Бо мақсади шиносоӣ оид бо рафти татбиқи Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии шаҳри Душанбе ба Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ташриф овардем. Аз суҳбат бо Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ маълум шуд, ки сатҳу сифати таълим дар кулли макотиби пойтахт хеле дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, Раёсати маориф баҳри татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарору дастурҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, қарору тавсияҳои Раиси шаҳри Душанбе ҳама кӯшишу заҳматҳои худро ба роҳ мондаанд.

Сарраёсат аз шуъбаи хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаи таъминоти кадрӣ ва баландбардории ихтисоси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаи таъминоти методии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаи иқтисодӣ, банақшагирӣ, таҳияи буҷет ва таъминоти моддӣ — техникӣ ва шуъбаи Муҳосиботи марказонидашуда иборат буда, ҳама самтҳои таълим дар чор шуъбаҳои маорифи шаҳр Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шуъбаи маорифи ноҳияи Сино, Шуъбаи Маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ пурра назорат карда мешаванд.

 Марҳилаи таърихӣ

Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ соли 2020 -ро барои аҳли маорифи пойтахт давраи хеле ҳассосу пурмасъул, марҳилаи таърихии иҷрои рисолати азалии таълиму тарбияи насли наврас ва расидан ба натиҷаҳои дилхоҳи иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузоштаи ҷомеа ва сохторҳои болоӣ унвон кард. Марҳилаи таърихӣ унвон намудани ин давра бесабаб нест. Зеро аз оғози сол соҳаи маориф боз ҳам таҳти назари хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, Фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020 — 2040” ба тасвиб расид, ки аҳли маориф ин иқдомро ҳамчун падидаи таконбахши рушд дар самти таълиму тарбияи насли наврас истиқбол намуданд.

Ин давра аз он ҷиҳат ҳассосу пурмасъул арзёбӣ карда мешавад, ки дар ин давра ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба мушкилоти глобалии пандемияи короновируси нави КОВИД-19 дучор омад, ки ин сироят таъсири худро дар баробари дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, инчунин ба соҳаи маориф низ расонид. Аҳли маорифи пойтахт тавонистанд, ки ин давраро сарбаландона паси сар намуда, дар ин самт бо дарназардошти пурзӯр намудани ҳолатҳои беҳдоштӣ ва қатъиян назорат бурдани вазъи санитарии муассисаҳои таҳсилотӣ вазифа ва рисолати худро амалӣ намоянд.

Омӯзиш нишон дод, ки дар соли 2020 дар Сарраёсат- 236 адад фармоиши кадрӣ ва 145 адад фармоишҳои асосӣ ба тавсиб расонида шуд.

Ба истифодадиҳии биноҳои наву замонавӣ ва идомаи иншоотҳои нав

Дар соли 2020 ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил моҳи сентябр бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансур барои 1200 хонанда дар як баст, бинои иловагии Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 624 хонанда ва хобгоҳ барои 320 ҷой, бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии назди “Мактаби байналмилалӣ” барои 120 ҷой бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Айни замон, аз ҳисоби маблағҳои дирексияи иншоотҳои сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди муассисаи таълимии нав дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ барои 2000 хонанда, сохтмони мактаби зеҳнӣ дар ноҳияи Шоҳмансур барои 640 хонанда, сохтмони муассисаи нави таълимӣ барои 1200 хонанда дар шаҳраки 65-ум, сохтмони муассисаи нави таълимӣ барои 1200 хонанда дар маҳаллаи “Ховарон”, сохтмони муассисаи таълимии №14 дар ноҳияи И. Сомонӣ барои 1100 хонанда, сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи И. Сомонӣ дар кӯчаи “Меҳнат” барои 1200 хонанда, сохтмони бинои нави МТМУ №15-и ноҳияи Шоҳмансур барои 720 хонанда, бинои нави литсейи хусусии “Ҳотам ва ПВ” барои 800 хонанда, сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1280 хонанда дар маҳаллаи “Меҳробод”, сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1280 хонанда дар ноҳияи Фирдавсӣ, ҷ/д “Россия”, бинои нави таълимӣ дар кӯчаи М. Турсунзода барои 1280 хонанда, сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1200 хонанда дар кӯчаи Р. Амакӣ, дар умум барои 12620 хонанда дар як баст ва сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабии №40 дар ноҳияи И. Сомонӣ барои 150 ҷой, сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар кӯчаи А. Дониш барои 600 ҷой, сохтмони ду адад (ҳар яке барои 300 ҷой) муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 600 ҷой, дар умум барои 1350 тарбиягиранда идома доранд.

Дар умум, баъди ба истифода додани сохтмонҳои ба анҷом мерасида дар як баст 13970 ҷой ва дар ду баст бошад 27940 хонандагон бо ҷойи нишаст таъмин карда шуда, норасоии ҷойи нишаст бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ (103%) то соли 2021 ҳаллу фасл хоҳад шуд.

 Рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ

Сардори Раёсати маориф Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ қайд карданд, ки Раёсат ба муассисаҳои томактабӣ, чун заминаи асосии тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Феълан дар шаҳри Душанбе 137 муассисаҳои таҳсилоти  томактабӣ фаъолият доранд. Аз ин теъдод 92 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 33 муассисаи томактабии хусусӣ ва 12 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо мебошанд.

Шумораи тарбиягирандагон дар ҷамъбасти соли таҳсили 2020-2021 30026 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 172 тарбиягиранда зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе 1623 нафар мураббиён ва кормандони омӯзгорӣ фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта 20 (1603 нафар) нафар зиёд мебошад.

Бо мақсади ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ бо назардошти қобилият, шавқу рағбат ва хусусиятҳои фардии кӯдакон миёни тарбиягирандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ озмуни “Доноякон” ташкил карда шуд. Дар даври шаҳрии озмуни «Доноякон» 31 нафар тарбиягиранда аз 27 то 30-уми октябри соли 2020 дар муассисаи томактабии хусусии “Табассуми офтобак”ширкат варзида, чор нафар тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии №20, 112, 67, 110 ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд ва 6 нафари дигар барои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур бо Ифтихорномаи Сарраёсати маориф ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Муассисаҳои миёнаи таълимӣ ва сатҳи баланди кадрӣ

Дар айни замон дар шаҳри Душанбе 151 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла, 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 135 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва 3 муассисаҳои таҳсилоти ғоибона фаъолият доранд. Аз ин теъдод 129 муассисаи таълимии давлатӣ, 22 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ буда, бо фарогирии 212400 нафар хонанда фаъолият дорад. Дар муассисаҳои мазкур 9442 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта 579 нафар зиёд мебошад. Дар давраи ҷамъбасти соли 2020 дар маҷмӯъ 163 нафар мутахассисони ҷавон ба ҷои кор ҳозир шуда, дар асоси фармоиш ба ноҳияи Сомонӣ 33 нафар, ноҳияи Сино 72 нафар, ноҳияи Фирдавсӣ 34 нафар ва ноҳияи Шоҳмансур 24 нафар мутахассисон барои фаъолияти омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар карда шуданд. Соли гузашта инчунин, 116 нафар мутахассисони касбӣ ва хатмкунандагони ихтисоси равоншиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба кор ҷалб карда шуданд.

Аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ

Дар соли таҳсили 2019-2020 дар аттестатсияи аз синф ба синф гузаронӣ ва хатм дар  синфҳои 2-11 178953 нафар хонанда иштирок намуда, аз шумораи умумии хонандагон 178363 нафар аз аттестатсия гузаштанд. Дар соли таҳсили сипаригардида аз шумораи хатмкунандагони синфи 11 11493 нафар дар аттестатсияи хатм иштирок намуда, 11484 нафар соҳиби аттестати хатм гардиданд. Инчунин, шумораи умумии хатмкунандагони синфи 9 15860 нафарро ташкил дода, аз он 15822 нафар соҳиби аттестати хатми  синфи 9 гардиданд.

Соли таҳсили 2019-2020-ро 12 нафар хатмкунандагони синфи 11-и МТМУ №21, 24, 55, литсейҳои №1, 2, 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, гимназияи №2, гимназияи хусуии “Кафолат”, мактаби байналмилалии Президентӣ, литсей-интернати Президентӣ бо медали нуқра ва 1 нафар аз  гимназияи хусуии “Кафолат” бо медали тилло хатм намуданд.

Ташкили маркази тестӣ

Бо мақсади самаранок гардонидани фаъолият дар самти интихоби касб, инчунин, омодагии хонандагон ба имтиҳоноти марказонидашудаи тестӣ дар назди Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маркази тестӣ бо 100 адад компютер ташкил карда шуд. Дар ин марказ имтиҳонҳо барои гирифтани стипендияи Раиси шаҳри Душанбе низ гузаронида мешаванд.

Бо мақсади дар ҳама мавсим самаранок истифода намудани маркази мазкур Сарраёсати маориф аз 01.10.2019 то 29.10.2019 50% хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-ро дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳонҳои пешакии тестӣ гузаронид.

Самараи тадбиру имконоти фароҳамоварда зимни ҷамъбасти имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аз 11484 нафар хатмкунанда 9150 нафар хатмкунандагон холи гузаришро ба даст оварда, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд.

Ин нишондод нисбат ба соли 2019 (7200 нафар) 16% зиёд мебошад.

Назорати баланди тарбия ва вохӯриҳо бо мақомоти гуногун

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе соли 2020 бо мақсади иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷиҳати пешгирии оворагардӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон, худкушӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳои террористиву экстремистӣ, даст задан ба омилҳои коррупсионӣ, ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, гузаштани хонандагони синфҳои болоӣ аз муоинаи тиббӣ  ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии наврасону ҷавонон ва ташаккули идеологияи солим миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо, масъулони  ШВКД дар ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур бо падару модарон, омӯзгорон ва хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.

Иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаҳои соҳаи маориф

Дар соли 2020 аз тарафи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла ба иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” 154  адад кабинетҳои лингофонӣ харидорӣ карда шудааст.

Дар соли 2020 дар олимпиадаи даври ҷумҳурӣ аз фанни забони русӣ 13 ҷой ба даст оварда шуд, ки аз ҷумла 4 нафар ҷойи якум, 3 нафар ҷойи дуюм ва 6 нафар ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Аз фанни забони англисӣ 11 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ғолиб гардиданд, ки 4 нафар сазовори ҷойи якум, 6 нафар сазоври ҷойи дуюм ва 1 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар соли 2020 95 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 52 нафар омӯзгорони забони англисӣ аз такмили ихтисос ва 97 нафар омӯзгорони забони русӣ ва 52 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ аз аттестатсияи навбатӣ гузаронида шуданд.

Вобаста ба иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1.03.2018, №145 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020” дар соли 2020 ба маблағи 4 млн. 756 ҳазор сомонӣ харидории таҷҳизоти бозии кӯдакон, мебелу курсӣ, таҷҳизоти тиббӣ, технологияи меҳнат, китобҳои бадеӣ, синфхонаҳои инклюзивӣ, истироҳати кӯдакони болаёқат ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалию  ҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ  ба маблағи 459100 сомонӣ 5200 рахти хоб, ба маблағи 614000 сомонӣ 1000 адад мизи яктумбадор барои омӯзгорон, ба маблағи 326490 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ, кабинетҳои таълими меҳнати духтарон ва писарон 23 ададӣ ва ба маблағи 10000 сомонӣ китобҳои бадеӣ харидорӣ карда шуд.

Таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22.02.2018, №120 “Дар бораи Барномаи таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” дар соли 2020 барои хариди 21 адад кабинетҳои фаннӣ озмуни харид эълон карда шуда,  иҷро гардид. Дар соли 2018 маҷмӯан 22 адад кабинетҳои фаннӣ харидорӣ шуданд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе 1029 адад кабинетҳои фаннӣ мавҷуданд,  аз ҷумла, 145 адад кабинети фанни физика, 176 адад кабинети фанни математика, 134 адад кабинети фанни химия, 137 адад кабинети фанни биология, 99 адад кабинети фанни география, 264 адад кабинети фанни технологияи информатсионӣ ва 74 адад кабинети фанни суруд ва мусиқиро ташкил медиҳанд.

Вазъи компютеркунонӣ

Таҳлили вазъи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нишон медиҳад, ки дар як соли охир  муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо 11723 адад компютер таъмин шудаанд, ки ба 10 хонанда як компютер рост меояд. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дорои 1463 адад тахтаи электронӣ ва 1572 адад проектор мебошанд.

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22.02.2018, №120 “Дар бораи Барномаи амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2022” тибқи нақша харидории 772 адад компютер (бо миз) 209 адад тахтаи электронӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин давра дар доираи нақшаи маблағгузории “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2025” ташкил ва таъсиси 10 адад марказҳои инкишофи кӯдакон, сохтмони 2 адад муассисаи томактабӣ ва харидории таҷҳизот ба нақша гиифта шудааст, ки айни замон бунёд ва барқароркунии 39 адад айвончаҳои бозии кӯдаконаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии №31 (14 адад), №66 (11 адад), №83 (6 адад) ва №90 (8 адад) барои азнавсозӣ оғоз карда шуд.

Мақоми аввал дар олимпиадаҳои фаннӣ

Дар асоси Низомномаи олимпиадаҳои фаннии хонандагон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва тибқи фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар моҳи январи соли ҷорӣ даври сеюми олимпиадаҳои даставӣ барои наврасон (синфҳои 5-6, 7-8), олимпиадаи фаннии анъанавӣ барои синфҳои 9,10,11, олимпиадаи даставӣ барои синфҳои 9-10, олимпиадаҳои “Spelling Bee” ва “Шоҳмот” муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ташкил ва баргузор намуд.

Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон дар соли 2020 дар 2 марҳила, аз ҷумла, олимпиадаҳои фаннӣ (анъанавӣ) ва номӣ баргузор карда шуданд, ки дар натиҷа дастаи шаҳри Душанбе дар ду олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори 121 ҷойи ифтихорӣ гардида 26 медали тилло, 30 медали нуқра ва 65 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки дар минтақаҳои ҷумҳурӣ сазовори мақоми аввал мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар олимпиадаи байналмилаллии Жаутыков “IZHO-2021”, ки аз санаи 8-ум то 13-уми январи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон миёни хонандагон аз фанҳои дақиқ баргузор гардид Қурбонов Бурхвалӣ- хонандаи синфи 10-уми Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба номи Ниёз Сафар ширкат варзида, миёни 146 даста аз 21 давлати ҷаҳон ширкат варзида, аз фанни математика сазовори ҷойи III-юм гардид. Мавсуф дар якчанд олимпиадаҳои дигар ҷой ифтихориро ишғол крада, дар олимпиадаҳои “МФТИ” 2019 ва олимпиадаи “ФИЗТЕХ” 2020 — шаҳри Маскави Федератсияи Русия — ҷойи якумро ба даст оварда буд.

Дастоварди дигар он аст, ки дар соли 2020 тибқи маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар хамткунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба 10-гонаи довталабони беҳтарин дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомил шуданд, ки нисбати соли 2019 8 нафар зиёд мебошад.

Такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади такмили дониши омӯзгорон пайваста онҳоро ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб менамояд. Тибқи нақшаи  курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсуси Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе дар соли 2020 бояд 66 курси такмили ихтисос бо фарогирии 1650 нафар омӯзгорон амалӣ мешуд, аммо дар асл 84 курси такмили ихтисос бо фарогирии 1974 нафар омӯзгорон амалӣ шуд, ки иҷроиши нақша 119%- ро ташкил дод.

Чорабиниҳои адабию фарҳангӣ, зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ

Чорабиниҳои адабию фарҳангӣ, зеҳнию маърифатӣ ва варзишию оммавии зеринро номбар кардан мумкин аст, ки дар сатҳи баланд гузаронида шуданд, аз ҷумла: 22-уми феврали соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Фаъолияти психологони муассисаҳои таълимӣ, мушкилот ва дурнамо” барои психологони муассисаҳои таълимии пойтахт бо иштироки олимони соҳаи психология ва педагогика баргузор гардид;

25-уми феврали соли 2020 дар толори Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” барои 200 нафар роҳбарони Созмони хонандагони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ конференсияи ҷумҳуриявии назариявӣ-амалӣ дар мавзӯи «Созмони хонандагон дастовард ва дурнамои рушд»-ро баргузор  карда шуд;

23.10.2020 озмуни шаҳрии мутолиаи осори бадеӣ таҳти унвони «Бозёфт» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар муассисаи таълимии №65 баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт аз рӯи чор бахш ширкат варзида, чор нафар хонандагон ғолиби бахшҳои озмун гардида, бо Ифтихорномаи Сарраёсати маориф ва туҳфаи хотиравӣ (планшет) қадрдонӣ карда шуданд.

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 20-23 октябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор карда шуд. Дар даври ҷамъбастӣ ва маросими ҷоизасупории озмун ба 24 нафар хонандагони литсей, гимназия ва муасссиаҳои таълимии ноҳияҳои пойтахт ва 2 нафар омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” шаҳри Душанбе сазовори 38 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки 14 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт мебошанд.

 Ҷои 1 дар озмуни “Омӯзгори сол” ва “мурабии соли Тоҷикистон-2020”

13-уми январи соли 2021 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода — вазири маориф ва илм, Латофат Назирӣ — муовини вазир ва аъзои ҳакамон маросими туҳфасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020” баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи баҳогузорӣ ва хулосаи ҳакамон Азизбек Зумратов — омӯзгори химияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ғолиби озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020” ва Неъматзода Шаҳло мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №152, ноҳияи Сино “Мурабии соли Тоҷикистон-2020” эълон шуд.

Стипендияҳои ифтихорӣ

Ҷиҳати ҳавасманд гардонидани хонандагон дар соли таҳсили 2020-2021 феълан 126 нафар хонандагони муаассисаҳои таълимии пойтахт ба гирифтани стипендеяи раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, 180 нафар ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва 46 нафар ба гирифтани стипендияи Президентӣ сарфароз гардонида шуданд, ки дар маҷмӯъ 352 нафарро ташкил медиҳанд.

Ба ҷои хулоса

Боздиди мо аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия нишон дод, ки сатҳи сифати таълим ва тарбияи хонандагон дар мактабҳои пойхтахт дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, Раёсат бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷрои саривақтии қарору дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа назорат мекунад. Боз як ҷиҳати фарқкунандаи сифати таълим дар муассисаҳои таълимии пойтахт дар он аст, ки омӯзгорон бо масъулияти баланд ба тарбияи насли наврас машғуланд.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here