Огаҳ нагаштӣ оҳ, даме аз ниёзи ман,

Ҳарчанд соявор дар адвори ман будӣ…

Бале, дуруст қайд кардааст шоири замонасаро устод Орзу Исо ва гӯё танҳову танҳо барои ману ишқи нахустин. Боре нашудааст, ки аз ниёзи ман, аз созу рози ман, аз асрори ман пурсон шуда бошӣ, ишқи нахустин. Ин мисраҳо танҳо барои ману ишқи нахустинест, ки чун сояҳо гоҳ-гоҳ дар рӯ ба рӯи якдигарем, монанди офтобу моҳтобе, ки рӯ ба рӯи якдигар меоянд, аммо бе натиҷа…

Ҷамоли зебояш, чашмони чӯкидааш, мӯйҳои анбаринаш, абрӯвони борикаш, хандаҳои малеҳаш, каломи дилнишинаш, нозу адояш ва дар умум мегӯям, “тарҳи нотакрору зебояш” маро ба баҳри пуртуғёне кашидааст ва ман дар он ғарқ шуда истодаам. Кай бошад, ки ишқи нахустин биёяду маро аз ғарқшавӣ дар баҳри беканор наҷот диҳад!? Баҳр ба касе раҳм надорад. Шахсе, ки ногаҳон дар даруни он афтад, итминони комил ҳаст, ки ғарқ шавад. Ё ишқи нахустин низ монанди ҳамон баҳр бешафқату бераҳм аст, ки маро дар худ ғарқ карда истодааст? Ин суоли ман аст, ки гоҳ-гоҳ ба худам медиҳам ва ба билохира, ба хулосае меояму мегӯям на, ӯ ба монанди баҳр бераҳм нест! Шояд ман дар назди ишқи нахустин ҳоло кӯдаки навзодам. Кӯдаки навзод якбора сухан намебарорад, ӯ пеш аз сухан гуфтан ҳазорҳо ҳарфҳову калимаҳои номафҳум ва норавшан мегӯяд ва дигарон он калимаҳоро дарк намекунанд. Шояд ишқи нахустин яке аз ҳамон дигарон аст ва то ҳол мафҳумҳои маро дарк намекунаду намефаҳмад. Дуруст аст, ки барои фард ду сол лозим аст, ки ба забон дарояд, аммо то боқимондаи умр ба ӯ лозим аст, ки ба суханҳо таҳаммул кунад.

Ба касе мафтун шудану дил додан ва барои ӯ суханҳои шоирона гуфтану навиштан танҳо дар айёми навҷавонӣ ва донишҷӯӣ хуш аст ва баъди он таъмашро гум мекунад. Барои ман ва ишқи нахустин ҳоло ҳар сония, дақиқа, соат чун як фурсати бузургест, ки аз он моҳиронаву ошиқона бояд истифода намоям. Барои табиате, ки мо зиндагӣ мекунем, обу ҳаво зарур ва бидуни он зиндагӣ кардан номумкин аст. Барои ман низ ишқи нахустин ба монанди обу ҳаво зарур мебошад, то аз он нафас бикашам, ҳаловат бибарам, баҳра гирам, зиндагӣ кунам ва дигару дигар корро ба анҷом расонам. Хуб медонам, ки ишқи нахустин дард дорад, дарде, ки имконияти фарҷомаш ҳаст, агар аз имконият истифода кунем. Барои дарди ишқи нахустин ман дилнавозӣ карда, худро тасалло медиҳам, ки дард меҳмон аст ва ишқи нахустин аз бедардҳо ҳеҷ гоҳ шиква накунад. Меҳмон имрӯз дар хонаи ишқи нахустин аст ва фардо кӯч мебандад ба хонаи дигарон.

Ҳикояе ба хотирам омад ва онро чунин хонда будам: писаре духтареро девонавор дӯст медошт. Ҳарчанд чашми духтар каме нуқсон дошт, писар аз дӯстдории зиёд он нуқсонро намедид. Бо мурири замон оҳиста-оҳиста меҳри писар ба духтар кам гирдид ва рӯзе писар аз духтар суол кард, ки дар чашми ту кай нуқсон пайдо шуд? Духтар гуфт:- Чашми ман ҳамон вақт нуқсон пайдо кард, ки ишқи ту нисбат ба ман кам гашт. Оре, ҷавоби муносиб дод духтар.

Фақат намудро ба назар гирифтан даркор нест. Мақолае, ки маҳз барои намуд иншо шуда бошад, зебо бошад ҳам, ба кас таъсире намебахшад. Дуруст аст, ки ин мақола барои намуд нест. Ин барои ишқи нахустин аст. Нур соя надорад, нур фақат равшанӣ дорад. Ишқии нахустин нур аст ва ба ман доим равшанӣ мекунад. Ҳофизонро меписанданд аз наво, заргаронро аз нигору нақшҳо, шоиронро аз шеърҳо, рассомонро аз расм, аммо ман намедонам писандидаҳоямро аз куҷо оғоз намоям, ишқи нахустин?

Ман дар ин муддат медонаму мешиносам ишқи нахустинро ва огаҳам, ки чӣ гуна аст. То кунун аз ишқи нахустин дур гаштаам, вохӯрдан ва изҳори муҳаббат накарданро ба худ ихтиёр кардаам. Мардуми Аврупо мегӯянд, ки “шонс” як маротиба дарро мекӯбад ва набояд онро аз даст дод. Шояд меҳру муҳаббат, самимияти ман низ барои ишқи нахустин як шонс бошад. Дуруст аст, ки аз заношӯии лӯхтакҳо фарзанд ба дунё намеояд, агар заргар соҳибҳунар набошад, нуқраву зар худ чизе нестанд ё булбуле, ки хониш надорад, булбул нест ва аз ҳаракат накардани ман ба сӯят ва изҳор накардани ман, ишқи нахустин ҳеҷ гоҳ бедор намешавад, то лаҳзае ҳамрозаш бошам! Бояд гуфт, ки шояд ин матлаб фосилаҳои дурии моро наздик созад ва барои муҳаббат василае шавад, то ба мисли ҳуҷраи барҳаво ба ишқи нахустин аёну равшан шавад он ҳама меҳру самимияти ман.

Ҳарчанд дар бораи ишқи нахустин гӯяму гӯям, қаламам сарҳад намепазирад. Чунки ишқи нахустин муъҷизаест, ки як муддат маро ба рақс ё ба ваҷд овардааст. Расидан ба васлаш низ ҳамчунин! Умре, ки Яздони якто ба мо додааст, маҳдуд асту кӯтоҳ, вале орзуҳо бошанд, беҳудуд. Мардуми деҳот мегӯянд, ки “баҳор омад, суруд хон, зимистон расид, афсона гӯй”. Ман илова мекунам, ки барои эҷодкор илҳоми навиштани дилхоҳ матлаб пеш омад, бояд иншо кунад, новобаста аз он, ки ба кадом мавзуъ рабт дорад!

Худойдод АВҒОНОВ

P.S. Ин матлаб давоми хоҳишҳост. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here