, мӯйи дароз маҳқулаш шудаст-чӣ, ки аз давоми мӯяш парик мондаст,- гуфт ӯ табассум карда ва сарашро ба тарафи чап гардонида, ду ҷузвдони донишҷӯписаронро дар бағалаш гирифт. Зани дигар ба ӯ рӯй овард:

— Барои чӣ сумкаҳора гирифтӣ?

— Охир, ин бечораҳо росто, дастошон дард мекунад. Мумкин бачаи ман ҳам калон шуда донишҷӯ шавад ва ягон кас сумкаша гирифта ёрдамаш кунад,- посух дод зан бо овози рӯшантару баландтар, ки оҳанги фахр ҳам дошт.

Дар дил ба худ гуфтам, ки «зани хубе будааст» ва ба тиреза назар афкандам. Ба истгоҳи Боғи Устод Рӯдакӣ расидем. Чанд нафар дохили троллейбус гаштанд. Ҳанӯз троллейбус ба ҳаракат надаромада буд, ки боз ба гӯши мани “ташнаи хоб” овози занҳо расид.

— Афти либоспӯшиву гаштугузори вайро бин!,- писханд зада гуфт зани дар паҳлуи ман буда ба берун ишора карда.

— Ҳмм, нозу нузаша гӯй!,- гапи занро қувват дода гуфт ҳамсафараш.

Ман низ фурсатро аз даст надода, ба берун нигоҳ кардам: ҷавондухтаре бо либосҳои ҷинс ҳамроҳи ҷавонписаре сайр мекарданд, ки ин ҳама дигар диққати касеро ба худ намекашад.

Ба он ҷавонҳо низ эрод гирифтанду боз як-ду гапи дигар илова карда, нуқтаю вергул гузошта, хандиданд. Эродгирии дуюми занҳо комилан диққати маро ҷалб кард ва ба мушоҳидаи эшон пардохтам: ҳарду зан ҳам рӯймоли хурд, ки дар сарашон ноҷо меистод ва куртаҳои сиёҳ доштанд. Зани дуюми андак оромтару хомӯштар менишаст ва камтар лоғарандом буд. Ҳампаҳлуи ман бошад, зани фарбеҳ буду дами дар дам ба чор сӯ назар мекард (ҳар бори ҷунбидани ӯ ман зери “бори вазнин” мемондам) ва ба дугонааш чизи дидаашро мазоқ карда мегуфт, ё ишора мекард, ки ӯ ҳам бубинад.

Роҳрави троллейбус ҳам аз мусофир пур гашт. Ин дафъа ҳадафи зан донишҷӯёни аз истгоҳи “Сафина” нишаста шуд: донишҷӯён ҳавои худ ба сар баланд — баланд гап зада механдиданд ва аз мобайлашон аксҳои гирифташударо нишон медоданд. Зан камтар худро ба телефони онҳо наздик кардаву ба суратҳо хуб зеҳн монда, пояшро ба пои дугонааш оҳиста расонд. Бо чашму қошу абрӯ ба ҳамдигар ишора карда, хандиданд. Ҳамаи воқеаро ман бо кунҷи чашм медидаму хандаам меомад. Ҳамин дам аз телефони ман садо баланд шуд. Ҳарду занҳои “муҳтарам” ду чашмашон ба тарафи ман гардид. Гӯё дар маҳфиле навбати баромад аз ман буд. Ҷузвдонамро кушодаму планшетамро гирифтам ва дидам, ки модарам занг зада истодааст. Хостам ҷавоб диҳам, ки вазни зан пурра ба болои ман гузашт. Як тарафи зан гашта нигоҳ кунам, майли хондани номи зангзанандаро дорад. Равшании планшетро зиёд кардам ва вожаи “Очаҷон”-и навиштаам бараъло намудор гашт. Занги модарамро ҷавоб додаму ба занҳо ҳам нигоҳ кардам, ки оё барои ман ҳам ханда ва ё табассуми худро “ нисор” мекарда бошанд ё не?! Занҳо як ба ҳамдигар нигоҳ карданду халос. Ҳампаҳлуям осуда шудагӣ барин чашмашро аз телефони ман гирифту аз болои сари ман зӯр зада ба берун нигоҳ кард. Ман ҳам чизи аҷоибу ғароиб медидагӣ барин баробари зан ба берун нигоҳ кардам. Мошини марде дар роҳ аз кор мондааст ва мард аз пайи таъмири он буд. Зан боз овоз баровард:

— Мошинаш аз кор мондааст-чӣ?

— Ҳа, ба фикрам,- ҷавоб дод ҳамроҳаш.

Дар истгоҳи баъдӣ занҳо аз нақлиёт пиёда шуданд. Маълумам шуд, ки охирин ҳолати мушоҳидавии занонро дидаам.

Троллейбус ба оҳистагӣ ҳаракат мекард. Ҳаво майли торикшавӣ дошт. Ба макони лозимиям наздик мешудаму фикрам сари он занҳо банд шуда монд. Фикр мекардам, ки воқеаҳои дидаам як қисме аз рӯзгори ба сар мебурдаи ҳамкишваронамонро инъикос мекард. Рӯзгори айбҷӯёна! Рӯзгоре, ки танҳо пайи ҷустани айби дигарон сипарӣ мегардаду аз айбҳову камбудиҳои худ бехабар мемонад. Суоле ба миён меояд, ки ҳамон занони “айбҷӯ” фарзандонашонро чӣ гуна тарбия мекарда бошанд? Магар оянда боз якчанд айбҷӯи дигар пайдо мешавад?

Ҷаҳон дар ҳоли рушд асту тараққиёт дар тамоми соҳаҳо ба чашм мерасад. Пас моро месазад, ки айбҷӯиву ғайбати сифати ҳамдигарро як тараф гузошта, дар талоши беҳбудии зиндагии худ ва ҳамватанонамон бошем.

Парвина САМАНДАРЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here