Дӯстони азиз, бандаи ганда оид ба хатои дағали гузаштагон ё худ фазлфурӯшон ақидаи худро изҳор менамоям, ки гуфтаанд: “Хона нахар, ҳамсоя бихар”. Якум, хона надошта бошӣ, ҳамсоя аз куҷо? Дуюм, ҳамсояро харида, ба сарат мезанӣ? Биёед, ҳамаашро аз сар баён кунам.

Завҷаи мо дили кушод дорад. Ҳамсоягон ягон чиз пурсида оянд, одати не гуфтан надорад. Майлаш, савоб мешавад, лекин бурдан бурдану баргардонданаш, мегӯед, куҳи Қоф аст, ки аз ҷояш ҷунбонда наметавонед. Масалан, “косаи ҳамсоя ду по дорад” гуфтаанд, яъне як коса шӯрбо ба ҳамсоя додед, умедвор мешавед, ки ҳамон коса бо ягон таоми дигар бармегардад. Канӣ? Хуб, таомаш лозим нест, ҳамон коса ё табақ (табақи чорум аст ё панҷум?) баргардад, бас. Охир, мо корхонаи табақбарорӣ алҳол надорем. Боз мегӯянд, ки косаи ҳамсоя шикамро сер намекунад, муҳаббатро зиёд мекунад. Муҳаббатат зиёд шуда бошад, инсоф куну лоақал аз косаҳоямон дутоякашро баргардон! Ба ҳар ҳол тааммулу таҳаммул дорем, ки як рӯз не, як рӯз инсоф виҷдонро аз хоби гарон бедор мекунаду косаҳоямон бармегарданд.

Боре хостам, ки буттаҳои гулҳои ҳавлиямро ба тартиб дарорам, вале гулқайчӣ дар ҷояш набуд. Занакро пурсидам.

— Ҳамсоя бурда буд,- гуфт.

Ман барошуфтам:

— Чаро додӣ? Табару рандаамонро ҳам бурда, мана, ду сол мешавад, ки барнамегардонад…

Ҳамсари меҳрубони мо ба панду андарзи худ шуруъ кард:

— Каси ба умед ба дари хонаат омадаро ноумед накун гуфтаанд. Ҳаққи ҳамсоя аз ҳама баланд меистад. Ҳамсоя дар сари одам соя. Ҳамсоя аз ҳоли ҳамсоя ҳамавақт огоҳ бояд бошад. Дар он дунё аввал аз ҳамсоя мепурсанд…

Ман ҳам бо оташинӣ маърӯзаи тарбиявии ӯро буридам:

— Ӯ ҳамсояи мост, мо ҳамсояи ӯ нестем? Қарсак аз ду даст гуфтаанд. Бародари ман бошӣ, баробари ман бош. Рав, гулқайчиро биёр, ман ин рӯйи ҳавлиро ба тартиб дарорам. Табару рандаро ҳам фаромӯш макун.

— Намеравам. Ҳаққи худро хостан кам аз гадоӣ нест. Товон гирифтан убол аст,- абрӯвони занак поён шуда, бо итоб аз наздам дур шуд.

Бо ҳамон гизалагӣ рафтаму дарвозаи ҳамавақт бастаи ҳамсояро тақ-тақ кардам. Пас аз ду дақиқа даричаи паҳлуи дарвоза кушода шуду як зани барзангие намоён шуд, аз афташ, аз дарича намегунҷид, ки берун набаромаду бо рӯйи турш ва пешонаи чин бадхашмона “ҳа?” гуфт. Ман, ки аз ваҷоҳати ин зан худро гум карда будам, дар аввал забонам ба калима нагашт. Баъди маротибаи дуюм нидо кардани ин зани шабеҳи Ҳуртундев, ғурунгидам:

— Гулқайчӣ, табар, косаҳо ва… дар хонаи шумо буд…

— Чӣ?! Ту мастӣ ё девона? Ин ҷо мағоза нест.

Даричаи оҳанин тараққосзанон пӯшида шуд. Пиндоштам, ки чизе ба сарам фурӯ рафт. Шиб-шилта тар будам. Завҷаи андарзгӯям рост гуфта будааст: “Ҳаққи худро хостан кам аз гадоӣ нест”. Офарин ба дарюзачиҳо, ки ба чандин дару дарбача сар мехалонанд. Ҳа-а, дилу гурда даркор!

Акнун шумо тарафдори ман хоҳед шуд, ки мақолро дигар хоҳем кард, яъне “Ҳамсоя бихар” нею “Хона бихар!”. Тамом, вассалом!

Ҳаким АЛӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here