Аз қадим дӯстӣ миёни мардуми тоҷик ногусастанӣ буд. Дӯст барои одамон мақому манзалати хосае дошт.

Дар гузашта ҳамсолон бо ҳамсолон, оилаҳо бо оилаҳо ва ҳатто қабилаҳо бо қабилаҳо дӯстии наздик доштанд. Ҳамаро баробар ҳисоб мекарданд. Болои ҳарфи ҳамдигар ҳарф намезаданд. Аз суханони якдигар нороҳат намешуданд. Барои якдигар эҳтиром қоил буданд. Аммо паҳлуи дигари таърих гувоҳи он аст, ки нафароне ҳам буданд, ки ба муваффақиятҳои дӯстони худ ҳасад мебурданд. Мехостанд аз дӯсти худ пештару авлотар бошанд. Ба қавле, «дар маърака болонишин» гарданд. Дӯстоне ҳам буданд, ки барои молу сарват аз дӯсти худ гузар кардаанд.

Мутаассифона, баъзе ашхоси имрӯзии ҷомеаи мо чунин паҳлуҳоро аз таърих мерос гирифтаанд. Пас, имрӯз мисоли дӯстии ҳақиқиро дар қуҷо метавон вохӯрд? Оё маънои дӯстӣ дар чӣ бошад ва дӯст кӣ бошад? Ин саволҳо ҳамеша дар зеҳнам чарх мезаданд. Ниҳоят, рӯзе ба ин саволҳо аз шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ҷавоб ёфтам. Яке аз дӯстонам болои аксаш чунин ибораҳоро қайд карда буд: «Агар шахсеро вохӯрдӣ, ки дар лабхандат ғаматро дид, дар сукутат ҳарфатро шунид ва дар хашмат муҳаббататро фаҳмид, пас бешубҳа ӯ дӯсти беҳтарини туст». Бисёр суханҳои олӣ. Вале чунин нафарро вохӯрдан хело мушкил. Пас куҷост он дӯстию бародарие, ки падару бобоёнамон доштанд? Магар мо одоби дӯстиро аз онҳо наомӯхтаем? Чаро мо дӯстиро ба як оила ва дӯстонро ба аъзои он баробар намесозем?

Дар замони имрӯз вақте се нафар ё бештар нафарон бо ҳамдигар дӯстӣ дошта бошанд, ҳатман миёни онҳо тақсимот ба амал меояд. Гӯё молу мулки падарашонро тақсим мекарда бошанд. Агар чунин бошад, хуб. Чун молу мулкро тақсим карда мешавад, аммо магар метавон муҳаббатро тақсим кард, ки он маънавиёти инсон аст? Ё ин ки дар оила метавон миёни хоҳарону бародарон фарқ гузошт?

Боре дар як филми тасвирӣ ҷумлаи бисёр зебоеро шунида будам, ки он чунин буд: «Меҳр бисёр аст, ба ҳама мерасад». Шояд ин ҷумла ба назари бисёриҳо танҳо як ҳарфи кӯдакона бошад, вале барои ман ҷаҳонеро равшан намуд.

Муҳаббат ва садоқати тамоми дӯстону наздиконро дар як рӯзи сахтӣ метавон пай бурд. Дар мисоли ин, соли гузашта чархи фалак бароям мушкилиеро пеш овард. Дар тамоми он рӯзҳои бароям ниҳоят душвор хушбахтона нафароне буданд, ки дар баробари аъзои оилаам маро танҳо нагузоштанд. Бароям корҳоеро карданд, ки ман онҳоро дар тӯли ҳаётам ҳисобӣ карда наметавонам. Онҳо ҳамаи ҳамкурсонам буданд. Ман ҳамаи онҳоро дӯстони худ хондам. Ва тамоми умр аз эшон миннатдор ҳастам. Хушбахтона, ин мушкилӣ ҳам паси сар шуд. Вале ман ҳаргиз он рӯзҳоро аз хотир намебарорам. Гоҳе, ки бо нафаре аз ҳамкурсонам ҳангоми суҳбат аз сари ҷаҳл болоравӣ кунам, зуд он лаҳзаҳо пеши назарам меоянд. Худ аз худ ғамгин мешавам.

Акнун ман ба саволҳоям худам ҷавоб медодагӣ шудам. Шахсе, ки дар лаҳзаи ғаму шодӣ дар канори ман буд, бешубҳа ӯ дӯсти беҳтарини ман хоҳад буд. Танҳо буданаш бароям кофист. Новобаста аз он, ки солҳо ҳам гузаранд ва зиндагӣ ҳар яки моро ба роҳи худ бубарад, ӯ боз ғоибона дӯсти ман боқӣ хоҳад монд. Чун, ба андешаи ман, дӯстӣ аз қалби инсонҳо пайдо мешавад. Фосилаҳо ҳеҷ аҳамияте надоранд. Мисоли ду бародаре, ки дар мамлакатҳои мухталиф умр ба сар мебаранд, вале ин дуриҳо ҳақиқатро заррае тағйир дода наметавонад. Онҳо то абад бародаранд!

Аз донишманде пурсиданд:

— Дӯст хуб аст, ё бародар?

Донишманд дар ҷавоб гуфт:

— Бародар шахсест, ки мо дар интихоби ӯ саҳм надорем, вале дӯст бародарест, ки мо ӯро интихоб мекунем.

Ҷовидон РАҲМОНАЛИЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here