Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар гардонидани сатҳу сифати истифодаи самаранок аз неруи зеҳнии занону бонувон аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон, мақоми бонувон дар ҷомеа, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба зӯроварӣ дар оилаҳо таваҷҷуҳи доимӣ равона карда мешавад.
Хабарнигори МТЖТ ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагӣ ва шароити рӯзгору фаъолияти бонувон ба шаҳри Норак сафар кард. Зимни суҳбат муовини раиси шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло ба сатҳи кору фаъолияти бонувони НБО шаҳри Норак баҳои баланд дода, ҳамзамон зикр кард:
— Айни замон бонувони мо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар паҳлуи мардон пурмаҳсул ва аз дили пок кору фаъолият мекунанд. Аз 63 ҳазору 31 нафар аҳолии шаҳр 31 ҳазору 16 нафарашон занону духтарон мебошанд, аз ҷумла, шумораи занон дар ҷамоати деҳоти Дӯконӣ 9863, дар ҷамоати деҳоти Пули Сангин 7264 ва дар худи шаҳр 13889 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи 31 ҳазору 16 нафар 17700 нафарашон занони қобили меҳнат мебошанд.
Дар идома, мавсуф изҳор намуд, ки дар раванди сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз шумораи умумии 2 ҳазору 837 нафар занони коргар 111нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият доранд. Ҳамчунин, вобаста ба таъкидҳои роҳбари давлат, ки дар Паёми навбатияшон низ зикр ёфт, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷиҳати дар корҳои сиёсӣ ва иштироки ҳатмии занон ба мақоми намояндагии шаҳр диққати махсус дода шуда, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 13 нафар ва ба Маҷлиси чамоатҳои деҳот 11 нафар зан интихоб гардидаанд, ки нисбати солҳои пешин ин шумора зиёд аст.
Теъдоди муайяни занони маълумоти олидор дар мақомоти иҷроияи шаҳр, маориф, фарҳанг, НБО-ҳои Нораку Бойғозӣ, беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои КАТС кору фаъолият мекунанд.
Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр низ назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 1260 нафар, тандурустӣ 620 нафар, саноат 309 нафар, соҳаи коммуналӣ 32 нафар, муассисаҳои давлатии “ШМКХ” 100 нафар, соҳибкорӣ ва савдо 257 нафар, бахши фарҳанг 112 нафар, дар соҳаи кишоварзӣ 201 нафар ва дар дигар соҳаҳо 382 нафар занону бонувон кору фаъолият доранд.
— Имрӯз ҳар яки мо бояд ба хубӣ дарк намоем, ки ин сарзамин бо ҳама пешрафту муваффақиятҳои рӯзафзунаш ватани маҳбуби мост, — афзуд ӯ.
Шулашова Ҳабиба, ки ба ҳайси мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак фаъолият дорад, мегӯяд, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак фаъолияти кории худро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати Асорсгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ “Дар бораи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2011-2020”, “Дар бораи нақшаи амалии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” ва “Дар бораи Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон” равона менамояд.
— Истиқлол ба зани тоҷик озодӣ, обрӯ, мавқеи баланду шоистаро дод, пас мо бояд ин неъмати бебаҳоро чун ору номус ва виҷдону нанги хеш ҳифз намуда, дар таҳқими арзишҳои миллӣ ба ақли солеҳу амри дил такя намоем ва пайрави занони шуҷои Норакшаҳр, дар мисоли Руқия Атоевна, Шарипова Светлана, Руқия Раҳматова, Гулизор Талиевна, Сабзагул Сафарова, Мамлакат Азимова, Ҷумъагул Назарова, Олия Тешаева, Салима Саидовна, Зебо Шарипова, Муҳаррама Сорбонзод ва даҳҳо нафарони дигаре, ки баҳри ободии диёри хеш содиқона хизмат кардаанд, бошем, – бо ҳисси ифтихор ва иродатмандӣ иброз дошт ӯ.
Хатмкардаи факултети геологияи иқтисодиёт, бахши идоракунии саноати маъдани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Кандақорова Нигора тӯли 11 сол аст, ки дар Маркази назоратии НБО Норак кор мекунад. Номбурда изҳор дошт:
— Мо дар панели идоракунии марказӣ 3 нафар навбатдорем. Як нафар муҳандис ва ду нафар барқчии истгоҳ ҳастем. Дар коргоҳи мо навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Дар 12 соати корӣ вазифаи муҳандис аз назорати тозагии қувваи барқ ва масъулияти хизматии барқчиён бошад, аз тартиб додани ҳисоботи воридот ва содироти об, истеҳсоли неруи барқ дар як рӯз, инчунин, срфаи якрӯзаи об ва анд сот бо кор машғул будани мошинҳо иборат аст. Бояд гуфт, ки айни замон 9 генератори НБО Норак мавриди истифода қарор дорад. Ҳоло ки дар ҷумҳурӣ бо сабаби танқисии об бо баъзе маҳдудиятҳои барқӣ мувоҷеҳ ҳстем, аз ин рӯ, мо, бегоҳ, вақти қабули баст, ҷараёни хомӯш кардани барқро месанҷем ва албатта, сабтҳоро дар генератор нигоҳ медорем. Генераторҳо, ки иқтидори худро дар як соат ҳисоб мекунанд, бинобар ҳамин мо воридшавии соатбайъро ҳисоб мекунем, ки дар як соат чӣ қадар об сарф шудааст ва чӣ гуна ба обанбор ворид шудаст ва ҳар соат ин маълумотро ба “Барқи Тоҷик” мерасонем.
Дар ҳамин ҳол, Вазирӣ Айбанист Аламовна ба суҳбат ҳамроҳ шуда, гуфт:
— Ман аз соли 1992 дар НБО Норак кор мекунам. Собиқаи кориям 29 сол аст. Сароғоз дар панели марказии идоракунӣ кор мекардам ва баъдан дар зеристгоҳи 500 киловолт фаъолияти худро идома додам. Феълан бо сабаби анҷом додани корҳои таҷдидӣ ва ихтисори кормандон боз ба панели идоракунии марказӣ баргаштам. Фаъолият дар ин ҷо ба ман хеле шинос аст, аз ин рӯ, ман кори худро дӯст медорам. Чунки ман хуб медонам, ки дар ин кори бароям хеле ҷолибу ғайриоддӣ бар замми донишу малакаи кофӣ, ҳамчунин бодиққат, тезҳаракат, чаққон ва тезҳуш будан шарти асосист. Медонед, агар шумо дар сари миз, дар як ҷо нишаста кор кунед, барои ман ин намуди кор хеле дилгиркунанда аст.
Айбанист Вазирӣ модари се фарзанд аст. Оилаи онҳо аз соли 1966 инҷониб дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад. Тавре ӯ мегӯяд, ба фарзандонаш маълумоти хуб додааст. Писари калониаш низ дар системаи энергетикии НБО Сангтӯда кор мекунад. Худи ин модари мушфиқ бошад, маълумоти аввалинашро дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гирифтааст. Баъди хатми донишгоҳ падару модараш ӯро ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Норак оварданд. Таҳсили дуюми худро номбурда дар бахши энергетикаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа гирифтааст.
— Дар панели идоракунии марказӣ ҳамагӣ 10 нафар духтар кор мекунанд. Кори хеле масъулиятнок дорем. Доим кори нерӯгоҳи барқиро назорат мебарем. Мо ҷои кори худро тарк карда наметавонем. Чашмони ман доим мушоҳида менамояд, ки дар системаи энергетикии Тоҷикистон танзими тозагӣ ба амал ояд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ системаи ягонаи энергетикӣ мавҷуд буд, каме соддатар буд, ман дар он режим кор мекардам ва ман ҳоло низ дар ин режим кор мекунам. Дарозии системаи барқ кӯтоҳтар мешуд, танзими режими пеш аз он мушкилтар мешавад як хатти нимавтоматӣ буд ва ҳоло бошад, ин кори дастӣ ҳисоб мешавад. НБО Норак ягона истгоҳи системаи энергетикӣ мебошад, ки тозагии системаи энергетикии Тоҷикистонро ба танзим медарорад. Вақте ки мо системаҳои интихоботии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар тобистон муттаҳид мекунем, ба назарам, мо тамоми Осиёи Марказиро идора менамоем, — бо шавқу ҳавас ва беист дар бораи кори худ нақл мекунад Айбанист Вазирӣ .
Бонуи дигар Мирзоева Моҳбону сардори шӯъбаи кадрҳои НБО шаҳри Норакро бар уҳда дорад. Ба қавли вай, айни замон дар Неругоҳи барқи обии Норак дар маҷмуъ 163 нафар бону кору фаъолият доранд. Аз онҳо 6 нафар муҳандис, боқӣ челонгарон, амалиётчиён, ҳамшираҳои шафқат, устоҳо, кимиёгарон, хизматчиёнанд. Ҳамаи ин бонувон паҳлӯ ба паҳлӯ бо мардон софдилона ва ба манфиати умум заҳмат мекашанд.
— Занҳои мо хеле пурмасъулият мебошанд. Кори худи неругоҳ бисёр душвор ва сангин аст. Масъулияти зиёдеро талаб мекунад. Ба ин ҳама нигоҳ накарда занон ҳар сол ба ғайр аз кори неругоҳ боз дар корҳои ҷамъиятиву чорабиниҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд, — сухани худро ҷамъбаст кард Моҳбону Мирзоева.
Қобили тазаккур аст, ки бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фурсати муносибе фароҳам омад, ки ба василаи ривоҷи бозори ҳунармандиҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, занону духтарони аз таҳсил дар канор монда ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.
Имрӯзҳо занҳои фаъоли Норак баҳри эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, таъсис намудани ҷойҳои кории доимӣ, ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ, беҳдошти сатҳи зисти оила, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва ғайраҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Соҳибкорӣ яке аз манбаъҳои бузурги рушди иқтисодиёт буда, тавассути фаъолияти он занону бонувон барои худ, оила ва ҷомеа фоидаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба даст меоранд. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 то имрӯз барои фаъолияти соҳибкории занон грантҳои президентӣ ҷудо мекунад.
Ба гуфтаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Шулашова Ҳабиба то имрӯз 10 нафар соҳибкорзани шаҳр барои дастрасии гранти президентӣ ва гранти раиси вилояти Хатлон лоиҳаҳои худро пешниҳод намуда буданд, ки аз ин шумора 8 нафарашон соҳиби грант гаштаанд.
Ин аст, ки бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” занону бонувони ҳанарманди шаҳри Норак дар фестивал ва иду озмунҳо ширкати фаъолона дошта, бо диплом ва сипосномаҳои Кумитаи тадорукотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шудаанд.
Дар фароварди суҳбат мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо зикри баъзе нуктаҳои муҳими фаъолияти бонувон дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамчунин иброз дошт:
— Бо назардошти он ки сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар ба рушди оиладорӣ, эҳёи суннатҳои мардумӣ, иштироки фаъолонаи занону духтарон идоракунии мақомоти маҳаллии ҳокимият нигаронида шудааст, мо низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешравии сатҳи зиндагии мардум, бахусус занону духтарон ва дар маҷмуъ, оилаҳои кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем. Дар ин раванд мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи саломатии занону бонувон ҳамеша ҷаҳду талош мекунем, зеро ҳар кишвари олам барои рушду нумуъ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатӣ ва сатҳи зиндагиву маишии модарон такя карда, ояндаи дурахшони хешро таъмин месозад.
Нигора Саидбекова