Ҳар як инсон дар зиндагӣ вазифадор аст, ки фарзандони хубу солеҳро ба камол расонад. Албатта, ҳамаи волидон ҳамеша мекӯшанд, ки фарзандони онҳо хушодобу хушахлоқ ба воя расанд. Бисёр мебояд аз гуфтаҳои бузургони хирад мутолиа кард, омӯхт, зеро ақли солим ҳамеша аз ин гуна панду андарзҳо руҳи тоза мегирад, ба ҳаёти солим равона месозад, соҳибобрӯ мегардонад.

Фарзанде, ки дар руҳияи озодандешиву поктинатӣ тарбия ёфтааст, бевосита сазовори обрӯю эътибори муҳиту волидони хеш мешавад, зеро ӯ аллакай ба тақдиру камолот ва ба сарбаландии хеш сазовор гардида, такдирсози хеш гаштааст. Аммо фарзандони бад акси ҳолатҳои дар боло зикршударо аз сар гузаронида, обрӯву эътибори худро дар назди наздикону ҷомеа аз даст медиҳанд.

Тарбияи оилавӣ кори муҳим буда, аз волидайн ҷиддият ва масъулияти бузургро талаб мекунад. Вазифаи падару модар, ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои ахлоқи накӯ ва ба ҷомеа нафърасон мебошад. Ишора бар он аст, ки аз фарзанди нек ҷомеа манфиат меёбад ва аз фарзанди бад ҷомеа нуқс мегирад.

Тарбияи оилавӣ, ки онро машъали тарбия гӯянд, ба ахлоқи инсонӣ асос шуда, дигар ҷузъҳои таркибии тарбия аз он сарчашма мегиранд. Фарзанд маҳсули оила асту тарбияаш аз хонадон ва панди падару модар, инчунин аз муҳити маънавӣ маншаъ мегирад. Падару модар вазифадоранд, ки на танҳо ба қонеъгардонии талаботи моддии кӯдак аҳамият диҳанд, балки муҳимтар аз ҳама, тарбияи маънавӣ, маърифатӣ ва ахлоқии ӯро то ҳадди зарурӣ дуруст ба роҳ монанд.

Масъалаи тарбияи маънавӣ баъд аз оила бар дӯши муассисаҳои таълимӣ афтида, он тадриҷан мураккабтар мегардад. Дар ин марҳила волидайнро мебояд дар ҳамкории зич бо мактаб фарзандро ба омӯхтани илму маърифат ҳидоят намоянд. Тавре маълум аст, давраҳои бачагӣ, наврасӣ ва ҷавонии инсон асосан дар оила мегузаранд. Аз ин хотир, падару модар ва калонсолони хонаро зарур аст, то ки вижагиҳои тағйироти синнусолии фарзандонро ҳис карда, ба имкониятҳои онҳо такя кунанд ва барои муътадил ҷорӣ шудани ташаккули шахсияташон ғамхорӣ намоянд.

Қобилияти эҷодии кӯдакро пайхас намуда, ҳамзамон дар айёми наврасӣ, ки давраи басо ҳассос аст, ба онҳо аҳамият дода, бо киҳо рафту омад, рафиқӣ ва муносибат доштанашро зери назорат бояд гирифт. Ҳангоми ошкор шудани муносибати наврас бо рафиқони бадкирдор ва майл пайдо кардани ӯ ба одатҳои зараровар, бидуни фишороварию таҳдидҳои сахту нораво, ба хотири сар назадани муноқиша ва зиддият бо ӯ, то қадри тавон аз тобоварӣ, таҳаммулпазирӣ, худдорӣ ва муросо бояд истифода кард.

Ҳамчуноне ки барои падару модар касбу ҳунар ва одоби ҳамидаи фарзанд мояи ифтихор аст, ҳамин гуна тамоми паҳлуҳои зиндагӣ ва фаъолияти ибратомӯзи падару модар ҳам барои фарзанд мояи ифтихор бояд бошад.

Бемасъулиятии волидон ҳам ба тарбияи фарзандон таъсири бад мерасонад. Фориғболии падару модар метавонад ба донишандӯзӣ, аз худ кардани таҷрибаҳои ҳаётӣ ва нисбат ба дигар тарафҳои зиндагӣ малакаю маҳорат пайдо кардани фарзандон монеа эҷод карда, боиси ба амалҳои ношоиста даст задани онҳо шавад.

Бузурге барҳақ фармудааст:

Фарзанди нағз — боғи падар,

Фарзанди бад — доғи падар.

Хайрулло САФАРОВ,

омӯзгори МТМУ №41-и н.Шоҳмансури ш.Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here