Дар мавриди соҳибмаълумот гардонидан ё нагардондани духтар андешаҳо гунонгун аст. Яке «биҳишти зан — кунҷи хона», дигаре «аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй» мегӯянд. Ба ин мазмун, ин мавзуи доғ гоҳо тақдирсозу баъзан тақдирсӯзи занону духтарон гардидааст.
Як рӯзи гарми тобистон буд. Ман субҳи барвақт барои хабаргирии хоҳарам рафтам, ки дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ буд. Баъд аз беморхона баромаданам, дар назди бинои он назарам ба як духтаре афтод, ки ғамгину маъюс болои хараке нишастааст. Ғамгинию маъюсиаш маро водор сохт, ки бо ӯ ҳамсуҳбат шавам. Баъди бо ӯ ҳамсуҳбат шуданам, дарёфтам, ки як ҷавондухтари 21-сола будааст. Аз сахтии зиндагӣ ба чунин дарду ранҷ гирифтор шудааст. Бо назари кунҷковона худам аз ҳаёти шахсии ӯ хабардор шудам. Дар аввал аз ҳаёти донишҷӯиям ба ӯ каме қисса кардам. Баъд аз чанд лаҳзаи хомӯшӣ оҳи сарде кашиду гуфт:
— Бале, хондан хеле хуб аст. Ман ҳам вақте ки мактаби миёнаро хатм кардам, орзу доштам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳ супорам. Аммо падару модарам розӣ нашуданд. Бо хоҳиши падару модарам оила барпо намудам. Чор сол аз хонадоршавиам гузашт, вале фарзанддор нашудам ва ҳоло фикрҳои гуногун маро ҳамеша азоб медиҳанд. Хушдоманам дар аввал бо ман муносибати хуб дошт, аммо баъди он ки фарзанддор нашудам, муносибаташ тағйир ёфт. Ҳоло бошад, ман худамро дар хонаи шавҳарам шахси бегона ҳисоб мекунам. Бо андешаҳои “дар тақдирам чизе навишта шудааст, ҳамонро мебинам” худро тасалло медиҳаму рӯзҳоямро гузаронида истодаам. Ва фикр мекунам, ки агар мехондам, шояд ба чунин рӯзҳо гирифтор намешудам. Чунки, агар диплом медоштам, муҳтоҷи касе намешудам ва худам метавонистам зиндагиамро пеш барам.
Ин буд фикру ақидаи як ҷавондухтар роҷеъ ба мавзӯе, ки мо пайгираш ҳастем.
Содиқов Аслан — ҷавонписари 23-сола мегӯяд, ки «барои духтар хондан он қадар муҳим нест. Духтар бояд пеш аз ҳама аз уҳдаи дӯхтан, хӯрокпазӣ ва корҳои хона баромада тавонад. Ӯ бояд хизмати хушдоману аҳли оилаи шавҳарашро ба ҷо орад. Шарт нест, ки ӯ кор кунаду “маълумоти олӣ дорам” гуфта, аз худ равад. Духтар бояд хонашин бошад».
Бар хилофи гуфтаҳои боло, муаллима Исабаева Адиба мегӯяд, ки таҳсил барои духтарон на танҳо манфиатовар аст, балки ҳатмист. Ӯ мегӯяд, ки вақте духтар соҳиби маълумот аст, метавонад модари намунавӣ барои фарзандонаш бошад.
— Дар давраи донишҷӯӣ духтар аллакай таҷриба мегирад ва барои бунёди оилаи солим омода мешавад. Диплом барои ӯ на танҳо дониш медиҳад, балки зиндагиро ба ӯ меомӯзонад. Ҳамаи душвориҳои донишҷӯӣ омодагӣ ба зиндагии мустақилона мебошад,- мегӯяд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Зоҳирова Аҳлинисо — як ҷавондухтари дигар зимни суҳбат бо мо гуфт, ки соҳибмаълумот шудани духтар маънои онро надорад, ки ӯ барои зиндагии мустақилона омода аст. Дар мадди аввал, духтар бояд дорои таълиму тарбияи хуб, одобу ахлоқи намунавӣ бошад, чунон ки мегӯянд, «олим шудан осон, одам шудан душвор».
Қурбонбеков Акнабек — як ҳамсуҳбати дигари мо чунин мегӯяд, ки вақте духтар шароити хондан дошта бошад, ӯ бояд ҳатман хонад. Вақте ки у мехонаду дар тӯли донишҷӯаш ҳам дониш мегирад ва ҳам таҷрибаи зиндагиро меомӯзад, ҳамаи пастию баландиҳои зиндагиро метавонад паси сар намояд.
Маҷнуни Баҳром — як ҳамсуҳбати дигари мо чунин қайд мекунад: “Ҳуқуқи зану мард бояд ҳамеша баробар бошад. Зан бояд соҳибилму соҳибмаърифат бошад. Гарчанде вазифаи мард таъмин кардани оила бошад, соҳибмаълумот будани зан ба таълиму тарбияи фарзанд нақши калидиеро дорад, ки ба воситаи он насли барои ҷомеа манфиатоварро тайёр мекунад”.
Ақидаҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки монеа шудан барои хондани ҷавондухтарон аз оилаи онҳо сар мезанад. Баъзе нафарҳо бар он ақидаанд, ки соҳибмаълумот будани зан метавонад дар оила ҷойгоҳи мардро танг кунад ва бо ҳамин сабаб намехоҳанд духтари хондагиро гиранд. Баъзе падару модарон ба хотири он, ки духтарашон бешавҳар намонад, боиси аз илму дониш дур шудани онҳо мегарданд. Ин гуна ақидаҳо ҳам ба ҷомеа таъсир мерасонад, ҳам зиндагии худи духтаронро месӯзонад. Дар ҳоле, ки дар ҷомеаи имрӯзи мо вазифаи падару модар пеш аз ҳама соҳибмаълумот намудани фарзанд ва баъд аз он ӯро ба роҳи ҳаёти мустақилона гусел намудан аст.
Хулоса, ин мавзуъ даҳсолаҳо роҳи ҳалли худро наёфта, то ҳол духтаронро дар дуроҳа гузоштааст. Аз ин мебарояд, ки одамон бояд дурандеш бошанду ба хулосаи дуруст оянд, то тавонанд роҳи дурусту бехатареро интихоб намоянд.
Дилрабои СОҲИБНАЗАР