Салимҷон имсолро «соли бобаракат» гумон мекард, аммо ин танҳо дар назараш будаасту халос, зеро дар ин сол мошини нимҷонашро фурӯхт (зеро барои баъзе ашёҳои лозимаи хона пул лозим шуд), аз якчанд дӯстону рафиқон қарздор шуд (бо онҳо душман шуд), 2 маротиба қариб буд, ки кораш ба суд афтад, зеро корманданои барқу бонкро задан мехост (охир нафаре, ки аз ҳад мегузаронад бояд ӯро танбеҳ дод), 3 маротибаи дигар гапаш бо кормандони идораи хонафурӯшӣ гурехт, ки ҳар дафъаи хонаашро фурӯхтан аз Салимҷон 4000 сомонӣ ҳаққи хизмат талаб мекарданд. Барои чӣ? Барои он, ки Салимҷон дар ҳар як хонаи ивазкардааш, зиёда аз 4 моҳ намеистод ва мехост зуд он хонаро фурӯшаду дигарашро харад, аммо кормандони коғазбози идораи хонафурӯшӣ намегузоштанд, ки бидуни супоридани 4000 сомонӣ Салимҷон озодона хонаашро фурӯшад. Ӯ аз ин рафтори кормандони идора ҳайрон шуда, намедонист, ки ба кӣ дод гӯяд. Ба касе ки ҳам дод гӯяд, аз он тараф боз дод мешунавад. Аз ҳамин хотир сарашро хам кардаву худаш ба худаш ғурридаву шӯрида мерафт. Ногаҳон дӯсти қиёматияш аз куҷое пайдо шудаву пеши роҳи Салимҷонро гирифт ва бо табассуми кушода ба аҳволпурсии ӯ шуруъ кард.
— Барои чӣ ин хел абрӯву мижгонат гирондагӣ? Ба ягон ҷониб ҳам нигоҳ нокарда роҳ меравӣ. Тинҷӣ аст?
— Э, биё напурс, ки сарам дар чандин бало гирифтор аст. Ҳозир агар ба ягон тараф нигоҳ кунам метарсам, ки ягон каси дигар маро бинаду давида «пулатонро насупоридаед» гӯяд. Ман дар ин ҷо зиндагӣ карда, нафаҳмида истодаам, ки чӣ тавр қашшоқ шуда рафта истодаам. Рӯз то рӯз зиндагӣ бароям мушкил шуда истодааст. Ҳамаи ин ба хайр, мехоҳам, ки писарамро тӯй кунам, аммо метарсам, ки танзим омада пулҳои ҷамъкардаамро ҷарима карда боз наситонад.
— Тӯйятро серхароҷот накун-дия дӯстам! Одами бисёрро даъват накун! Чорвои зиёд забҳ накун.
— Охир, ин чӣ хел мешавад, ки як хешу табори дуру наздикатро ба тӯйи ягонаписарат даъват накунӣ?
— Рӯйхат карда, баъд даъват кун. Ҳар кадоми онҳоро даъват кунӣ аз шумораи 200 ҳам мегузаранд. Аз ин хотир, ин шумораи наҳс (200 дар назар аст) аст ва барои яке ҳеҷ, барои дигаре балои сар мешавад. Эҳтиёт шав! Поятро чени курпаат дароз карда, тӯятро дабдабанок нагузарон!
— Охир чи хел дабдабанок? Ман ҳамагӣ 3 хола дорам, ки аллакай наберадор шудаанд ва агар онҳоро даъват кунам, маълум аст ки ҳамроҳашон ягон набера ё ягон писарашон меоянд. Ҳамагӣ 10 ё 12 нафар мешаванд. Тағоҳоям бошанд, ҳамеша танҳову дасти холӣ меоянд ва ҳеҷ як дӯсту рафиқ надоранд, ки бо худ биёранд, аммо аммаву амакҳоям бо зану шавҳару кӯдаконашон меоянд. Охир, наметавонам, ки худашонро ба хона роҳ диҳаму кӯдаконашонро «шумо мувофиқи рӯйхат зиёдатӣ ҳастед»-гуфта, аз дар берун кунам?! Охир айб аст. Наход, қонун чунин вазнини бад гирад, ки дигар як тӯйю маъракаатро бо вақти хуш гузаронида натавонӣ?! Одам дар ҳаёташ як маротиба тӯй мекунад. Ин тавр бошад, халқ дарун-дарун девона шуда гурехта аз ватани худ мераванд. Набояд маҳдудиятҳо ба ин минвол сахту зиёд бошанд. Охир халқро зӯр меояд.
— Хайр, ҳамон исрофу харҷи барзиёде, ки мекунед, чӣ лозим? Ҳам аз нигоҳи динӣ нодуруст аст ва ҳам аз ҷиҳати дунявию инсонгарӣ. Ҳеҷ лозим нест, ки дар як тӯйи писар чандин чорпои бечораро бегуноҳ, бе ягон факту далел гов ё гӯсфанд гуфта қатл кард. Наход бечора говро бегуноҳ кушӣ-а?!
— Ээ, шӯхиро як тараф мону ба саволҳои ман ҷавоб гардон, ки ҳамин қонунҳои навбаромад барои халқ, чӣ сабукӣ меорад?
— Бисёр сабукӣ меорад. Аз ҷумла, баъд аз амал кардани ин қонун халқ аз рӯи он «эконом» карданро ёд мегиранд ва вақте, ки тӯй камхарҷ шуд, ҳар оила метавонад, ки бо он пул ягон камбудии дигарашро ҳал кунад. Масалан, мошин харад ё ягон фарзандашро ба донишгоҳ дохил кунад, то ки хонаду фардо инсони баобрӯи ҷомеа шавад.
— Охир, ин чӣ хел «эконом» аст, ки агар як лағжишаки хурдакак кунӣ, омада 25000 сомонӣ ҷарима мекунанду мераванд?! Ҳамон ду пуле ки «эконом» кардӣ, аз сарат мемонад. Ҳаминро «эконом» мегӯӣ?
— Ҳммм, ту маро аниқ нафаҳмидӣ.
— Не, ту маро нафаҳмидӣ. Барои ҳамин мегӯям, ки бояд ягон сабукӣ барои халқ бошад, ки азоб накашанд.
ҒУРМАГАС