Соҳаи маориф имрӯз хеле мушкилоти зиёд дорад, аммо проблемаҳо дар самти дастрасӣ ба таълимоти касбӣ барои шахсони дорои маъюбият дучанданд. Агар яке аз сабабҳо набудани маводҳои таълимии фарогир (инклюзивӣ) дар ин самт бошад, дигар ҷабҳа — ин зиёд шудани шумораи ашхоси дорои маъюбият дар кишвар аст.
Таълими шахсони дорои маъюбият дар баробари маводҳои таълимии инклюзивӣ ҳамзамон зарурати дастрас будани макони таълимиро тақозо мекунад. Тоҷикистон мисли дигар давлатҳои рӯ ба тараққӣ муддатест аз таҷрибаи таълимоти фарогир (инклюзивӣ) на танҳо дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва мактабӣ, балки муассисаҳои таълимии махсуси касбӣ низ истифода мебарад.
Яке аз лоиҳаҳое, ки дар самти таълимоти касбии фарогир амалӣ шуда истодааст, ин “Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир” мебошад, ки аз моҳи апрели соли 2018 кори худро шуруъ карда, то ин замон дар шаҳрҳои Душанбе ва Панҷакент, аз ҷумла ноҳияи Рашт як қатор корҳои назаррасро анҷом додааст. Яке аз бандҳои лоиҳаи мазкур таҳияи маводҳои таълимӣ барои омӯзиши касбии фарогир ва озмоиши онҳо дар давоми курсҳхои кӯтоҳмуддат дар якҷоягӣ бо муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон (МТКТ)» дар шаҳру ноҳияҳои номбаршуда мебошад.
Оғоз аз 15-уми октябри соли ҷорӣ, ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо МТКТ озмоиши курсҳои кӯтоҳмуддати таҳсилоти ибтидоии касбии фарогирро аз рӯи ихтисоси “Қаннод” оғоз кард. Курсҳои омӯзишӣ дар синфхонаҳои нави МТКТ, ки барои шахсони маъюбиятдошта мутобиқ гардонида шудаанд, баргузор шуда, ба иштирокчиён имконияти гирифтани ихтисоси нав фароҳам меорад.
Муродҷон ҳар субҳ бо шавқи зиёд аз хоб хеста, бо ҳамроҳии модараш роҳ ба сӯи маркази таълими калонсолон мегирад. Дар ин марказ ӯ на танҳо аз нозукиҳои қаннодӣ бохабар шуда, балки дӯстони нав низ пайдо кардааст.
“То синни 18-солагӣ, Муродҷон дар мактаби махсуси тифлони маъюбиятдошта буд, аммо чун бузург шуд, бояд мо ӯро ягон ҷо барои идомаи таълим медодем. Вақте ба маъмурияти ноҳия муроҷиат кардам, гуфтанд, ки дар МТКТ ҳамин гуна курсҳое ҳастанд, ки нафарони маъюбиятдошта низ метавонанд иштирок кунанд”,- мегӯяд модари Муродҷон.
Ба иттилои Фотима Ҷалилова — муаллимаи МТКТ, барнома ва маводҳои таълимӣ, ки дар курсҳо истифода мешаванд, дар асоси усули DACUM, яъне усули таҳияи нақшаи таълимӣ дар асоси муайян намудани малакаву салоҳияти талабшуда таҳия шудаанд.
“Маводҳои таълимӣ хеле хуб, бо шарҳи меъёру андоза ва забони фаҳмо омода шудаанд. Ин китобҳое, ки ҳоло мо аз онҳо истифода мекунем, барои иштирокчиён ҳамчун дастурамал мебошанд”,- иброз намуд Фотима Ҷалилова.
Дар ин замина, дар филиалҳои МТКТ дар ноҳияи Рашт курси омӯзишӣ оид ба занбӯриасалпарварӣ оғоз гардида, дар шаҳрҳои Душанбе ва Панҷакент курсҳои омӯзишии инклюзивӣ оид ба гулпарварӣ ва таъмири асбобҳои рӯзгор дар нақшаанд.
Дар асоси натиҷаи озмоиши курсҳои инклюзивӣ маводҳои таълимӣ баҳогузорӣ шуда, такмил дода мешаванд ва пас аз он барои истифодаи минбаъда дар дигар филиалҳои МТКТ паҳн мешаванд.
Мавриди зикр аст, ин курсҳои таълими касбӣ дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон» бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ки аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ шуда истодааст, гузаронида мешаванд.
М. НОЗИМӢ
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ки аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.