Асри ХХI-ро асри информатика ва технологияи компютерӣ меноманд. Дар ин аср техникаву технология бо суръати баланд инкишоф ёфта, бисёр мушкилиҳои ҷомеаро бартараф кард. Мардум барои осонии кор — гирифтани иттилооти хуб ва истироҳати бофароғат аз онҳо истифода мебаранд.

Якумин телефони мобилӣ аз тарафи ширкати «Моторола» сохта шудааст, ки вазнаш 1,15 кг ва арзишаш 3995 доллари амрикоиро ташкил медод. Имрӯзҳо намудҳои телефони мобилӣ бениҳоят зиёд мебошанд, ки аз рӯи имкониятҳояшон метавон бо онҳо гуфтугӯ намуда, паёмак фиристод ва инчунин аз интернет низ истифода бурд.

Телефони мобилӣ ҳам усули корбарии мусбат ва ҳам манфии худро дорад. Дар замонҳои пеш барои як хабарро ба касе расонидан ё барои аз аҳволи касе бохабар шудан инсоният садҳо километрро бояд тай менамуд, аммо ҳоло бо воситаи телефон мо метавонем аз ҷои худ ҳаракат накарда, паёмакҳо фиристонем ва бо дӯстону хешовандони худ, ки аз мо дур ҳастанд, суҳбат намуда, аз аҳволи онҳо бохабар гардем. Инчунин, мо метавонем бо истифода аз интернет аз тамоми навгониҳо, хабарҳо ва ҳодисаҳои рӯйи ҷаҳон бохабар гардем.

Аммо чуноне ки қайд карда будем, илова бар усули корбарии мусбат доштанаш, телефони мобилӣ ҷиҳатҳои манфӣ низ дорад. Аз истифодаи беҳади он бояд худдорӣ намуд, зеро ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад.

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин нодуруст истифода бурдани телефони мобилӣ мебошад. Истифодабарии телефонҳои мобилӣ дар байни одамон як кори одӣ ба ҳисоб рафта, ҳатто байни кӯдакону занони ҳомиладор низ муошират тавассути он аён ба назар мерасад. Мутаассифона, қисме аз оилаҳо аз зарари истифодаи телефони мобилӣ бехабар буда ва қисми дигар агар огаҳӣ ҳам дошта бошанд, одат карда, тез-тез ва бемаврид аз он истифода мебаранд.

Таъсирҳои манфии телефони мобилӣ:

— паст шудани қобилияти корӣ;

— зуд хаста шудан;

— заиф шудани хотира;

— камхобӣ;

— парешонхотирӣ;

— саратони мағзи сар.

Таъсири телефони мобилӣ ба чашм низ мушоҳида мешавад, ки зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ ба хирашавии чашм ва пастшавии биноии он оварда мерасонад. Телефонҳои мобилӣ ба системаи дил ва рагҳои хунгард низ зарари худро мерасонанд.

Барои занони ҳомиладор аз ҳар ҷиҳат истифодаи чунин телефонҳо зараровар буда, кӯдаки дар батн буда аз таъсири зиёди радиатсия метавонад ба нуқсонҳои ҷисмонӣ мубтало шавад.

Саломатии ҳар як инсон маҳз дар дасти худи ӯст. Агар мо аз телефонҳои мобилӣ дуруст истифода барем, қоида ва меъёрҳои муайяни истифодабарии онро риоя намоем, метавонем аз зарарҳои он эмин бошем.

Мо бояд бе зарурат телефони мобилиро истифода набарем, ҳангоми хоб рафтан онро дар ягон ҷойи аз худ дуртар гузорем ва дар ҷайбамон гирифта нагардем.

Маҳинабону ХОҶАЕВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here