Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Аз ҳамин хотир аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб менамоянд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд. Дар навбати худ, масъулини соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар бо дастгирӣ аз дастурҳои Пешвои муаззами миллат фаъолияти худро ҷоннок месозанд. Инҷо метавон аз талошҳои пайгиронаи масъулини шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ёдовар шуд.

Дар ҳудуди ноҳияи Хуросон 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 литсей, Муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази технологияи информатсионӣ фаъолият доранд, ки аз ин 41 муассиса бо забони тоҷикӣ, 4 муассиса бо забони ӯзбекӣ ва 16 муассисаи омехта (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) амал мекунанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 30371 нафар хонандагон, аз ҷумла 14673 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба таълиму тарбияи хонандагон 1770/858 нафар омӯзгорон, аз ин шумора бо маълумоти олӣ 1052/337 нафар, бо маълумоти олии нопурра 19/14, бо маълумоти миёнаи касбӣ 557/373 нафар, бо маълумоти миёнаи умумӣ 69/50 (ҳамаашон дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишварамон дар курсҳои гуногун таҳсил намуда истодаанд) машғуланд.

Дар соли хониши 2019-2020 ба мактабҳои ноҳияи Хуросон бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 нафар роҳхат гирифтаанд, ки то имрӯз 34 нафарашон ба ноҳия ҳозир ва бо ҷои кор таъмин карда шудаанд.

Шавқу рағбати ҷавонон ба гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ ва давом додани таҳсил сол аз сол зиёд шуда истодааст. Муассисаҳои таҳсилоти умумии асосиро соли хониши 2019-2020-ум 1127 нафар духтарон хатм намуда, 87% (889 нафар)-и онҳо таҳсилро дар зинаи сеюми таҳсилот дар соли таҳсили 2020-2021 давом дода истодаанд.

Сол то сол шумораи толибилмоне, ки тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олӣ дохил мешаванд, зиёд шуда истодааст. Дар се соли охир коэффисиенти дохилшавандагони муассисаҳои олӣ аз рӯи квота зиёд шуда истодааст. Айни замон дар муассисаҳои олии кишар 83 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 44 нафар духтарон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Аз шумораи 1534/670 нафар хатмкунандагони синфи 11-и (дар соли 2020) муассисаҳои таълимии ноҳия 1184 нафарашон тибқи ММТ ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд. Аз ин шумора 702 (46,3%) нафар хатмкунандагон тибқи ММТ ба муассисаҳои олии кишвар дохил шудаанд.

Айни ҳол дар назди 43 муассисаи таълимӣ ва 4 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 917 нафар кӯдакони синни 5-6-сола Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст. Дар 4 муассисаи томактабии ноҳия 492 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар муассисаҳои томактабии ноҳия ба таълиму тарбияи кӯдакон 18 нафар мураббӣ бо маълумоти омӯзгорӣ фаъолият мекунанд.

Дар соли хониши 2019-2020-ум 342 нафар хонандагони синфҳои 7-11-и муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври сеюми олимпиадаи фаннии мактаббачагон (дар вилоят) роҳхат гирифтаанд. 9 нафар хонандагони синфҳои 9-11-и ноҳия ба даври чорум (ҷумҳуриявӣ) роҳхат гирифтаанд. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар Олимпиадаи вилоятӣ соҳиби 55 ҷой ва 6 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд. Маврид ба ёдоварист, ки 9 нафар хонандагони синфҳои 11-и ноҳия ба даври чорум (ҷумҳуриявӣ) роҳхат гирифта, 4 нафарашон соҳиби ҷойҳои 1-ум , 2-юм ва 3-юм гардидаанд. (Дар умум, 59 ҷой ва 6 ҷойи ифтихорӣ).

Мувофиқи нақшаи кори ХДНДСМ-и шуъбаи маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумии №№1, 8, 15, 19, 27, 29 ва 57-и ноҳия аз аттестатсия ва муассисаҳои таълимии №№14, 45, 49, 55 аз аккредитатсия дар асоси ҚҲЧТ аз 05.02.2003, №54 «Дар бораи қоидаҳои аз аттестатсия ва аккредитатсия гузаронидани муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуда, ба онҳо барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шудааст.

Дар асоси Нақшаи моҳи январи соли 2020 барои ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифтани омӯзгорону кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф 125 нафар (2 нафар дар донишкадаи ҷумҳуриявӣ) аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд, ки ин 110%-и нақшаи ҳаштмоҳаро ташкил медиҳад. Инчунин, 300 нафар омӯзгорони фанҳои гуногун аз курси салоҳиятнокӣ гузаштаанд.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон ҷиҳати амалӣ гаштани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5-уми феврали соли 2020, №АП-1339 дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як зумра корҳоро ба анҷом расонидааст. Мавриди зикр аст, ки дар 61 муассисаи таълимӣ бо иштироки омӯзгорон, хонандагон, мураббиён ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ озмун ҷамъбаст гардида, 310 нафар хонандагон, 4 нафар муррабиёни муассисаҳои томактабӣ, 6 нафар омӯзгорон ва 4 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ба даври дуюми ноҳиявӣ роҳхат гирифтаанд. Даври дуюми озмуни ноҳиявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» рӯзҳои 23-24-уми июли соли 2020 дар қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки 374 нафар баргузор гардидааст. Бояд гуфт, ки ба даври сеюми озмуни вилоятии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар панҷ номинатсия 32 нафар хонандагон, 6 нафар омӯзгорони муассисаҳои тахсилоти умумии ноҳия роҳхат гирифтаанд. Ду нафар — як нафар омӯзгор ва як нафар хонандаи муассисаи таълимии ноҳия ба даври ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифтаанд.

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон оид ба иҷрои нақша-чорабиниҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар мавриди пешгирии коронавируси «COVID-19» дар муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Пеш аз ҳама, нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳия оид ба пешгирии коронавируси «COVID-19» тартиб додаву барои иҷро ба муассисаҳои таълимии ноҳия ирсол карда шудааст. Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти томактабӣ барои қонеъ гардонидани талаботҳои безараргардонии синфхонаҳо, ошхонаҳо, ҳоҷатхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъомадӣ маводҳои хлордор таъмин буда, мақсаднок истифода мешаванд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти томактабӣ барои хонандагон барои шустани дастҳояшон собун, маҳлулҳои шӯянда ва дастшӯякҳо ташкил карда шудааст. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти томактабӣ бо шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия шартномаи тарафайн баста, чорабиниҳои безарагардониро ба роҳ мондаанд. Дар даромадгоҳҳои муассисаҳои таълимии ноҳия ва шуъбаи маориф латтаи хлордор ташкил карда шудааст. Нақшаи гузаронидани рӯзҳои санитарӣ (дар давраи таътил аз 27.04.2020 то 15.06.2020) дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти томактабӣ тартиб дода шуда, мавриди иҷро қарор гирифта истодааст. Оид ба пешгирӣ намудани бемории сирояти коронавирус (COVID-19) айни ҳол дар 61 муассисаи таълимӣ ва 4 муассисаи томактабии ноҳия хокаи хлор ба миқдори 346,4 кг барои қонеъ гардонидани талаботҳои безараргардонӣ захира карда шудааст.

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 ҷойи нишаст ва 1 китобхона дар назди МТМУ №14-и ҷамоати деҳоти Қизилкалъа, сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ барои 50 ҷойи нишаст дар назди МТМУ №54-и ҷамоати деҳоти С. Айнӣ, сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ барои 50 ҷойи нишаст дар назди МТМУ №30-и ҷамоати деҳоти Фахробод ва дар назди МТМУ №29 дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти С. Айнӣ бинои иловагӣ иборат аз 8 синфхона барои 192 ҷойи нишаст дар як баст бо манбаҳои ғайри буҷетӣ (БМИТ) сохтмонашон ба охир расидаааст. (Дар умум, 14 синфхона, 1 китобхона, 342 ҷойи нишаст).

Бояд гуфт, ки сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маориф аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи лоиҳавии 3,1 млн сомонӣ дар маркази шаҳраки Обикиик аз соли 2018 оғоз гардида, сохтмонаш идома дорад.

Мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон муҳтарам Олимҷон Шарифзода аз фаъолияти арзандаи маорифчиёни ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин изҳор дошт: “Аз вақте ки роҳбарии шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросонро бар уҳда дорам, дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос мекунам. Маҳз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф аст, ки ҳамасола дар кишвар биноҳои зиёди муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд ва шароити таълиму тарбияи хонандагон беш аз пеш хубтару сифатноктар мешавад. Мо — кормандони соҳаи маориф аз ин дастгириҳо руҳбаланд гардида, кӯшиш менамоем, ки фаъолиятамонро боз ҳам тақвият дода, дар рушди соҳа саҳми худро гузорем”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here