Зиндагии зебо он нест, ки рангоранг либос пӯшӣ.
Зиндагии зебо он нест, ки дар кушку қасрҳои дабдабанок умр ба сар барӣ.
Зиндагии зебо он аст, ки аз гузаштаи худ ёд куниву пушаймон нашавӣ.
Зиндагии зебо он аст, ки хештанро дарёбӣ.
Зиндагии афсонавӣ мебояд, то зикри номат ба некӣ равад.
Бояд чунон зиндагӣ намуд, ки аз паси тобутат душманат низ бигиряд.
ЭПИГРАФ
Зиндагӣ гузарову гузарост: рӯз — моҳ — сол… Оғози тирамоҳ ва оғози соли таҳсили нав. Ҳавои форами ба сарди моили тирамоҳ. Боғбоне шоду аз дидани самараи меҳнати худ хурсанд. Ба қавле, соле ҷавон шуда ва қабате гӯшт гирифтааст. Омӯзгоре бо шогирдони нав унс гирифта. Писари раҳдури модаре расида. Ду ошиқ, дақиқан, 23-юми сентябри соли 1970 роҳ ба сӯи аризанависӣ барои зиндагии оянда, бо чӣ изтиробе равонанд. Хурсандии онҳоро канор нест. Ҳар Шоҳу Маликаеро мемонанд! Ва баъди як моҳу як рӯз, санаи ҷашни висол гузошта шуд: 24 -уми октябри соли 1970…
ОҒОЗ
Нисфирӯзӣ. Занги телефон баланд мешавад:
-Қаҳрамоне пайдо шуд. Оилае, ки 50 сол бо ҳам зиндагӣ ба сар мебаранду боре бо ҳам аз рӯи нофаҳмӣ ҷанҷоле накардаанд…
-Боварам наояд! Агар рост аст, афсонавист!, — бидуни фикр садо мебарорам.
ИДОМА
Дунёи рангини кӯдакӣ. Диёри орзуҳо. Ӯ орзуи табиб шуданро дар дил мепарварид. Дар бозиҳо ҳамеша нақши духтурро мебозид. Ва ҷаҳд мекард орзуҳо дар амал татбиқ шаванд. Баъди хатми мактаби миёна, бо чӣ роҳе волидонро розӣ месозад ва бо аввалин парвоз аз Тошканд ба Душанбе меояд.
Саҳни Донишкадаи давлатии тиббӣ. Ҳаяҷон. Изтироб. Издиҳом. Хотири мушавваш. Ангораҳои гуногун. Чаҳор имтиҳонро ба хубӣ месупорад. Аз қабул шудани худ боварӣ дорад.
-Фозилова Қурбонгул, соли оянда оед.
-Чаро?
Кифт бар ҳам мекашад.
***
Соли дигар. Соли 1966. Ба факултаи донишгоҳи машҳур — факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳуҷҷат месупорад. Ин бор ҳам бо боварӣ. Бо тайёрии том ва дили пур. Аммо бо изтироби бештар: мисли соле қабл накунанд…
-Бо чаҳор баҳои панҷ, аз миёни 3 нафари нахуст ба донишгоҳ дохил шудам, — бо як эҳсос нақл мекунад. -Ва сардори гуруҳ будам,-илова намуд.
-Як соли таваққуф бо чӣ машғул шудед?
-Муаллима…
-Чӣ гуна?
-Чун мактабро бо баҳои аъло хатм намуда будам, маро ҳамчун муаллимаи синфҳои ибтидоӣ дар мактаби №44-и шаҳри Душанбе ба кор даъват карданд ва бо ҳамин оғоз шуд муаллимагӣ.
Баъд аз ин, муаллимаи фанни химия, биология, асосҳои истеҳсолот ва омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар Ишкошим ва маркази шаҳри Хоруғ, ҷонишини директори мактаби №19 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷанд ва ниҳоят дар шаҳри Душанбе, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №76, №24, №94 тӯли 46 сол, барои таълиму тарбияи насли наврас заҳмат мекашад.
— Муддати кутоҳе, ки дар Хоруғ фаъолият доштам, бо синфе афтодам, ки умуман тоҷикиро намедонанд. Аммо онҳоро омӯзондаам ва бар ин то ҳол худам ҳайронам.
***
РАВАНД
-Шиносоии шумо? — суол медиҳам ба ҳар ду қаҳрамони худ- Сиҷоуддин Фозилов ва Қурбонгул Фозилова, ки паҳлуи ҳам нишастаанд.
-Шиносоии мо дар хобгоҳ буд, — ҳар ду бо як садо изҳор доштанд ва Қурбонгул идома медиҳад, — чун мо бо духтари холаи ин кас дар як хобгоҳ будем, барои хабаргирии духтари холаашон омада, маро дидаанд…
-Дар он солҳо ба театр рафтан маъмул буд ва барои ошиқон муҳимтар…
Шумо мерафтед?
Сиҷоуддин: — Бале, мо мерафтем, аммо танҳо не, бо дугонаҳояш… (домони хандаро сар медиҳад).
Қурбонгул: — Рост, аммо баъзан мо билет мегирифтему баъзан ин кас,- ба шавҳараш ишора мекунад.
***
Ду рейси Парвоз. Гуруҳе донишомӯзон барои ба хонаи бахт гусел кардани ҳамсабақони худ, аз Душанбе ба ноҳияи Рашт мераванд. Деҳаро нишот фаро гирифта: -56 донишомӯз меҳмонани моянд, — вирди забони хурду калони сокинони раштонзамин.
Дар таърихи ноҳия, аввалин ҷашни висоли комсомолӣ аз онҳо буда, ки дар ангораҳои аҳли деҳа ба некӣ нақш бастааст.
Ва аввалин арӯси хонавода.
-Рӯзоҳи аввали баъди арӯсӣ?-суол медиҳам…
— Ман ягон ҳис накардам, ки дар хонаи бегонаам. Хушдоманам аз аввалин рӯз маро келин не, духтар пазируфт ва ман он касро «ача».
Баъди ҳафтае барои идомаи таҳсил ба пойтахт меоянд ва сарбаландона яке факултаи ҳуқуқшиносӣ ва дигарӣ ҳамчун химик донишгоҳро ба итмом мерасонанд. Аз ҷониби аҳли деҳа пешниҳод мешавад, ки «келини Шумо бигзор дар мактаб муаллима шавад ва барои дигарон мояи ибрат гардад, ки духтар ҳам хонда метавонад».
-Бигзор!, — модари хонавода розигӣ медиҳад.
***
РАҲОВАРД
Боре дар маҷлис ӯро муаррифӣ карданд: это жена начальник КГБ.
-Не, ман дар ин ҷо муаллимаи мактаби №19!, — эътироз мекунад.
***
Таклиф: ҷонишинии директорро ба гардан гиред!
-Масъулияти вазнин аст.
***
Пешниҳод: ба Шумо унвон додан лозим.
-Ба фалонӣ диҳед, ӯ аз ман беҳтар!
***
АВҶ
-Рост аст, ки боре бо ҳам ҷанг накардаед?
-Бале! Ман дар ҳаётам, на бо шогирдон, на бо ҳамсолон, на бо хешу табор ва ҳамсоягон ҷанг накардаам, чӣ ҳоҷат расад, ки бо оилаи худ.
-Омил?
-Аз оила аст. Мо дар оила ва деҳае калон шудем, ки дар он аз кӯдаки гаҳвора, то пиронсол ҳама ба якдигар «Шумо» гуфта муроҷиат мекунанд.
-Ба андешаи Шумо, сабаби оилаваронӣ аз чист?
-Эҳтироми ҳамдигарро надоштан, ба суханони якдигар гӯш надодан ва ҳамдигарро дарк карда натавонистан ва амсол аз ин мисолҳо боиси парокандагии оила мегардад.
-Устувории оила бештар ба кӣ вобаста аст: ба ҳамсар ё шавҳар?
-Ба ҳарду баробар, аммо аввал ба зан, баъд ба мард. Чун зан серталаб аст, назар ба мард чизи зиёд мехоҳад. Мард, ки ҳамаи талаботи занро бароварда натавонист, мешавад ҷанг ва оилавайроншавӣ. Кӯдакон, ки дар ин муҳит калон шуданд, оилаи солим сохта наметавонанд ва бо ҳамин, ҷомеа вайрон мешавад. Вале, чуноне ки гуфтам, ба мард ҳам вобаста аст ва баробарист.
-Хушбахтӣ чист?
-Ба орзуҳо расидан.
-Хушбахт кист?
-Ҳамонест, ки номаш ба некӣ монад.
-Соли фаромӯшнашаванда барои Шумо?
-Соли 1980. Чун баъди 10 сол аввалин писарам ба дунё омад. Имсол ӯ 40 сола шуд.
-Пеш аз он…
-Вақте аввалин фарзандам ба дунё омад, рӯзи беҳтарини ҳаётам буд, вале аҷобаташ дар он буд, ки падараш дар Минск буданд. Ва фарзанди дувумам ҳам ҳамин гуна. Аммо вақте аввалин писарам таваллуд шуд, шодии падараш ҳадду канор надошт ва аз ман низ.
-Рашк доред?
-Бале, бе ин намешавад. Аммо ба шавҳари худ боварӣ дорам.
-Чиро бад мебинед?
-Дар умум, беэҳтиромиро. Ва аз ҳама бештар беэҳтиромӣ нисбати шавҳарро.
-Чиро дӯст медоред?
-Кӯдаконро дӯст медорам. Мехостам духтури кӯдакон шавам, аммо тарбиятгарӣ кӯдакон шудам.
ҲИКМАТ
Омӯхтаам, ки бо пул метавон хона харид, вале ошёна на, метавон рахти хоб харид, вале хоб на, метавон соат харид, вале замон на, метавон мақом харид, вале эҳтиром на, метавон китоб харид, вале дониш на, метавон дору харид, вале саломатӣ на, метавон одам харид, вале дил на.
Чарли Чаплин
ЭПИЛОГ
Дар ҳалқаи фарзандону наберагон Қурбонгул шоду масрур аст. Ин ҳафта ҳафтаи ӯст. Ним асри зиндагии худро бо ифтихор ҳикоят мекунад. 24-уми октябр 50 соли пурра мешавад аз издивоҷи онҳо. Ва ҳам 26-уми ҳамин моҳ ҷашни милод дорад. Ин ду ҷашнро ба ӯ муборак мегӯем ва орзу дорем, ки як умр ин гуна хушҳол ва сарафроз бошад.
Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ