— Ало, ҳа, бачаҷон, барои чӣ боз овозат хиррӣ, боз гулӯят дард кард-мӣ, боз оби хунук нӯшидӣ-а?

— Не, буваҷон, ба назаратон, ҳамааш нағз, хавотир нашавед,- гуфта тасаллӣ бахшидам.

— Занг занам, бардор-дия телефони сабилмондая, агар набардорӣ, дилам ба кадом кӯчаҳое намеравад. Аз пушти коронавирус ҳар рӯз ҳар хел хабарҳо мешунавам. Душанбе тинҷӣ бошад-мӣ? Бачам, илтимос, беҳуда ба кӯча набаро, ҳозир дар куҷо ту,- аз овозаш фаҳмидам, ки модарам хавотиравзо, ӯро ором карда, гуфтам:

— Дар китобхонаи хобгоҳ, буваҷон, зиқ нашавед, ҳама ҷо тинҷӣ, ба ҳама гап бовар накунед, мо аз хобгоҳ ба кӯча намебароем.

Ин охирон суҳбати телефонии ману модарам пеш аз таътили ногаҳонии донишҷӯён буд. Ҷавоб шудан замоно тараддуди Хуҷанд рафтан кардам. Бе ин ҳам, волидонам, ки каминаи яккаписарро «бачаи кенҷагӣ» гуфта, расо эрка мекарданд, исрор намуданд, ки ҳарчи тезтар ба хона баргардам. Ҳамакнун боз дар хонаам.

— Бачам, ту омадию хона пур-пур шуд,- дар осмони ҳафтум буд модарам.

Коронавируси зормонда ба дили модарони ҷигарсӯхта, ки бе ин ҳам аз дарди ҷудоии фарзанд абгор шудааст, ғаму кулфати дигареро барангехт. Ҳамсояаамон холаи Бибираҳима маро дар кӯча дида, дил холӣ кард: «Ҳа, писарам, омадӣ-мӣ? Шуморо ҳам ҷавоб доданд-мӣ? Ин вабо кай адо мешуда бошад!? Акоятба занг задам. Мегӯяд, ки «кай рафтанам маълум нест». Эҳ, Худоҷон, кай омада худаш сари ин 3 бачаи гул баринаша сила мекарда бошад?». Беихтиёр аз чашмони хола ашк шорида ба пушти  ниқобаш фуромад. Чӣ гуфтанамро надониста, лол мондам ва банохост аз забонам ин гап баромад: «Холаҷон, ғам нахӯред, имшаб хонаатон меравам, «имо» қатӣ афти писаратонро дида гап мезанеду аз вай як қадар сер мешавед».

— Ҳа, биё, бачам, майлаш, ман поида мешинам,- аз дили вулқонии ӯ сели ғаму кулфат мехест.

Шопенгауер гуфтааст, ки «ҳар видое мазаи марг дорад ва ҳар дидоре мазаи эҳё». Модарон ин нуктаро нағзтар мефаҳманд.

Ҳамсинфам Муҳаммадҷон маро дар кӯча диду ба гап даромад. Ба чақ-чақи мо қариб ним соат нашуда, телефони ҳамсуҳбатам ҷаррангос зад: «Ҳа бува, дар ҳамин наздикиҳо, ҳозир мерам. На дар хона, на дар кӯча мемонед, ман ҳам одам…»,- бо зарда ба гапи модараш посух гардонд. Ҳайрон мондам, ки наход ба лутфи модараш чунин беҳурматона ҷавоб диҳад. Насиҳат кардани ҳамсоли худро ноҷо гумон карда, хап истодам. «Он кӣ ҳама чизро дорад, аз ҳеҷ чиз лаззат намебарад» гуфтани гапро нағзакак фаҳмидам.

«Аз зан метавон пурсид, ки чаро мегиряд, аммо ҳаргиз набояд пурсид, ки чаро гириста буд: ӯ инро ёд надорад»,- мегӯянд бузургон.

Ҳамсояамон холаи Муҳаррамро дар пеши банкомати «Амонатбонк» дидам. Навбат зиёд буд. Аз афташ мадори ба по истоданро надошт, ки болои сумкааш нишаста, навбат мепоид. Аз байни онҳо касе овоз баланд кард: «Уфф, ин банкомат мудом пул надорад». Аз банкомати «Душанбе-сити» маблағи лозимиро гирифта рафтанӣ будам, ки холаи Муҳаррам аз дастам дошт: «Писарам, шумо-мӣ, ба ин маскатон нашинохтам. Як бор картаи маро бинед-чӣ, пенса шудагию ин банкомати сабила пулаш набудаст, мумкин дар инаш бошад». «Картаатон ба ин намешавад» нагуфтаму барои дилаш шуда санҷида дидам. Гирифта нашуд. Холаи Муҳаррам сумкаашро гирифта, «як бор дигар банкомата бинам-чӣ» гӯён, майда-майда қадам партофта рафт.

«Азоби ин кампир сахт, чунки ягона писарашро бой дода буд. Бечора дар ин шабонарӯз, ки беморӣ ҷӯшу хурӯш дорад, ба кӯча набарояд ҳам, намешавад-дия. Ба он кас кӯмак накардӣ?! Худоҷон, ба бечорагон раҳм кун»,- гуфта оҳ кашид модарам.

Вақте дар Душанбе будам, модарам муноҷоти устод Фарзонаро, ки сароянда Шермуҳаммад Шерматов бо шогирдонаш хондааст, гӯш карда, гиряаш омадааст. Хусусан, ҳангоми шунидани ин байт:

Ман ин ҷову ҷигарбанди ман он ҷост,

Ту ин ҷорову он ҷоро нигаҳ дор.

«Он чизе, ки харҷ надораду аммо бисёр баланд қадрдонӣ мешавад, меҳрубонӣ аст»,- гуфтааст бузурге. Ҳозир айни вақт аст, ки нисбат ба ҳамдигар харҷи бемаҳдуди меҳрубонӣ намоем ва барои ҳамдигар сипар шавем. Бо ин роҳ коронавирусро мағлуб карда метавонем…

Файзуллохон ОБИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here