Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз имконияти бунёди донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт фароҳам омад, зеро норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар навоҳии Раштонзамин баръало мушоҳида мешуд. Бо дархости Ҳукумати ноҳияи Рашт ва ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Навободи ин ноҳия аввалин маротиба филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко аз рӯи се ихтисос: таърих, математика ва забон ва адабиёти тоҷик ба фаъолият оғоз намуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006 таҳти № 501 шуъба ба филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қандил Ҷӯраев дар ноҳияи Рашт табдил дода шуд. Аввалин маротиба соли 2007 45 нафар мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ донишкадаро дар шуъбаи ғоибона хатм намуда, ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаи Рашт сафарбар гардиданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ РАҳмон аз 30 –юми марти соли 2007, таҳти №37137 дар шаҳраки Ғарм дар масоҳати 6 гектар қитъаи замин ҷудо гардид ва баъдан, соли 2008 –ум сохтмони бинои 5 – ошёнаи таълимӣ ва хобгоҳи 4- ошёна оғоз гардид.

Акнун барои ба донишкадаи мустақил табдил додани филиали таълимгоҳи мазкур заминаҳо фароҳам меомаданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ бо қарори худ аз 2 –юми майи соли 2013, таҳти №206 «Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» донишкадаи номбурдаро таъсис дод.

Ҳоло дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 4 факултет, аз ҷумла, факултети Таърих ва педагогика, факултети Забонҳо, факултети Табиӣ-риёзӣ ва факултети Асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф фаъолият менамояд.

Ҳамзамон дар донишкада 10 шуъба, аз ҷумла:

Шуъбаи умумӣ, шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалӣ, шуъбаи дуюм, шуъбаи БТМБ, шуъбаи мониторинг ва хадамоти сифати таҳсилот, шуъбаи тарбия, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, шуъбаи хизматрасонии техникӣ ва шуъбаи фарҳанг амал менамояд.

Шумораи донишҷӯёне, ки тариқи буҷавӣ дар шуъбаи рӯзона таҳсил мекунанд, 888 нафар мебошанд, ки аз ин 109 нафар ба тариқи квота таҳсил менамоянд. Тибқи шартнома дар шуъбаи рӯзона 739 нафар ба таҳсил таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ, шумораи донишҷӯёне, ки дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд, 1627 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи донишҷӯёне, ки тариқи буҷавӣ дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд, ба 696 нафар мерасад. Донишҷӯёне, ки тариқи шартномавӣ дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд, 992 нафар мебошанд. Дар маҷмуъ, шумораи донишҷӯёне, ки дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд, 1688 нафарро ташкил медиҳад. Умуман, шумораи муҳассилини Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 3315 нафарро ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар ДОТ дар ноҳияи Рашт шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил намекунанд, вале ҳамкориҳои муассисаи таълимии мазкур бо Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Томски Федератсияи Русия тариқи бастани шартномаи тарафайн оиди тайёр намудани мутахассисон дар самти магистратура ва аспирантура,инчунин, пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст, ки умед ҳаст, натиҷаи дилхоҳ медиҳад.

Донишҷӯёни донишкада тайи солҳои ахир дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби мақомҳои ифтихорӣ ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, президиуми Академияи илмҳои Тоҷикистон гардидаанд.

Ҳоло дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз рӯи 16 ихтисос мутахассисони соҳа омода карда мешаванд.

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар соли 2018 тавонист ба як қатор дастовардҳо ноил гардад. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2018 2 конфаронси ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ ва як мизи мудаввар бо иштироки олимони шинохтаи кишвар дар бахшҳои ҳуқуқ, таърих, забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид. Маҷмӯи маводҳои конфаронси якум ҷамъоварӣ шуда, дар шакли китоб таҳти унвони «Дар партави хуршеди истиқлол» аз чоп баромад. Ҳамчунин, «Зиндагӣ ва осори Алихуши Найистонӣ» асари устоди донишкада, номзади илмҳои филологӣ М. Шодиев мебошад, ки маҳз дар ин марҳила ба чоп расид.

Шумораи устодоне, ки унвони илмӣ доранд, 7 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 4 нафар дотсент ва 3 нафар номзади илм мебошанд.

Хобгоҳи донишкада ба шароити муосир мувофиқ кунонида шуда, нархи миёна барои 361нафар истиқоматкунандагони он дар як сол 500 сомонӣ мебошад. Донишҷӯёни донишкада соле ду маротиба дар асоси Низомномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчунин, дар як сол ду маротиба аз тарафи Раёсати донишкада ба ятимони кулл кумаки пулӣ расонида, дар баробари ин, ба онҳо барои истиқомати ройгон дар хобгоҳи донишкада шароит муҳайё карда мешавад.

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба хатмкунандагонаш тахассуси бакалавриат медиҳад, ки тақрибан 95 фоизи онҳо тибқи тақсимот барои ҷойи кори доимӣ ба маҳалҳо фиристода мешаванд.

Маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар ҷумҳурӣ яке аз калонтаринҳо маҳсуб меёбад, ки имрӯз ба макони дӯстии ҷавонон, машқу тамрин ва ба маҳалли баргузории мусобиқоти ҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, бо дилпурӣ метавон гуфт, ки дарҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба рӯи ҳама ташнагони илму маърифат боз гардидааст. Имрӯз дар донишкада аз тамоми манотиқи Тоҷикистони азиз донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва барои таълиму тарбия гирифтан дар ин даргоҳи маърифат тамоми шароит муҳайё мебошад.

 

«МТЖТ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here