Таҳти мафҳуми “ишқ” имрӯз аз ҷониби аксарият ё баъзеҳо шӯхӣ ё бозичаи зебое фаҳмида мешавад. Он ба фаҳмиши ман қоидаи зер дорад: “Ишқ дурӯғи зебоест, ки ҳама ба он бовар кардан мехоҳанду аз он лаззат бардоштан”. Воқеан, ман ишқро чунин тасаввур мекунам.

Мутаассифона, ин калимаи як вақтҳо муқаддас имрӯз ба як мафҳуми оддии қаллобон мубаддал гаштааст. Ҳар сонияву ҳар даққиқа, ҳар соату ҳар рӯзу ҳафтаву моҳу сол он аз ҷониби бисёриҳо садо медиҳад: Ман туро дӯст медорам! Ҳммм…

Замоне пиру ҷавон барои ба забон овардани ин ҷумла ҳатто солҳо азоб кашида, мурда мерафтанду онро гуфта наметавонистанд. Аммо имрӯз чӣ? Ҳар як фисинак ин хитобаи муқаддасро ба забон оварда, ҳатто аз эҳсосоти дурӯғини худ ифтихор ҳам мекунад. Авомфиребии ҷавонон, ки дар як рӯз то 10 духтар ва ҳатто зиёда аз онро “тов” медиҳанду ба доми нанг гирифтор карданӣ мешаванд, то ба майдонҳои фаррохи интернет ворид шуда, имрӯз гуруҳи “ошиқони маҷозӣ” ифтитоҳ гардидааст. Барои исботи ин ки имрӯз чӣ гуна духтарро метавон “туғрӣ” кард, бо чандеҳо ҳамсуҳбат шуда, таҷриба ҳам гузаронидем ва сад дар сад итминони қавӣ ҳосил намудем, ки духтарони муосир саргаранганд ва моил ба як ишора. Ҳатто, духтареро ҳам дидам, ки бо истифода аз саҳифаи бачагона ҳамҷинсони худро ба қавле “туғрӣ” мекард. Он чизе, ки маро водор ба таълифи ин аҷибнома намуд, ин фиреби рӯирости писарон ё пешпохӯрии барқасдонаи духтарон дар масири мураккаби ишқ аст.

Имрӯз як тоифа беимонҳое пайдо шудаанд, ки ба гуфти “сарояндаи хушсадову хушсимо” Қадами Қурбон “сари паваротай” ё “сари зин” ва ё ҷойи дигар, бо чанд сухани дурӯғи рӯирост дили бечораеро ба даст оварда, азобдиҳиро шуруъ мекунанд. Воқеан, ишқ азоб аст, ранҷ аст, дарду ғаму гиря аст. Чаро худро бо дасти худ қурбони азоб мекунему ба чанги ғам мефиристем? Эҳ, мо — соддаякони ақлкӯтоҳ!!!

Чанд рӯз қабл дар доираи як таҷриба бо духтаре суҳбат доштам, бо номи Танноз (ном иваз шудааст). Ӯ зимни суҳбат қайд кард, ки нав 5 моҳ боз дар “Фейсбукистон” аст ва аллакай “сари беш аз 8 духтарро хӯрдааст”. Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки бо истифода аз саҳифаи бачагона ҳатто тавонист ҳамсабақону ҳамтабақонашро низ “ба дом афтонад”. Ӯ мегӯяд, ки “ба даст овардани қалби духтари ҳозир чандон кори душвор нест ва дар чанд дақиқа метавонад духтаракро ба худ ошиқ кунад. Фақат чанд сухани ширин бигӯӣ, худаш ба вохӯрӣ таклиф мекунад. Ман инро аз таҷрибаам мегӯям”. Дар ниҳоят духтар саҳифаи духтаронаи худро кушод ва ҳатто бо истифода аз он ин амали худро идома дод. Ӯ зикр кард, ки тавонист бо саҳифаи духтарона низ 3 духтарро “тов” диҳад. Пас, андеша мебояд!

Чаро имрӯз ишқ хору зор аст? Ӯ чӣ гуноҳ дорад? Барои пайдо кардани ҷавоб ба ин саволҳо ба духтарон рӯ овардем, то донем, ки худи онҳо чӣ мегӯянд. Дар назарсанҷии кӯтоҳе чанд духтар қариб ба як маънӣ иброз доштанд, ки “аз як ҷавон паёмаки ошиқона гирифтам, ки бо эҳсосот “дӯстат медорам” мегуфт. Бовар кардаму фиреб хӯрдам” (мегиряд). Аксар он духтароне, ки ҳамроҳашон суҳбат доштам, танҳо аз як писар чунин паём гирифтаанд. Яъне дили писарон бисёрхонагӣ будааст. Мебахшеду он “общежитие” нест, ки касеро хоҳед, “квартирант” шинонед. Он ҳаёту мамот аст, нагу номус аст, шарму ҳуввият аст. Пас, боз ҳам андеша мебояд.

Мирсаид САТТОРИЁН

P.S. Бисёр мехостем гуфтугӯи духтари писаршударо бо духтаракони дигар дар намуди акс нишон диҳем, вале изои муъмин ҳаром…

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here