Гиря кардам, аммо гиряи хомӯшу бесадо, зеро мехостам касе гиряамро нашунавад. Гиря кардам, аммо ашкамро касе надид, зеро ашке нарехта будам, ки касе бинад. Гиря кардам, аз гиряам оҳанги ҷудоӣ, бевафоӣ ва хиёнат меомад. Зеро дар дунёи фонӣ касе мунису ғамхор ва дӯсти ҷонӣ нашуд дар ҳаётам. Гиря кардам, то тамоми ғаму андуҳи диламро аз худ дур намоям, аммо нашуд, ки нашуд. Зеро хиёнати дӯсту ҷудоии ёри маҳбуб ва бевафоии замона оромам намегузошт.

Бо лабханд ба ҳама сухан гуфтаму хандидам, аммо дар дил гиря мекардам. Охир, ин ҳама бераҳмии атрофиёнам доғе дар дилам ниҳода буданд.

Дилам хун буд, пинҳон гиря кардам,

Лабонам баста, хандон гиря кардам.

Барои он ки ашкамро набинанд,

Ҳамеша зери борон гиря кардам.

Бисёриҳо мегӯянд: «Чаро механдӣ? Бигӯ, мо ҳам бихандем». Аммо касе намегӯяд, ки «чаро гиря мекунӣ? Бигӯ, мо ҳам бигирйем». Зеро ҳама хандаро дӯст медоранд, мехоҳанд ҳамеша ханданд, лекин касе намехоҳад дар ғами каси дигаре шарик шавад, балки ӯро бо тақдираш танҳо мемонанду раҳояш мекунанд, касе дасташро намегирад.

Гиря кардам, аз гиряам ғаму ҳасрату афсӯсҳои замона меомад, зеро чунон бераҳм шудааст, ки дӯстро душманат мегардонад, ёратро аз дастат мераҳонад, ашкатро ҳамеша мерезонад.

Қурбоной МУҚУМОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here