Манн барои аёдати модарам соле як ё ду маротиба меомадам. Ҳанӯз аз роҳи калон набаромадаю ба ҷониби хона нагашта модарам маро медид ва ҳамон лаҳза аз ҷояш мехесту ҷониби ман медавид. Ман бошам ин корро намекардам. Баръакс, оҳиста, бо мағрурию ҳавобаландӣ ва калонгирӣ роҳ мерафтам. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ӯ то 10-15 қадам то ман расидан оғӯшашро калон мекушод ва маро ба оғӯш гирифтанӣ мешуд.

О…о…о… Мани беақл! Мани худхоҳ, худпараст! Худбин, худнамо! Дастони ӯро медоштам ва намегузоштам, ки маро ба оғӯшаш гирад, кӯдаквор бибӯсад. Ӯ зорӣ мекард. «Ман айб аст», «айб аст» мегуфтам.

— «Э, мон андаке бӯят бикашам» — илтиҷо мекард. Ман намемондам, — ҳатто баъди он ки ӯ хеле озурда мешуд, чунин имконро намедодам.

 

Э…э…э… мани бераҳм, беинсоф, бешафқат! Мани бефаҳм, бефаросат! Маро «Ҳайфи ту!» гуфтан кам аст, бисёр кам! Охир, ӯ сина бар хок молида роҳи маро мепоид, интизорам мешуд ва орзуи чун як тифл ба оғӯш гирифтану бӯсаборон намуданамро мекард.

Чун дар хона ё рӯйи кату суфа менишастем, ӯ аз таги рӯям менигаристу менигарист. Ин чиз он қадар писандам намеомаду норозиёна мепурсидам:

— Чаро ин қадар нигоҳ мекунед?

— Аз рӯят андаке сер шавам мегӯям-да бачаҷон, — бо меҳрубонӣ сарамро сила карда ҷавоб медод.

Ин тарзи гуфтору рафтор боз ҳам бештар маъқулам намешуд. Барои чӣ? Намедонам. Аммо бо ақли имрӯзаам чунин андеша мекунам: Шояд барои он ки ман худро калон мепиндоштаму ӯ маро чун кӯдак тасаввур мекард. Шояд ман аллакай гирифтори такаббур будам ва ба худ аз рӯйи дарозии сояам баҳо медодам.

Эҳ…, фарзандон… Набераю аберагони ман… Модар аз таги рӯям бо меҳр менигаристу менигарист. Аммо ман бефарқ, беғам, бепарво ва як андоза намоишкорона худро андармони газетхонӣ мекардам. Аммо мани он замон беандеша дар ин синну сол нав сарфаҳм рафтам, ки агар фарзанд садсола ҳам бошад, барои модараш ҳамон тифлаки «тай-тай по-по» аст.

Намедонам чӣ одате доштам, ки бо ӯ нарм ва ширину форам сухан намегуфтам. Агар мегуфтам, худ нахоста суханам дағал, дурушт ва бо оҳанги ситеза мебаромад. Аммо ӯ намеранҷид. Инро хислати хоси ман мегуфт.

Тақрибан аз 60-солагиам то имрӯз, ки шукр, дар синни 70 ҳастам, андеша мекунаму аз худ мепурсам: «Чаро ман намегузоштам, ки модарам маро ба оғӯш бигирад, бӯса кунад, ба қавли худаш «бӯям кашад?». «Чаро манн бо ӯ чун як ҷигарбандаш, чун пораи дилаш гап намезадам?». Бовар кунед, ҳеҷ сарфаҳм намерафтам, то кунун сарфаҳм намеравам. Магар аз мағруриям буд ё аз шуҳратзадагиам? Инро ҳам намедонам. Аммо медонам, ки садҳо карат пушаймонам. Аммочӣ суд аз ин пушаймониҳо? Дилам месӯзад, хотирам ошуфта мешавад. Чӣ суд аз ин? Чӣ суд аз он ки номи яке аз набераҳоямро бо номи ӯ гузоштаам? Чӣ суд аз он ки ному сураташро дар китобҳоям ҷой додаам?

Бале. Ҳамаи инро кардаам. Аммо аз ин кардаҳо дилам тар нашуд, хотирам ҷамъ нагашт. Аз ин рӯ сазовори кирдорам ин мисраҳои шоирро чун ҷазо ба худ гуфтам:

Мисли Модар ғамгусоре ман надорам, войи ман,

Мисли Модар нозбардоре надорам, войи ман.

Оре! Сад бор, ҳазор бор войи ман. Аммо чӣ фоида? Биноан, боз кӯшиши дигаре дорам. Яъне, ба хотири модарам ва ба хотири ҳамаи модарон ба шумо наберагону аберагони азиз муроҷиат мекунам ва таъкид менамоям ки:

— Фарзанд дар сад ҳам бошад, барои волидайнаш, махсусан барои модараш ҳамон кӯдаки тай-тай по-по аст. Ҳамон кӯдакест, ки нонро «нана» мегӯяду обро «папа», шириниро бошад «кака». Барои ҳамин ҳам шумо ҳаргиз хатои кардаи маро такрор накунед. Бо модаратон ширингуфтору хушмуомила бошед. Ҳатто агар панҷоҳ ё шастсолаед, шарм накарда, сар ба зонуҳояш гузоред. Имконият диҳед, ки саратонро чун дар замони тифлиатон сила кунад, бӯсаборонатон намояд ва бӯятон кашад. Ӯ аз ин албатта шоду фараҳманд мегардад ва бовар кунед, умраш дарозтар мешавад. Ин чиз барои хушбахтару дарозумртар шудани худи шумо ҳам мадад мерасонад.

Имрӯз бузургсолам, килк дорам ба даст.

Даҳ дорам ба синни хеш, бар заммаш шаст,

Бо гуфтани назму қиссаҳо бар ёдат,

Сӯзам Модар, намешавад биллоҳ паст.

 

ҲАСАН ЮСУФИ ФАЙЗБАХШ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here