Калимаи «инсоф» асосан аз арабӣ гирифта шудааст ва маънояш «нисф кардан» аст. Дар забони тоҷикии мо ин калимаро ба маънои додварӣ, ростӣ ва адлу ҳақиқат истифода мебаранд.

Башир Усмон дар мақолааш бо номи «Инсоф чисту боинсоф кист?» дар ин мавзуъ баҳсҳои зиёде карда ва ҷое чунин қайд намудааст: «Инсоф пеш аз ҳама ҳаққу ҳақиқат аст, рафтори аз рӯи адолат аст. Яъне инсоф аз принсипҳои адолату росткорӣ асло берун амал накарда, ҳамеша дар паҳлуи ҳақ ҷой гирифтан мебошад».

Ба ақидаи ман, инсоф — ин бар нафси худ ғолиб омада, ҳаққи дигаронро шинохтану ҳифз намудан аст. Аммо аз чӣ бошад, ки имрӯзҳо аз анҷом додани ин амали нек бисёриҳо худдорӣ мекунанд. Гарчанде пеш вақт ба чунин чизҳо аҳамият намедодам, вале тӯли чанд муддат аст, ки бо ин ҳолат зуд-зуд вомехӯрам ва наметавонам нисбати он бетараф бошам.

Ин ҳолат бори аввал таваҷҷуҳамро дар бозорҳо ҷалб намуд. Чунки савдогарон аз нодонии баъзе муштариёни худ истифода бурда, нархи молу маҳсулоташонро баланд мебардоранд. Албатта, барои нафароне, ки ҳар ҳафта ба бозор мераванд, нархи ҳамаи маҳсулот маълуманд, аммо нафаре, ки дар як ё ду моҳ як маротиба ба бозор меояд ва ё шахсони аз хориҷа омада, ба нархе, ки фурӯшанда мегӯяд, бовар мекунанд.

Чанд муддат пеш ба амалҳои фурӯшандагон шубҳа намудам. Ин шубҳаам аз ҷое сар шуд, ки суҳбати як нафар ҳамхонаи худро, ки ду сол боз дар як хона иҷора мешинему ба савдогарӣ машғул аст, бо апааш шунидам. Вай чанд муддат аст, ки дар бозори «Корвон» ҳамчун фурӯшандаи рӯймолҳои занона ба кор даромадааст. Соҳиби мағоза ҳам ба ӯ бовар мекунаду молҳояшро ба ихтиёраш мегузорад. Агар аз каси дигар мешунидам, бовар намекардам. Вале худаш ба апааш таъриф карда, аз амали анҷомдодааш қисса мекард, ки «имрӯз ба мағозаамон ду духтар омаданд ва рӯймолҳоеро, ки 50 сомонӣ арзиш доштанд, ба даст гирифта, нархашро пурсиданд. Чун ман дидам, ки чеҳраашон содда ба назар менамуд, 120 сомонӣ гуфтам. Духтарҳо ҳам чизеро пай набурда, хоҳиш карданд, ки агар нархро то 100 сомонӣ фарорам, дуто мехаранд. Розӣ шудам ва гуфтам, ки дар ивази пули боқимонда дар ҳақам дуо кунед». «Ман аз ин духтарҳои содда сад сомонӣ бурд кардам» мегуфту механдид.

Аз ин ҳолат бисёр нафратам омад ва ба аҳволи он фиребхӯрдагон меандешидам. Чун ҳамаи ин дидаву шунидаҳоям мисли як лаҳза аз хотирам мегузашт, барои санҷиш хостам таҷрибае гузаронам. Ниҳоят баъди андаке андешидан ба ёдам омад, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш барои апаам пояфзол харида будем. Аз ин рӯ, назди пояфзолфурӯш омадаму ҳамон гуна пояфзолҳоеро, ки барои апаам гирифта будем, бардоштаму аз фурӯшанда пурсидам:

— Тағоҷон, ин чанд пул меистад?

-140 сомонӣ духтарам, вале барои ту арзон мекунам,- ҷавоб дод марде, ки синну солаш қариб ба 40-45 баробар буд.

Нархи гуфтаи марди “арзонфурӯш” аз нархи пойафзолҳои чанд рӯз пеш гирифтаамон як баробар гарон буд, зеро 80 сомонӣ куҷо меистаду 140 сомонӣ куҷо!? Рангу намуди пойафзолҳо аз ҳамдигар фарқе надоштанд, аммо яку якбора худамро ошкор кардан нахостам. Аз ин рӯ, гапро каме “тобида”, худамро харидор вонамуд кардам ва гуфтам:

— Хайр, барои ман чӣ қадар арзон мешудааст?

— Барои ту 120 мекунам, духтарам, мешавад?,- саволомез аз ман пурсид.

Ман ҳам яку якбора “не, намешавад” гуфта, азми рафтан кардам, вале маро боз доштан хосту гуфт:

— Хайр ба 100 сум медиҳам, мегирӣ?

Чун фаҳмидам, ки маро фиреб додан мехосту аммо фиреб хӯрд, чизе нагуфтам ва аз наздаш рафтам. Вале аз пуштам садояш меомад, ки мегуфт:

— Биё гир, ба 80 сум медиҳам!

Вале ин аллакай барои ман санҷиши анҷомёфта буд. Бале, ман ин найранги ӯро донистам, аммо нафарони дигар чӣ гуна метавонанд аз ин беинсофӣ наҷот ёбанд? Мутаассифона, найрангҳои “зиреҳпӯш” ин ҳоло анҷоми кор нест. Чунин беинсофиҳо нисбати одамони соддаву зудбовар натанҳо дар бозор, балки қариб дар тамоми соҳаҳо дида мешавад. Монанди он духтуроне, ки дар минтақаҳои дурдасти камназорат фаъолият мекунанду рӯзи дароз дар кабинетҳои худ аз набудани беморон менишинанд ва агар беморе наздашон ояд, вазъияташро бад гуфта, табобати дурудароз мефармоянду боз омаданашро таъкид мекунанд. Ин гуна табибон тамоман вазъи молии беморонро фикр намекунанд, балки фикри ҷайбашонро доранд.

Ҳоло аз ин ҳам мегузарем. Ҳолатеро дидам, ки дар маҳаллаҳо ҳангоми барӯйхатгирии аҳолии камбизоат, ки Ҳукумат онҳоро дастгирӣ менамояд, баъзан-баъзан номҳои чунин оилаҳоро вохӯрдан мумкин аст. Дигар қариб аз нисф зиёдашон оилаҳое ба қайд гирифта мешаванд, ки аз ягон сар кам нестанд. Магар аз ин дида беинсофии зиёд мешавад?!

Вақте бо чунин ҳолатҳо дучор меоям, фикр мекунам, ки мо ҳам худамон худамонро мефиребем. Маҳз чунин ноҳақиҳо, чунин беинсофиҳо, ки нисбати бародару ҳамватанони хеш раво мебинем, боиси рушд накардани ҷомеа мегарданд.

Сарвинози САЙДАЛӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here