Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо технологияи навин бошиддат вусъат ёфта, саросари ҷаҳонро бо техникаи пуриқтидори худ фаро гирифтааст. Ин омил баҳри густариш ва омӯзиши илмҳои муосир мададрасон буда, инчунин дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату миллат саҳмгузор аст. Ҳамин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби олимони ҷаҳон техникаҳои мухталифи манфиатовар ихтироъ карда мешаванд. Телефони мобилӣ аз ҷумлаи дастгоҳҳои баландиқтидори даҳсолаи охир буда, воситаи муошират миёни одамон ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон дар зарфи пойдории истиқлолият ба пешравиҳои ҳадафрас ноил гардид. Дар ин даврон дастрасӣ ба телефони мобилӣ осон гардида, робитаи байни шаҳрвандон ва инчунин тоҷикони бурунмарзиро низ беҳтар намуд. Ин техникаи пуриқтидори аср ба мо имкон медиҳад, ки бо пайвандону дӯстон дар саросари дунё дар тамос бошем.

Телефони мобилӣ меъёри истифодаи худро дорад, аммо баъзан аз ҷониби шаҳрвандон риоя намегардад. Мутобиқи тадқиқоти олимони тиб, дар як шабонарӯз на зиёда аз 5-6 дақиқа муошират намудан бо телефони мобилӣ тавсия дода мешавад. Инчунин, тавре қайд менамоянд, шахсе, ки дар давоми рӯз зиёда аз 2 дақиқа бо телефони мобилӣ суҳбат мекунад, ҳатман бояд ба табиби соҳавӣ муроҷиат намояд, зеро ҳангоми суҳбат бо телефони ҳамроҳ мавҷҳои физикии зараррасон ба садопардаҳои узви шунавоӣ ва тамоми аъзои инсон зарари худро мерасонанд. Мутахассисони соҳаи тиб ҳамчунин мегӯянд, ки истифодаи аз меъёр зиёди телефони мобилӣ ба саломатӣ зарар дошта, фоизи гирифтор шудан ба бемории саратонро меафзояд. Ба ин нукта ассистенти кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ Сатторов Далер равшанӣ андохта, чунин қайд намуд: “Меъёри зиёди истифодаи телефони ҳамроҳ хатари гирифтор шудан ба бемории саратонро афзуда, қобилияти дифоии бадани инсонро кам карда, дар натиҷа ба ҳар гуна беморӣ гирифтор менамоя”.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, телефони мобилӣ ҷузъи муҳими ҳаёти мардум буда, онро ҳама вақт ҳамроҳ мегардонанд. Тарзи дуруст ва дар куҷо истифодабарии онро бояд донист, аммо мутаассифона, имрӯзҳо аз ҷониби шаҳрвандон телефони мобилӣ нодуруст ва бемавқеъ истифода мешавад. Ин омил ба фарҳанг ва ҳувияти миллии мо таъсири манфӣ мерасонад. Баъзе шаҳрвандон ҳангоми ворид шудан ба утоқи корӣ ва ё мулоқот намудан ҳатман телефони худро дар ҳолати хомӯшӣ мегузоранд, то ба дигарон халал нарасонад. Аммо зимни нишастан ба нақлиёти ҷамъиятӣ чунин ҳолатҳо зиёд ба назар мерасад, ки баъзе аз мусофирон телефони мобилиро дар ҳолати баландгӯяк гузошта, бо садои баланд муошират менамоянд. Албатта, чунин амал аз одоб, сатҳи маданият ва ҷаҳонбинии ҳар як шахс вобастагӣ дошта, боиси нороҳатии атрофиён мегардад. Ҳамарӯза дохили нақлиёти ҷамъиятӣ пур аз мусофирон гашта, қисмате аз онҳо шахсони калонсолу барҷомонда мебошанд, ки гирифтори бемориҳои музминанд. Ба ин нигоҳ накарда, мусофирони ҷавон соатҳо дар дохили нақлиёт бо телефони мобилӣ бо садои баланд суҳбат карда, ҳатто аз гуфтани суханҳои қабеҳ низ худдорӣ намекунанд. Агар мусофирон изҳори норозигӣ намоянд, бо ҳамон оҳанг бо атрофиён дағалӣ карда, онҳоро меранҷонанд. Аз истифодаи нодурусти телефони мобилӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҷангу муноқиша сар зада, кор то дахолати кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот мерасад.

Ҷомеашиносон бар он назаранд, ки истифодаи дурусти телефони мобилиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба танзим даровардан лозим. Шуруъ аз боғча то макотиби олиро лозим аст, ки шахсони мутасаддиро вобаста карда, миёни ҷавонону наврасон оид ба маданияти истифодаи телефони ҳамроҳ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Борҳо шоҳиди он гаштаем, ки дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ бархе аз шаҳрвандон тариқи баландгӯяк ва ё видеозангҳо суҳбатҳои дурудароз намуда, боиси нороҳатии атрофиён мегарданд. Вобаста ба ин мавзуъ коршиноси соҳаи тиб Муҳаммадӣ Бобо қайд намуд: “Ҳангоми дар нақлиёти ҷамъиятӣ тариқи баландгӯяк истифода намудани телефони ҳамроҳ мавҷҳои зараровар ба атрофиён низ бетаъсир набуда, зарари худро мерасонанд. Зеро нақлиёти ҷамъиятӣ бо вуҷуди ғунҷоишаш танг будан мусофирони зиёд савор мекунад. Дар ин ҳолат мавҷҳои зараррасон фаъол гардида, ҳангоми суҳбат бо телефони мобилӣ ба атрофиён осебпазир мегарданд. Аз рӯйи мушоҳидаҳо ба назар мерасад, ки телефони мобилӣ тавассути мавҷҳо фаъолият менамояд. Ҳангоме ки пеши роҳи ин мавҷҳо гирифта мешавад, инсон бешубҳа онро фурӯ мебарад. Хусусияти дигари манфии истифодаи телефони мобилӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ин аст: дар ҳолате, ки нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳаракат аст, мавҷи телефони мобилӣ кам мегардад. Ҳар қадаре сигнал кам шавад, ҳамон андоза диапазони мавҷҳо зиёдтар мегардад, ки ин ҳолат хатари зиёд ба саломатии инсон дорад”.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки ин иқдом барои муаррифии гӯшаҳои зебоманзар ва маконҳои таърихии диёр ба ҷаҳониён мусоидат мекунад. Меҳмонони зиёди хориҷӣ ба кишвари мо ташриф оварда, аз манзараҳои дилфиребу назаррабо ва ёдгориҳои суннатӣ дидан мекунанд. Онҳо албатта ҳангоми сайругашт дар пойтахти мамлакат аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебаранд. Ҳангоме дар нақлиёти ҷамъиятӣ бо садои баланду гӯшхарош суҳбат карда, маърифати истифодаи телефони мобилиро намедонем, пас чӣ гуна метавон фарҳанги худро ба меҳмонони хориҷӣ нишон дод?

Дар асри рушди технологияи навин суҳбат намудан ба воситаи телефони мобилӣ дар аксар давлатҳои пешрафтаи Аврупо дида намешавад. Онҳо бо муосиртарин воситаи алоқа — паёмак (мессенҷерҳо) байни ҳам суҳбат карда, зарари маънавии худро ба касе намегузоранд. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки маданияти шаҳрдорӣ ва истифодаи телефони мобилиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намоянд. Дар ҳоле, ки мардуми Ғарб ба ҷои чунин амалҳои номақбул аз беҳтарин воситаҳои амниятии шаҳрвандӣ истифода мебаранд, пас чаро мо, зодагони Шарқзамин бо фарҳанги пурғановат ва маърифати баланди худ даст ба чунин амалҳои носазову таҳқиркунандаи худу миллат мезанем? Шаҳрвандонро мебояд фарҳанги муоширатро ҳифз карда, на танҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ, балки дар тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ истифодаи дурусти телефони мобилӣ ва муоширати солимро тавассути он риоя намоянд.

Саида НАРЗИЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here