Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент зодаи замони истиқлолияти ватани маҳбубамон буда, тайи 29 соли фаъолияти пурсамари худ новобаста аз пеш омадани як силсила мушкилот, чун маркази илмӣ — маърифатӣ нерӯҳои зеҳнӣ-илмиро дар ин минтақа муттаҳид кард ва ба ташаккули кадрҳои илмӣ, омӯзгорӣ ва пешрафти соҳаҳои дигари хоҷагии халқ мусоидат намуд. ДОТП ҳамчун боргоҳи илмӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ омили пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ- иқтисодии як гӯшаи хоки муқаддаси Тоҷикистони биҳиштосо гардида, ба тарбияи ахлоқӣ, ташаккули худшиносӣ ва солим нигоҳ доштани ҷанбаи маърифатӣ- ахлоқии ҷавонон заминаи устуворро фароҳам овард.

Дар партави дастурҳои Пешво

Дастгирии соҳаи маориф ин кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони ҳар миллат аст. Бо назардошти ҳамин омил Ҳукумати Тоҷикистон низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун маҳаки асосии рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад. Зеро ин иқдом дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ заминаи мусоид мегузорад. Бешак, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф, фарогирии саросарии наслҳои ҷавону наврас ба мактаб, бунёди мактабҳои наву замонавӣ ва тарбияи босифати мутахассисони тамоми соҳаҳои истеҳсолот нақши калидӣ дорад. Чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат дар навбати худ роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии донишомӯзон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи ҷавонон диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

Зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, профессор Қудратзода Муаззамхон Ансорӣ иброз дошт, ки “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат мо — аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин васила, дар замири насли ҷавон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон, аз ҷумла ҳайати кормандони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент қарор гиранд”.

Як саҳифаи таърихи зиндаи миллат

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент зодаи даврони истиқлолият буда, дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз 16 июли соли 1991 ҳамчун шуъбаи Маркази Осиёимиёнагии Донишгоҳи озоди Россия таъсис дода шуд ва аз соли 1994 ҳамчун Донишгоҳи озоди Тоҷикистон амал намуда, аз ду факултет: ҳуқуқшиносӣ ва менеҷменти тиҷоратӣ иборат буд. Вобаста ба талаботи айём дар соли таҳсили 2001-2002 дар донишкада факултети омӯзгорӣ ташкил карда шуд. Дар солҳои минбаъда вобаста бо таъсиси  ихтисосҳои нави омӯзгорӣ, аз соли 2007 номи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро дорад.

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аввалин ва ягона муассисаи таълимии ғайридавлатии омӯзгорӣ дар ҷумҳурӣ буда, барномаи тахассусиро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, амалӣ месозад. Дар донишкада дар қатори фаъолияти таълимӣ- тарбиявӣ инчунин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст.

Фаъолият дар самти таълим

Донишкада дорои 7 факултет, 13 кафедра ва 34 равияи (ихтисос) рӯзона ва 17 равияи (ихтисос) фосилавӣ мебошад. Айни замон дар донишкада  3637 нафар таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 1729 нафар дар шуъбаи рӯзона, 765 дар шуъбаи ғоибона  ва 1143 фосилавиро ташкил менамоянд. Инчунин, 60 нафар дар магистратура ва 8 нафар дар самти доктор PhD касби камол доранд. Ба донишҷӯён 122 нафар устодон, аз ҷумла, 8 нафар доктори илм ва профессор, 8 нафар дотсент ва 18 нафар номзадҳои илм сабақ медиҳанд. Теъдоди умумии кормандон беш аз 240 нафарро ташкил медиҳад.

Соли даҳум аст, ки ДОТП бо низоми кредитии таълим фаъолият менамояд, ки ин аз устоду донишҷӯён саъю кӯшиши намоёнро тақозо мекунад, чунки ҳар як гузариш ба низоми нав дорои муаммову мушкилоти нав мебошад. Дар пешрафти соҳаи таълим устодону кормандон фаъолона иштирок намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки донишҷӯён  тамоми нақшаҳои таълимиро аз худ кунанд.

Дар соли 2017 дар донишкада маркази тестӣ кушода шуд, ки курсҳои 1,2 ва 3-и ҳамаи ихтисосҳои донишкада санҷиши фосилавиро дар маркази мазкур месупоранд. Инчунин, дар ин сол маркази таҳсилоти “Фосилавӣ” кушода шуд, ки донишҷӯён аз рӯи 17 равия (ихтисос) бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Чанде аз хатмкардагони ДОТП дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Россия, Англия, ИМА, Чин ва Олмон таҳсилро идома дода, соҳиби дараҷаҳои магистр ва номзади илм гардида истодаанд.

Дар донишкада 12 синфхонаи компютерӣ амал мекунад, ки бо 144 адад компютер таъмин буда, ба 2  нафар донишҷӯ 1 адад компютер рост меояд.

Илм бо амал пойдор аст

Донишкада дар зарфи мавҷудияти худ чун маркази илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ ва омӯзгорӣ ташаккул ёфт.  Дар чор соли охир 7 нафар рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд. Боиси тазаккур аст, ки устодони донишкада дар самти илм ба  комёбиҳои  назаррас ноил гардида истодаанд. Чунончи, ба дар ин муддат Абдуллоев Шавкат ва Гулпарӣ Шарифова рисолаи номзадияшонро сарбаландона дифоъ намуданд.

Чанде қабл ба муносибати ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон профессорони донишкада Ансорӣ М.Қ. ва Воҳидов Ш.Х. китоби пурарзиши “Пешвои миллат ва эҳёи фарҳанги миллӣ” ба чоп расониданд. Ҳамчунин ба тозагӣ аз ҷониби муаллифони мазкур китобҳои “Рӯдакӣ. Мунтахаби ашъор” ва “Гулбоғи ошноӣ” (доир ба рӯзгори Ҷомӣ ва Навоӣ) нашр шуд, ки ҳам барои донишҷӯён ва ҳам барои доираи васеъи омӯзгорону аҳли илму адаб аҳамияти илмию таърихӣ дорад. Зери мураттибии доктори илмҳои таърих профессор Воҳидов Ш. китобҳои таълимии “Аз таърихи китоб ва китобдории халқи тоҷик” нашриёти Бухоро, Душанбе 370 саҳ., ва “Согд на перекрестке истории. Суғд дар масири таърих”. Панҷакент 2018. интишор ёфт. Дар баробари ин, осори арзишманде дар таълифи Ш. Қурбонов “Городище Санчаршах” (5-8 вв.) 192 саҳ., Ансорӣ М.Қ. Исматулло Раҳматуллоев “Древний Пенджикент” 170 саҳ. (с илюстриациями) низ ба нашр расид.

Шуҳрати ДОТП марзҳоро убур намуда

Дар солҳои 2017-2020 дар самти муносибатҳои байналмилалӣ дар донишкада корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, Масъалаҳои ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар соҳаи маориф, педагогика, илм бо донишгоҳҳои зерин ҳал карда шуд, аз он ҷумла бо Донишгоҳи давлатии Ниҳон ва Донишгоҳи давлатии Айчии Ҷопон, Донишгоҳи «Сирдарё» дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон, Донишгоҳи минтақавӣ-инноватсионии Қазоқистон, Донишгоҳи молиявии Омск дар назди ҳукумати ФР,  Маркази таълимию фарҳангии «Конфутсий»-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, инчунин ҳамкориҳои байналмилалиро бо як қатор  сафоратхонаҳо, аз он ҷумла бо сафоратхонаҳои ИМА, Ҷумҳурии Ҷопон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаву онро пайваста вусъат мебахшад.

Дар Донишкада марказҳои фарҳангии Амрико, Чин, Россия, Ҷопон, Арабистони Саудӣ ва Ӯзбекистон фаъолият намуда, кори зиёдеро дар омӯзиши забонҳо, омода сохтани донишҷӯён барои таҳсил дар ин кишварҳо ва ғайраро амалӣ менамоянд. Марказҳо дорои китобхонаҳо буда, бо китобҳои тахассусӣ, филмҳои омӯзишию фарҳангӣ, компютерҳои пайваст бо интернет ва ғайра таъмин мебошанд. Ба устодону донишҷӯён имконият фароҳам оварда мешавад, ки онҳо дар ин кишварҳо муддате коромӯзӣ ё таҳсил намоянд. Марказҳо ба гирифтани грантҳои гуногуни таҳсилотӣ мусоидат менамоянд.

Дастовардҳои ҶСК “Маърифатпарвар”

Раёсати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Бахшида ба Рӯзи Истиқлолият ва 5500 – солагии Саразми бостонӣ як қатор иншоотҳои иҷтимоию фарҳангӣ дар шаҳри Панҷакент ба истифода дода шуданд. Ба қатори ин иншоотҳо муассисаи «Маърифатпарвар» низ дохил мешавад. Муассисаи таълимию истеҳсолии «Маърифатпарвар» соли 2018 дар собиқ бинои заводи тамоку таъсис дода шуд. Ҳоло бинои мазкур пурра азнавсозӣ шуда истодааст. Дар бинои таълимию истеҳсолии «Маърифатпарвар» 77 синфхона, 27 утоқи корӣ барои кормандон, 8 ҳуҷра барои меҳмонон, толори китобхона барои 400 ҷойи нишаст, осорхона, толори китобхонаи электронӣ барои 400 нафар, сехи дӯзандагӣ барои 120 нафар ҷойи нави корӣ, хобгоҳ барои 400 нафар устодон ва донишҷӯён, литсей барои кӯдакони болаёқат, утоқҳо барои озмоишгоҳҳо,  корхонаи коркарди меваю сабзавот барои 350 нафар ҷойи нави корӣ, сардхона барои нигаҳдории 1.5 ҳазор тонна меваю сабзавот, гармхона, сехи коркарди чӯбу тахта, корхонаи хиштпазӣ, сехҳои кафшергарӣ ва челонгарӣ, варзишгоҳ барои бозиҳои гуногун ба нақша гирифта шуда буданд, ки бархе сохта мавриди истифода қарор гирифтанд ва бархеи дигарашон дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Бояд қайд намуд, ки сехи дӯзандагӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавот барои 350 нафар ҷойи нави корӣ ва сардхона бахшида ба ҷашни  5500- солагии «Саразми қадим», аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Умед ба фардои аз ин беҳтар

Ин буд чанд нуктаи муҳим ҳамчун муште аз хирвор перомуни дастовардҳои илмиву истеҳсолӣ ва сатҳи донишандӯзиву фарогирӣ бо таълиму тарбияи сифатнок дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ки ба таври мухтасар зикрашон зарур дониста шуд.

Дар фароварди суҳбат ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент профессор Муаззамхон Ансорӣ низ бо итминону қаноатмандӣ аз неруи ободгариву ташаббускориҳои зотии хеш иброз дошт, ки: — Мо аҳли раёсат, коллективи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар назди ДОТП, кормандони муассисаи таълимию истеҳсолии «Маърифатпарвар» ва Парки технологии «Донишкада» дар корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ саҳми босазои худро гузошта истодаем ва ин иқдомро минбаъд низ идома мебахшем. Муаззамхон Ансорӣ бо қаноатмандӣ аз самтҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва аз иҷроиши марҳила ба марҳилаи дастуру супоришҳо ва ҳидояту паёмҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки “дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати кишвар маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Паёми навбатии Президенти мамлакат мо — кормандони соҳаи маорифро вазифадор кард, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта, ба тарбияи насли наврас диққати бештар диҳем. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша ҷаҳду талош намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем”.

М. Мақсадуллоҳ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here