Роҳбарият ва кормандони “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, дарвозаи ҳавоии шимоли Тоҷикистон, ба ободониву бунёдкорӣ аҳамияти хосса дода, шароити хуб, бехатарӣ ва хизматрасонии муосирро ба мусофирону ширкатҳои ҳавопаймоӣ вазифаи аввалиндараҷаи худ медонанд. Бо роҳбарии Қурбони Алимардон, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯйи навоварӣ аст, рӯз аз рӯз корҳои ободонӣ вусъат гирифта, ҳар гӯшаи фурудгоҳ азнавсозӣ гардида, ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шуда истодаанд.

Роҳбарияти фурудгоҳ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии дохиливу хориҷӣ ва ба ин васила ба мусофирони онҳо хизматрасонии сатҳи баланд пешниҳод намояд. Бо ин мақсад, вобаста ба шароит техникаву технолигияи наву муосир харидорӣ ва насб мегардад. Ҳамин тавр, давоми нуҳ моҳи соли 2017 барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба тайёраҳо 1 адад тягачи махсус барои кашидани ҳавопаймо, 11 адад нақлиёти махсус, 15 адад равонакҳои бағоҷкашон ва 100 адад аробачаҳои замонавӣ харида шуданд.

Ҳамчунин барои осон намудани ҳаракати тайёраҳои ҳаҷмашон гуногун дар фурудгоҳ ва бехатарии онҳо хати парвозу нишасти фурудгоҳ то 3200 метр ва қисми кориаш аз 2620 то ба 2908 метр расонида шуда, аз рӯйи лоиҳа 10 адад таваққуфгоҳи ҳавопаймо сохта шуд.

Бо заҳмати шабонарӯзӣ ва софдилонаи кормандон, роҳи нави протоколӣ бо масоҳати 300х13 барои меҳмонони олиқадр сохта шуда, атрофи роҳ бо гулҳои гуногун, шиору овезаҳо ороиш дода шуд. Дар ду тарафи роҳи нави протоколӣ чароғҳои шабафрӯз васлу насб карда шудаанд, ки дар вақти шабона минтақаи мазкурро равшан мегардонанд.

Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 4022м2-и роҳравҳо ва саҳни биноҳо нав карда шуда, бо масолеҳи тахтасафол зебо гардонида шудааст.
Аз моҳи феврали соли 2016 то инҷониб якчанд бинову иншоотҳои фурудгоҳ, аз ҷумла толори вакилони расмӣ, бинои маъмурият, толори маҷлисгоҳ, тарабхонаи «Ҷавонон» ва дигар иншоотҳо пурра навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз ва бо ашёи муосир таъмин гардонида шуданд.

Бинои маъмурияти фурудгоҳ пурра азнавсозӣ шуда, боми бино пурра аз нав сохта шуда, намои бино бо масолеҳи алкопон ороиш дода шудааст. Айни замон дар ошёнаи сеюми бинои маъмурият корҳои таъмиру ороишӣ бо суръат идома доранд.

Толори маҷлисгоҳи фурудгоҳ, ки зиёда аз 40 сол таъмири пурраро надида, шифту фарши он корношоям гардида буд, пурра навсозӣ шуда, бо курсиҳои замонавӣ, фарши гарм ва дигар таҷҳизоти замонавии зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бино бар эълон гардидани соли 2017 чун “Соли ҷавонон” ба толори нави фурудгоҳ «Толори ҷавонон» ном гузоштаанд.

Ҳамчунин бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи роҳбарияти фурудгоҳ дар радифи корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ биное, ки дар шафати толори вакилони расмӣ солиёни зиёд бекор мехобид, таҷдиду азнавсозӣ гардида, ба ифтихори “Соли ҷавонон” тарабхонаи“Ҷавонон”номгузорӣ карда шуд.

Истгоҳи нақлиёт, ки пештар ба соҳибкорони инфиродӣ иҷора дода мешуд, ба тавозуни фурудгоҳ бозгардонида шуда, масоҳати 3510 метри квадратии он бо сарфи 501 тонна асфалт асфалтпӯш карда шуд, ки ба мизоҷони фурудгоҳ имконият медиҳад, нақлиёти худро бе ягон ташвишу хавотирӣ гузоранду аз паси пешвозу гусели пайвандону наздикон ва меҳмононашон шаванд.

Роҳбарияту ҳайати кормандони фурудгоҳ баробари ободу зебо гардонидани биною роҳҳо ва гулгаштҳои назди он ба бехатарӣ ва осон кардани низоми парвозу нишасти тайёраҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Аз 5-уми сентябр дар аэродроми ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» таҷҳизоти нави рӯшноидиҳӣ ва огоҳкунӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Таҷҳизоти мазкур мутобиқ ба талаботи дараҷаи 1-уми ИКАО (Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ) буда, имкон медиҳад, ки фурудоӣ ва парвози ҳавопаймоҳо дар аэродроми фурудгоҳи Хуҷанд дар вақти шабона дар сатҳи баланд анҷом шавад. Васлу насби чароғҳои шуояшон баланд дар хати парвозу фурудоии аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми фурудгоҳи Хуҷанд» амалӣ гардида, корҳо дар ҳамдастӣ бо ширкати русиягии «Радар Га» бо тариқи тендер ва дар асоси шартномаи дуҷониба аз 20-уми майи соли 2016 оғоз гардида, санаи 1-уми июни соли 2017 ба итмом расонида шудаанд.

Айни замон корҳои сохтмонию васлкунии бинои нави аэровокзали фурудгоҳ аз ҳисоби маблағҳои худии фурудгоҳ амалӣ шуда истодаанд. Аэровокзали нав баъд аз ба истифода додан метавонад дар як соат ба 400 мусофир хизмат расонад.

Мутобиқи лоиҳаи сохтмонӣ бинои мавҷудаи аэровокзал ба 30х64 метр аз тарафи пеш ва 36х64 аз тарафи перрон васеъ карда шуда, тахминан 14 метр баландӣ хоҳад дошт. Мутобиқи лоиҳа аз ду кунҷи тарафи перрон ду галерея бо дарозии 12 метр ва 4 зинаи телескопӣ барои ҳавопаймоҳои калонҳаҷм, ба монанди «Аэробус А320» ва «Боинг 767-300» васл карда мешавад.

Ҳудуди фурудгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранг зебо гардонида шудаанд, ки боварӣ дорем мусофирон ҳангоми интизорӣ аз сайри гулгаштҳо ҳаловат мебаранд.

Натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи пурсамари “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” баёнгари ҷидду ҷаҳди роҳбарият ва хизмати софдилонаи ҳайати кормандони онанд, ки бархе натиҷаҳои назарраси онро дар зер манзур менамоем:

Давоми нуҳ моҳи соли равон “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ба 8 ширкати ҳавопаймоӣ — 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ (Tajik Air ва Somon Air) ва 6 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ («Сибирь», «Уральские авиалинии»,“China southern airlines”, «Nord Star», «Глобус», «Ют Эйр») хизматрасонӣ намудааст.

Дар ин давра шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонӣ шуда — 1747 ададро дар бар мегирад. Дар 9 моҳи соли 2016 — 1787 адад (нисбати соли гузашта 40 хатсайр кам)-ро ташкил медод.

Шумораи умумии мусофирони қабулу гуселшуда — 421407 (нисбати соли гузашта 27535 нафар ё 7% зиёд)-ро дар бар мегирад. Дар соли гузашта ин нишондод 393872 нафарро ташкил додааст.

Миқдори бору бағоҷи интиқолшуда — 312,2 тонна (дар соли 2016 — 197,8 тонна)-ро ташкил дода, нисбати соли гузашта 114,4 тонна зиёд мебошад.

Миқдори хатсайрҳои маҳаллӣ — 266 адад (дар 9-моҳаи соли 2016-244 адад.)-ро дар бар гирифта, нисбати соли гузашта 22 адад зиёд шудааст.

Шумораи мусофирони хатсайрҳои маҳаллӣ — 50100 нафар. Нисбати нуҳмоҳаи соли гузашта 21000 нафар ё 72,2% зиёд мебошад. (Дар ҳамин давраи соли гузашта — 29100 нафарро ташкил додааст.)

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ фурудгоҳ ба буҷет ба маблағи 25 миллиону 458 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардааст, ки нисбати соли гузашта 7 миллиону 107 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 38,7% зиёд мебошад. Дар ҳамин давраи соли гузашта фурудгоҳ ба буҷет ба маблағи 18 миллиону 351 ҳазор сомонӣ андоз пардохт намуда буд.

Пардохти дивиденд ба буҷет 1 миллиону 450 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбати соли гузашта 450 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 45% зиёд аст. (Дар ҳамин давраи соли гузашта 1 миллион сомониро ташкил дода буд.)

Пардохтҳои гумрукӣ — 2 миллиону 872 ҳазор сомонӣ, ки нисбати соли гузашта 1 миллиону 512 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. (Дар ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 360 ҳазор сомониро ташкил дода буд.)

Музди меҳнати миёнаи кормандон аз 2097 сомонии соли гузашта то 2254 сомонӣ боло бардошта шудааст, ки нисбати соли гузашта 157 сомонӣ зиёд мебошад.

Парвиз АМИНЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here