19-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон”, бо мақсади муаррифии дастовардҳои лоиҳа, хулоса ва тавсияҳо барои гуфтушуниди минбаъда дар пешбурди ин гуруҳи осебпазири ҷомеа мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Илҳом Маҳмудзода — муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СРИҶҶ)-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои якҷояи сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда, тавассути чорабиниҳои иттилоотӣ, барномаҳои таълими касбиву шаҳрвандӣ ва машваратҳо, таблиғи фазои мусбат дар байни маҳкумшудагон ва муносибати бевосита аз ҷониби кормандони муассисаҳои ислоҳӣ суханронӣ кард.
— Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар якҷоягӣ бо DVV International тайи чор соли охир ду лоиҳаи калонро бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо бо муваффақият дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон амалӣ намуд, ки дар доираи ин лоиҳаҳо ба маҳкумшудагон курсҳои таълими касбӣ гузаронида, инчунин таҷҳизоти лозимаро барои кори минбаъдаи онҳо фароҳам оварданд,- гуфт Илҳом Маҳмудзода ва илова кард, ки минбаъд ҳам дар самти беҳтар намудани шароит ва ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, хонум Мэрилин Йосефсон оид ба лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон баромад карда, гуфт, ки то имрӯз 61 лоиҳа дар ин самт амалӣ карда шудааст: “Иттиҳоди Аврупо ду лоиҳаи DVV Intrenational-ро, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон равона шуда буданд, аз солҳои 2014-2016 ва 2017-2019 дастгирӣ кардааст ва мо хурсанд аз онем, ки ин лоиҳаҳо дар якҷоягӣ бо идораҳои ҳукуматӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда шуданд, ки ин кафили устувории корҳои анҷомдода мебошад”,- зикр намуд Мэрилин Йосефсон.
Текла Келберт, директори минтақавии DVV International оид ба муҳимияти дубора мутобиқ шудани собиқ маҳкумшудагон ва дастгирии ҷомеа ба онҳо дар ин самт чунин гуфт: “Баъд аз баромадан ба озодӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ, собиқ маҳкумшудагонро ҳиссиёти дуҷониба фаро мегирад. Агар аз як ҷониб эҳсоси озодӣ ва раҳоӣ бошад, аз ҷониби дигар тарс аз ноаёнӣ вуҷуд дорад. Чунин шахсон дар ҷомеа бо нофаҳмиҳо рӯ ба рӯ шуда, дар ҷустуҷӯи кор ва барпо намудани зиндагии шахсӣ ба мушкилиҳо дучор мегарданд”.
Тибқи муаррифии Зарина Халикова, директори DVV International дар Тоҷикистон, лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон” барои ҳифзи ҳуқуқи яке аз гуруҳҳои осебпазири ҷомеа — маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон, бо таваҷҷуҳи махсус ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онҳо равона шуда буд.
— Муддати ду соли амалисозии лоиҳа зиёда аз 500 маҳкумшуда аз муассисаҳои ислоҳии 3/8-и шаҳри Норак ва 3/6-и ноҳияи Ёвон бо барномаҳои таълимӣ фаро гирифта шуда, беш аз 1100 нафар собиқ маҳкумшудагон аз 10 шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Ваҳдат, Б. Ғафуров, Восеъ, Панҷакент, Деваштич ва Ҷайҳун ба машваратҳои ҳуқуқиву кӯмаки иҷтимоӣ дастрасӣ пайдо карданд. Ҳамчунин, саъю кӯшиши лоиҳа барои такмили механизмҳои ҳамоҳангсозии кӯмаки иҷтимоии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ бо роҳи таҳия ва паҳн кардани нақшаи муроҷиат ва бозравоннамоии собиқ маҳкумшудагон ба назди мутахассисон барои дубора мутобиқ шудани онҳо ба ҷомеа равона шуда буд. Яке аз дигар вазифаҳои лоиҳаи мазкур такмили нерӯи ҷонибҳои манфиатдор ва таҳкими механизмҳои мубодилаи иттилоот ва муроҷиатномаҳо байни муассисаҳои ислоҳӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, шабакаи марказҳои ёрии ҳуқуқӣ, марказҳои таълими калонсолон ва марказҳои шуғли аҳолӣ буд,-иброз намуд хонум Халикова.
Шаҳло Абдунабизода — директори ташкилоти ҷамъиятии “Ҷаҳон” оид ба ҳамкории сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва сарпарастони байналмилалӣ дар самти омодагии маҳкумшудагон пеш аз озодшавӣ баромад карда, гуфт, ки дар доираи лоиҳаи зикршуда барои такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои ислоҳӣ се модули таълимӣ коркард шуда, онҳо ба барномаи таълимии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд.
— Яке аз ҳадафҳои мо дар доираи лоиҳаи зикршуда омода намудани маҳкумшудагон барои баромадан ба озодӣ буд, ки дар ин замина ба онҳо аз рӯйи шаш ихтисос курсҳои таълимӣ, курсҳои баланд бардоштани малакаи шахсӣ ва маҳорати тиҷоратӣ гузаронида шуданд. Ҳамзамон, барои беҳтар намудани доираи шароити ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳбусон базаи методии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо омода намудани модулҳои таълимӣ дар мавзуҳои “Омодасозии равонии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ”, “Корҳои иҷтимоӣ бо маҳкумшудагон пеш аз озодшавӣ” ва “Ташкили кор бо нафароне, ки бо ҷурми содиркунии ҷиноятҳои табиати террористӣ ва ифротгароидошта маҳкум шудаанд” пурра карда шуд,- гуфт Шаҳло Абдунабизода.
Оид ба натиҷаи фаъолияти қабулгоҳҳои ҳуқуқии ройгон барои шахсони аз маҳбас озодшуда Наргис Зокирова — директори ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» суханронӣ карда, қайд намуд, ки дар доираи лоиҳа чор маркази машваратӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ таъсис дода шудаанд, ки баъдан ҳам кори худро идома хоҳанд дод.
— Дар доираи лоиҳа кормандони иҷтимоӣ ва ҳуқуқшиносони мо ба 1121 ашхоси аз маҳбас озодшуда машваратҳои ҳуқуқии ройгон доданд, ки аз ин миён 786 мард ва 335 зан буданд. Инчунин, барои барқарор намудани ҳуҷҷатҳои шахсони аз маҳбас озодшуда Фонди иҷтимоӣ таъсис дода шуд, ки дар доираи он ба 63 нафар барои гирифтани шиноснома ва ба 36 нафар барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ёрдам кардем,- гуфт Наргис Зокирова.
Ҳамчунин, номбурда зикр кард, ки дар доираи лоиҳаи мазкур якчанд дастурамал ва роҳнамо оид ба ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон, аз қабили “Ҳуқуқи шахсони аз маҳбас озодшуда барои меҳнат”, “Хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳо барои шахсони аз маҳбас озодшуда” ва амсоли ин омода шудаанд, ки ҳар хоҳишманд метавонад онҳоро аз “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар шакли чопӣ ё аз сомонаи ташкилот — http://bhr.tj/library дар шакли электронӣ дастрас кунад.
Тавре гуфта шуд, мақсади лоиҳа таҳкими демократия ва волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон тавассути беҳтар намудани дастрасӣ ва имконияти таълим барои занону мардони маҳкумшуда ва шахсони аз маҳбас озодшуда буд.
Дар анҷоми мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён барои беҳтар намудани вазъ дар ин самт пешниҳод ва тавсияҳо гуфта шуданд, ки яке аз онҳо аз ҷониби давлат таҳия ва татбиқи барномаи мутобиқсозии дубораи собиқ маҳбусон дар ҷомеа буд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон”, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо (75%) ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ (25%) маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби DVV International дар ҳамдастӣ бо ду ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ — “Ҷаҳон” ва “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” амалӣ карда шуданд, гузаронида шуд.
М. НОЗИМӢ
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.