Ту ки азизи ҷони манӣ, балки беҳтар аз ҷонӣ бароям, бовар дорам, ки маро интизор мешавӣ. Аз нахустин лаҳзаҳое, ки ман туро дидам ва нигоҳҳои мо ба ҳам омехт, туро дӯст доштам. Бар онам, ки ту низ эҳсоси ширину гармеро дар вуҷуди хеш нисбат ба ман дарёфтаӣ.

Имрӯз ман донишҷӯ ҳастам ва дар шаҳр зиндагӣ дорам, ту бошӣ, дар деҳа. Ростӣ, намедонам, дур аз ман маро ёд мекунӣ ё на. Ин лаҳзаҳое, ки мо аз ҳамдигар дур афтодаем, чӣ рӯзгоре бар сар мебарӣ? Медонам, ки ту дар ойини меҳру вафо устуворӣ, ай азизи дурафтодаи ман. Медонам, дидори маро пазмон гардидаӣ, чашм ба роҳи боз омадани манӣ. Агар чунин аст, ман хушбахтаму хуштолеи дунё. Он рӯз, он лаҳзаву он соат мабод, ки ту ишқи маро аз дил бадар кунӣ ва бо дигаре ишқ варзиву ҳамоғӯш шавӣ. Бад-ин хотир, аз баҳри Худо, талош варз, то по ба кӯчаи бевафоӣ наниҳӣ ва марги муфоҷои маро бо чашми хеш набинӣ. Бар он боварам, ки агар маро дӯст дорӣ, ҳаргиз ба роҳе нахоҳӣ рафт, ки он роҳ туро ба зулматистон хоҳад бурд, ба ҷое хоҳад бурд, ки аз фараҳу шодӣ ва ишқу зиндагӣ нишоне нест.

Ман бовар дорам, ки маро мунтазир мешавӣ. Зеро ман ба ишқи поку самимии ту имон овардаам. Мақсади ман аз ин дурӣ танҳо андӯхтани илму дониш аст. Ва Худо кунад, ки барои сохтани зиндагии орому осудаамон дар оянда бо муваффақият таҳсил карда, мутахассиси соҳаи худ гардам.

Вале ба Худо қасам, маро интизор бош… Мисли он, ки ҳар лаҳзаву дақиқаи ман танҳо бо ёди ширини ту сипарӣ мешавад. Маро интизор бош, ай мунису дардошнои ман!

Парвиз АСАДУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here