Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода, доимо таъкид менамоянд, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум ба дараҷаи сатҳи инкишофи ин соҳа вобастагии амиқ дорад. Дар амалигардии ин ҳадафи тақдирсоз ва пешрафти соҳа мутахассисони баландпояи ба меъёрҳои талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯ мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Чунин мутахассисонро дар ҷумҳурӣ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тайёр менамояд.

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз куҳантарин муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли равон аз таъсиси он 88 сол пур мешавад. Боздиди мо аз донишгоҳи мазкур ва ягона даргоҳи муқаддаси омодакунандаи кадрҳои соҳаи кишоварзӣ 31 январ, замоне оғоз ёфт, ки дар бинои асосии он нишасти матбуотӣ бо иштироки васеъи намояндагони васоити ахбори омма баргузор мегардид. Дар нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло баромад намуда, ҳозиринро ҳайрамақдам гуфт ва аз натиҷаи фаъолияти яксолаи Донишгоҳи аграрӣ гузориш ва ба саволҳои рӯзноманигорон посух дод.
Донишгоҳи мазкур таърихи тӯлонӣ дошта, соли 1931 дар пойгоҳи факултети хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна Донишкадаи осиёимиёнагии меваю сабзавот (ДОММС) дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуда, 7 августи соли 1944 ба пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Сталинобод (ҳозира ш. Душанбе) кӯчонида шуд. Дар асоси қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 1992, №311 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон Муассисаи давлатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд ва 20 октябри соли 2009 бо пешниҳоди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 110 — солагии зодрӯзи фарзанди фарзонаи миллат Шириншоҳ Шоҳтемур Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шуд.
Донишгоҳ дар тӯли 88 соли фаъолияти худ ба яке аз муассисаҳои калонтарини касбии таълимию илмии ҷумҳурӣ табдил ёфта, барои истеҳсолоти кишоварзии ватани азизамон ва берун аз он зиёда аз 52061 нафар мутахассиси баландпоя тайёр намудааст, ки дар айни замон дастпарварони он дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва кишварҳои дигар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва мақомоти роҳбарикунанда бомуваффақият кор мекунанд. Донишгоҳ дорои муқаддасоти хеш: Суруд, Парчам, Рамз мебошад. Дар донишгоҳ 430 нафар воҳиди корӣ мавҷуд аст, ки ба он 416 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 6 нафар академик ва 7 узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ, 46 доктори илм, 57 профессор ва 126 нафар номзади илм ва 233 омӯзгори беунвон барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд.

Ҷоизаи тиллоии “Эраи Сифат” ва “Донишгоҳи беҳтарини сол”

Донишгоҳ барои муваффақиятҳои шоён дар таъмини сифат ва афзалият сазовори ҷоизаи тиллоии “Эраи Сифат”-и ташкилоти байналмилалии B.I.D. дар соли 2003 гардид ва моҳи марти соли 2017 аз тарафи Ассамблеяи тиҷоратии Аврупо — Кумитаи байналмилалии Суқрот (Оксфорд, Британия Кабир) донишгоҳ бо ҷоизаи байналмилалии “Донишгоҳи беҳтарини сол” мукофонида шуд. Соли 2017 барои саҳми арзанда дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ донишгоҳ бо Нишони фахрии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Донишгоҳ аъзои Муассисаҳои олии касбии кишоварзии ИДМ, шабакаи донишгоҳҳои Авроосиё ва Атлантика, Алянси муассисаҳои олии касбии Чин ва Осиёи Марказӣ мебошад.
Ду олими шинохтаи донишгоҳ аз рӯйи фаъолияти ихтироотиашон ба гирифтани медали тиллоии ташкилоти байналмилалии моликияти зеҳнӣ, 9 олими ҷавони донишгоҳ ба гирифтани Ҷоизаи ҷумҳуриявии Исмоили Сомонӣ ва як олими шинохта бо Ҷоизаи ба номи академик Павловский Е.Н. мушарраф гардонида шудаанд.

Факултетҳо ва шуъбаҳо

Агар дар соли 1933 донишкада дорои ҳамагӣ ду факултет — агрономӣ ва меваю сабзавотӣ бошад, айни замон дар донишгоҳ 9 факултет- агрономӣ, агробизнес, баҳисобгирӣ ва молия, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, гидромелиоративӣ, зооинженерӣ, иқтисодӣ, механиконии кишоварзӣ, тибби ветеринарӣ амал менамоянд, ки онҳо дорои 49 кафедра (38 кафедраи тахассусӣ ва 11 кафедраи умумидонишгоҳӣ) мебошанд. Фаъолияти шуъбаҳо ҷоннок шуда, тамоми ҳуҷҷатгузории рафти санҷишу имтиҳонот дар давраҳои сессияҳо, дараҷаи дарсазхудкунии ҷории донишҷӯён, таҳлили натиҷаҳои охирин ва ҷамъбасти онҳо, тақсими сарбории кафедраҳо бо тарзи муттамарказонидашуда бо воситаи коркарди компютерӣ гузаронида шудаанд ва оянда ин раванд боз ҳам такмил меёбад. Ин тарзи корбарӣ имконият медиҳад, ки раёсати донишгоҳ оиди тамоми ҷараёни раванди таълим маълумоти кофӣ дошта бошаду фаъолияти факултетҳо зери назорати қатъӣ бошад.

Гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ

Дар донишгоҳ дар баробари гуруҳҳои буҷавӣ гуруҳҳои шартномавӣ низ амал мекунанд. Дар факултетҳои баҳисобгирию молия, иқтисодӣ ва агробизнес танҳо гуруҳҳои шартномавӣ амал менамоянд, ки ихтисосҳои равияи иқтисодиро дар бар мегиранд. Вобаста ба интихоби довталабон дар дигар ихтисосҳои роиҷи донишгоҳ баробари гуруҳҳои ройгон гуруҳҳои шартномавӣ низ мавҷуданд. Маблағи таҳсил нисбати дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дастрас буда, дар 1 сол аз 2750 то 6 000 ҳазор сомониро вобаста ба ихтисосҳои донишгоҳ ташкил медиҳад.

Ихтисосҳое, ки дар донишгоҳ омӯхта мешаванд

Дар давоми 27 соли Истиқлолияти давлатӣ номгӯи ихтисосҳои донишгоҳ аз 10 ба 46 расида, дар донишгоҳ аз рӯйи сохтори бисёрзинагӣ тайёр кардани кадрҳо ҷорӣ гардидааст. Моҳи апрели соли 2017 донишгоҳ аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Аттестатсияи навбатии давлатӣ гузашта бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28.04.2017, №5/7) ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 05.05.2017, №1586) соҳиби “Иҷозатнома” оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ (АУ №0002271) то 05.05. соли 2022 (аз 05.05.2017, №2875) гашт. Мувофиқи замимаи иҷозатномаи мазкур ба донишгоҳ барои 46 ихтисоси бакалавр, 35 ихтисоси магистр, 11 ихтисоси аспирантура, 27 ихтисоси PhD, 13 ихтисоси докторантура, 18 курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва 2 курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ (такмили ихтисоси устодону кормандон ва кадрҳои КАС) иҷозат дода шуд.
Дар асоси дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун таҷриба соли 2012 дар донишгоҳ 7 ихтисоси ҳамгиро ташкил карда шуд, ки баъди хатм мутахассисони ихтисосҳои мазкур соҳиби ду касб мегарданд. Мақсад аз ин амал он аст, ки дар шароити кунунӣ силсилаи истеҳсол — нигоҳдорӣ — коркард — маркетинг — фурӯш дар истеҳсолот татбиқ шаваду бештар самара орад.
Донишгоҳ пойгоҳи мустаҳками тайёр намудани афсарони эҳтиётиро дорад. Донишҷӯён дар кафедраи ҳарбӣ маҳорати ҳарбӣ омӯхта илова ба ихтисос донишҷӯён касби муҳофизи Ватан-афсари эҳтиётии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешаванд.

Шумораи умумии муҳассилин

Дар айни замон ба таълиму тарбия 9360 донишҷӯ аз рӯйи 46 ихтисос фаро гирифта шудаанд, ки аз ин 7207 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 2153 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2018-2019 13 нафар донишҷӯёни аълохон ва намунавии донишгоҳ идрори президентӣ ва 4 нафар идрори номӣ мегиранд.
Дар соли таҳсили 2018-2019 фаъолияти бахши таҳсилоти фосилавӣ пурзӯр карда шуда, синфхонаи махсуси бахши таҳсилоти фосилавӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардиданд.
Омӯзиши мо нишон дод, ки баҳри ҷалби довталабон ба донишгоҳ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Бо ин мақсад дар моҳҳои феврал-марти соли 2018 омӯзгорони пуртаҷриба барои корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд. Дар натиҷа тибқи маълумоти оморӣ ҳамасола зиёда аз 35 ҳазор нафар довталаб ихтисосҳои донишгоҳро аз рӯйи кластерҳои 1-2 ва 5 интихоб менамоянд. Дар соли таҳсили равон ба донишгоҳ 2338 нафар довталаб қабул карда шуд. 66 нафар тариқи квотаи президентӣ қабул гардиданд. Иҷроиши нақшаи қабул дар соли ҷорӣ дар шуъбаи рӯзона 94,0 фоизро ташкил медиҳад.
Магистратура дуюмин зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Дар шуъбаи магистратураи донишгоҳ равияҳои биологӣ, иқтисодӣ ва муҳандисӣ амал мекунанд. Мувофиқи замимаи иҷозатнома (АУ №0002271 аз 01.08.2018) донишгоҳ ҳуқуқи қабули магистронро аз рӯйи 35 ихтисос ва докторантони ихтисоси PhD-ро аз рӯйи 27 ихтисос дорад.

Муҳассилини хориҷӣ

Дар донишгоҳ барои таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Пойгоҳи қавии моддию техникӣ, хобгоҳи замонавӣ барои муҳассилини хориҷӣ, курсҳои ройгони забономӯзӣ, озмоишгоҳҳои дорои дастгоҳҳои ҳозиразамон, китобхона бо махзани ғании китобҳои соҳавию бадеӣ ва илмӣ, толорҳои васеи хонишу фарҳангӣ, майдону толорҳои варзишӣ, осорхонаи муқтадир ва дигар шароити илмомӯзӣ муҳайёст. Дар донишгоҳ қаблан аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик бо тариқи шартномавӣ ва тибқи бурсияи ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 21 ихтисос таҳсил менамоянд.
Айни ҳол дар донишгоҳ хамагӣ 35 нафар донишҷӯ, магистрони хориҷӣ таҳсил менамоянд, бо мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстӣ бо кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ҷалби бештари ҳамзабонон дар назар аст.

Ҳамкориҳои донишгоҳ бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ

Раёсати донишгоҳ ҳамасола барои вусъати тоза бахшидан ба раванди муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳо бо муассисаҳои олии касбии мамлакатҳои алоҳидаи хориҷи дуру наздик ва ташкилотҳои байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Донишгоҳ айни замон бо 130 донишгоҳу донишкадаҳои 23 давлати дунё созишномаҳои ҳамкорӣ дорад. Тибқи созишномаҳои басташудаи тарафайн ва тавассути амалисозии лоиҳаҳо бо барномаву муассисаҳои таълимиву илмӣ омӯзгорони донишгоҳ дар мамлакатҳои қитъаҳои Аврупою Осиё сафарҳои илмӣ, коромӯзӣ, такмили ихтисос кардаанд. Дар соли 2018 аз рӯйи 18 лоиҳа бо ташкилотҳои байналмилалии ERASMUS, ERASMUS+, USAID, CAFT, JICA, UniNet, DAAD, FAO, TICA, IFFAD, CASIA, TOSCA, IASTANA, LOGO, РОСИС, PRAXX, GETEC-SOLUTION донишгоҳ шартномаҳои ҳамкориро дар бахшҳои мухталиф аз қабили табодули донишҷӯён, таҳсил дар зинаҳои магистратураву аспирантура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ, методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодон, ташкил намудани ихтисосҳои нав дар зинаҳои магистратура ва бакалавриат, коромӯзии омӯзгоронро дорад.
Тибқи созишномаҳои басташуда дар соли 2018 бо як қатор донишгоҳу донишкадаҳо аз хориҷи кишвар тавассути бархат (онлайн) 42 конференсияи байналмилалии илмӣ, методӣ, семинар, мизҳои гирд ва хондани лексияҳои проблемавӣ гузаронида шуданд.
Пойгоҳи донишгоҳ баҳри интихоби муассисаҳои олии касбии Федератсияи Русия барои довталабони тоҷик нақши муҳим мебозад. Соли чаҳорум аст, ки Ярмарка-намоишгоҳи байналмилалии «Таҳсилот дар Федератсияи Русия” дар пойгоҳи донишгоҳ мегузарад. Рӯзҳои 12-15 апрели соли 2018 ҳафтумин Ярмарка — намоишгоҳи байналмилалии «Таҳсилот дар Федератсияи Русия. Душанбе-2018» гузаронида шуд, ки дар он 60 намоянда аз 40 муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия иштирок карданд. Бо истифода аз шароити мусоиди ба вуҷуд омада, аллакай 10 нафар хатмкунандаи донишгоҳ ба зинаи магистратураи донишгоҳҳои аграрии Федератсияи Русия дохил гардиданду садҳо довталаб барои таҳсил дар ФР роҳхат гирифтанд.
Дар соли 2018 бо маблағгузории барномаи ERASMUS+, Бонки ҷаҳонӣ, Сафорати Полша ва Муассисаи давлатии Маркази “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” шаш лоиҳа вобаста ба таҳсил дар зинаи магистратура, табодули омӯзгорон дар самти хондани лексияҳо, роҳандозии омӯзиши фосилавӣ, системаи мултимедӣ ва таъмини озмоишгоҳи кафедраи зироаткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво бо таҷҳизотҳо ва кушодани ихтисоси нави Марғзорпарварӣ (чарогоҳпарварӣ) ба фаъолият шуруъ намуданд. Ҳамзамон дар доираи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” озмоишгоҳу синфхонаҳои кафедраи зироаткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво пурра таъмир гардида, бо мизу курсӣ, воситаҳои айёнии таълимӣ ва таҷҳизоти навтарини озмоишгоҳӣ таъмин гардиданд. Бо дастгирии сафорати Полша кафедраи анатомия ва паразитологияи факултети тибби ветеринарии донишгоҳ бо микроскопҳои рақамӣ пайваст гардид, ки тавассути ин микроскопҳо системаи омӯзиши мултимедӣ ҷорӣ гардида, ба дастрасии ҳуҷҷатҳои рақамии ташхисҳои гузаронида имконият медиҳанд.
Барои донишҷӯёну магистрон ва устодони донишгоҳ аз ҷониби кормандони ташкилотҳои хориҷӣ лексияҳо хонда мешавад. Дар асоси ҳамкориҳо дар соли 2018 устодони донишгоҳ дар маҷаллаю рӯзномаҳои давлатҳои Олмон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, ҶМЧ ва Ӯзбекистон 76 мақолаи илмӣ ба чоп расониданд. Ҳамкориҳои муштараки донишгоҳ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи кишоварзии Тоҷикистон ва донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ самарабахш мебошад.

Иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои дохилӣ ва хориҷӣ

Дар баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ҷамъияти илмии донишҷӯён, маҳфилҳои илмии кафедраҳо ва мактабҳои профессорону омӯзгорони болаёқат мавқеи хосаро дороанд. Онҳо имконият медиҳанд, ки донишҷӯён қобилияти зеҳниашонро афзоянд ва ин замина мегардад барои иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ. Соли 2018 дар ин самт нишондиҳандаҳои донишгоҳ назаррас аст. Аз ҷумла дар озмун барои дарёфти Ҷоизаи Академияи илмҳои ҶТ донишҷӯёни донишгоҳ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва Ифтихорнома гардиданд. Донишҷӯи курси чоруми факултети гидромелиоративӣ Миразизов Ш.З. дар V-умин олимпиадаи минтақавии байналмилалии “Идоракунии захираҳои об”, ки бо иштироки донишҷӯёни 8 муассисаи олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи донишгоҳ баргузор гардид, сазовори ҷойи аввал шуд, ҳамзамон ӯ дар қисмати ҷамъбастии ин олимпиада, ки дар моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд барандаи ҷойи аввал дар байни муассисаҳои олии касбии кишварҳои Осиёи Миёна гардид.

Дастовардҳо ва ихтирооти устодону шогирдони донишгоҳ

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳарчӣ бештар дар истеҳсолот татбиқ намудани натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони соҳа, олимони донишгоҳ корҳои шоёнро анҷом медиҳанд. Дар ин самт ихтироъ кардан ва ба вуҷуд овардани навъҳои наву серҳосили зироатҳо ва зотҳои сермаҳсули чорво аз ҷумлаи вазифаҳои доимӣ ва муҳимтарини олимони донишгоҳ дониста шудааст. Мутобиқи нақшаи “Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2016-2020” ва дар асоси нақшаҳои тақвимии тасдиқшуда барои соли 2018 дар донишгоҳ аз рӯйи 10 мавзӯи фармоишӣ ва 16 мавзӯи сарборӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида шудаанд.
Дар соли 2018 бо назардошти натиҷаҳои корҳои илмӣ 2 нафар олими донишгоҳ узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии ФР интихоб шуданд. Дар озмуни ҷумҳурияви “Навоварии беҳтарин” ду олими ҷавон барои ихтирои мошини хурдҷусса дар коркарди байниқаторҳои боғҳои интенсивӣ бо дипломи дараҷаи 2 ва ифтихорнома қадр карда шуданд. Олимони донишгоҳ соҳиби 3 шаҳодатномаи муаллифӣ (патент) шуданд.
Дар соли 2018 олимони донишгоҳ 17 китоби дарсӣ, 160 дастури дарсӣ, 6 монография, 10 тавсиянома, 650 мақолаи илмӣ ба чоп расонданд ва дар конференсияҳо, семинару симпозиумҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки ҳалли масъалаҳои рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни кишоварзиро дар бар мегирифтанд, фаъолона иштирок намуданд. Дар соли 2018 дар донишгоҳ 11 конференсия, 2 семинар ва 5 мизи мудаввар баргузор гардид.
Доир ба фаъолияти қисматҳои гуногуни донишгоҳ дар соли 2018 дар симо беш аз 52 барнома ва дар садо 35 барнома пахш гардид, ки як қисми онҳо корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони донишгоҳро дар бар мегирифт. Ҳамчунин аз ҷониби олимон оид ба натиҷаи тадқиқотҳои илмӣ якчанд мақола дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ чоп гардиданд.

Шӯрои дисертатсионӣ

Дар соли 2018 дар назди донишгоҳ 2 Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи 4 мавзӯ фаъолият намуданд, ки то ин дам дар онҳо 13 нафар рисолаи номзадӣ ва 3 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуданд. Инчунин дар соли 2018 1 нафар рисолаи докторӣ ва 3 нафар рисолаи номзадиро дар шӯроҳои диссертатсионии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳимоя карданд.
Дар соли 2018 аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 шӯрои диссертатсионии миллӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) дар донишгоҳ барои фаъолият иҷозат дода шудааст, ки дар онҳо 12 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Ҳуҷҷатҳои боз ду Шӯрои диссертатсионӣ барои фаъолият баррасӣ гардида истодаанд.
Дар самти ба хонандагон пешниҳод намудани дастовардҳои илмӣ маҷаллаи назариявӣ, илмию амалии “Кишоварз”, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст саҳми арзанда мегузорад.
Соли 2018 барои мустаҳкам намудани пойгоҳи таълимии донишгоҳ 4 озмоишгоҳи нави замонавии таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Мутобиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ — тадқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 ду лоиҳаи фармоишӣ аз ҳисоби буҷети мамлакат мавриди амал қарор дорад, ки ин вобаста ба ҳимояи наботот аст. Тибқи дархости мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо устодони донишгоҳ тавсияҳои муфидро оид ба проблемаҳои мубрами соҳаи кишоварзӣ пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин ҳамкории қавии олимони донишгоҳ тавассути филиалҳои Маркази такмили ихтисоси кормандони КАС бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ба роҳ монда шудааст.
Барои баланд бардоштани савияю малакаи касбии омӯзгорони донишгоҳ курсҳои омӯзишӣ ташкил ва гузаронида мешаванд ва шӯроҳои диссертатсионӣ дар ҳалли соҳиб шудан ба унвони илмӣ нақши муҳим мебозанд.

Хобгоҳи донишгоҳ

Хобгоҳи донишгоҳ дар васати донишгоҳ қарор дошта аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, дар он майдончаи замонавии варзишӣ, дармонгоҳ ва ошхона мавҷуд аст. Бунёди ҳаммоми муосир дар назар аст. Хобгоҳи муҳассилини хориҷӣ ва хобгоҳи духтарон дар биноҳои алоҳида ҷойгир буда, биноҳои хобгоҳҳои дигар ба факултетҳо вобаста карда шудаанд. Дар хобгоҳҳои донишҷӯён зиёда аз 1000 нафар донишҷӯ зиндагӣ менамоянд. Тибқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ пардохти маблағи зист дар хобгоҳ дар як соли хониш 600 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки нархи дастрас ва муносиб мебошад.
Донишҷӯён-ятимони кулл ва маъюбони гуруҳи аввал аз пардохти маблағи зист дар хобгоҳ озод мебошанд.

Усулҳои гузаронидани дарсҳои таҷрибавӣ

Ба масъалаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Бо ин мақсад бо корхонаву муассисаҳо ва хоҷагиҳо шартномаҳо баста шудаанд ва дар баъзе муассисаҳои илмию тадқиқотӣ филиалҳои таҷрибаандӯзӣ фаъолият мекунанд. Барои мустаҳкам намудани робита ҷиҳати минбаъд ба кор ҷалб намудани хатмкунандагон бо ташкилоту корхонаҳо ва хоҷагиҳои пешқадам барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ба ин муассисаҳо шартномаҳо баста шудаанд. Соли ҷорӣ донишҷӯёни бахшҳои 3 ва 4-и факултеҳои донишгоҳ дар асоси шартномаи тарафайн барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд. Агар дар соли таҳсили 2015-2016 миқдори шартномаҳои басташуда ҳамагӣ 150 — 180 адад бошад, имрӯз миқдори ин шартномаҳо ба зиёда аз 350 расидааст. Барои амалӣ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён ва бо сифат гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ҳоло дар корхонаю ташкилот ва муассисаҳои илмӣ дар асоси шартномаи дутарафа 40 филиали кафедраҳо таъсис дода шудааст. Ҳамкорӣ бо пажуҳишгоҳҳои АИ КТ хуб ба роҳ монда шудааст.
Таҷрибаомӯзиҳо шароит фароҳам меоваранд, ки донишҳои назариявии азхудкардашуда ба амалия пайваста шуда, малакаи касбӣ пайдо шаваду завқи донишҷӯ ба фаъолияти илмӣ-истеҳсолӣ бедор гардад.
Раёсати донишгоҳ мақсаду вазифаҳои хоҷагии таълимиву таҷрибавии шаҳри Ҳисор ва ХТТ “Ёвон-1”-и ноҳияи Ёвон чун унсури сохторӣ дар раванди таълим ба назар гирифта, барои боз ҳам мустаҳкам намудани иқтидори пойгоҳию истеҳсолии онҳо доимо тадбирҳои судманд меандешад.

Дастгирии ятимон — кори ҳамешагии раёсати донишгох

Дар донишгоҳ 7 нафар донишҷӯи маъюб, 25 нафар донишҷӯи ятими кулл ва 299 нафар донишҷӯи нимятим таҳсил менамоянд, ки доимо зери назорат ва сарпарастии раёсати донишгоҳ мебошанд. Баҳри таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2014, №АП-159, бахшида ба рӯзи ҳифзи кӯдакон ва тамоми ҷашну идҳои ниёгонамон ба мактаб — интернати кӯдакони ятиму бепарастони Сорвои шаҳри Ваҳдат мадади молиявӣ расонида мешавад. Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, кишоварзӣ ва Низомнома дар бораи гузаронидани донишҷӯён аз гуруҳҳои ғайриройгон ба гуруҳҳои ройгон дар давоми соли 2018 29 нафар донишҷӯи ятим, нимятим, маъюб, фарзанди омӯзгор ва оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 50 фоиз ё 100 фоиз аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шуданд, ки он наздик ба 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Раёсати донишгоҳ оид ба дастгирии донишҷӯёни ятими кулл мунтазам тадбирҳои лозима меандешад. Хоҳишмандон бо хобгоҳ ва идрор таъмин буда, фаъолияти таълимию тарбиявии онҳо зери назорат мебошад. Ёрии яквақтаи раёсати донишгоҳ ва садорати факултетҳо дар арафаи иду ҷашнҳо мунтазам ба ин донишҷӯён расонида мешавад.

Дараҷаи тахассус ва бо кор таъминкунии хатмкунандагони донишгоҳ

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ихтисосҳо танҳо ба хоҷагии деҳот хос аст. Яъне, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз дигар донишгоҳҳои олии мамлакат ба куллӣ фарқ мекунад. Он танҳо аз рӯйи равияҳои махсус мутахассис омода месозад. Ихтисосҳо дар заминаи барномаҳои давлатӣ роҳандозӣ мегардад.
Соли 2018 донишгоҳро 1145 донишҷӯи курсҳои 4 ва 5-ум аз рӯйи 31 ихтисос, 50 нафар магистр аз рӯйи 11 ихтисос ва 8 нафар доктор PhD аз рӯйи 8 ихтисос — дар умум 1203 нафар хатм карданд. Аз миқдори умумии донишҷӯёни бакалавр ва мутахассис 470 нафар дар гуруҳҳои шартномавӣ, 596 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ ва 79 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсил намудаанд. Аттестатсияи хатм дар донишгоҳ нишон дод, ки сатҳи дониши касбии хатмкунандагон давра ба давра рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Холи миёнаи баҳои рисолаҳои ҳимоякардашуда дар миқёси факултетҳо аз 3,8 то 4,6 хол буда, дар донишгоҳ 4,2 хол аст. 13 нафар хатмкунандаи донишгоҳ соҳиби дипломи сурх гардиданд.
Хатми магистрон дар донишгоҳ соли чорум буда, натиҷаи имтиҳони давлатӣ ва ҳимояи рисолаи магистрӣ назаррасанд. Имтиҳони давлатиро 41,8%-и магистрон бо баҳои аъло, 43,6 % бо баҳои хуб ва 14,6% бо баҳои қаноатбахш ҷамъбаст намуданд. Аз ҳимояи рисолаи магистрӣ 58,2% баҳои аъло, 32,7% баҳои хуб ва 9,1% баҳои қаноатбахш гирифтанд. Аз зинаи дуюми таҳсил баъзе аз хатмкунандагони магистратура барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳои худро ба докторантураи РнD супориданд.
Тадбирҳои андешидаи садорати факултетҳои донишгоҳ ҷиҳати таъминоти хатмкунандагон бо ҷойи кор дар ин давра имкон дод, ки 596 хатмкунандаро бо ҷои кор таъмин намоянд. Ҳамаи ин далолати он мебошад, ки имрӯз хатмкунандагони донишгоҳ дар бозори меҳнат харидор пайдо намуда истодаанд ва ба рақобати бозори меҳнат тобовар буданро ҳис менамоянд. Раёсати донишгоҳ ҳам дар таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор тадбирҳои судманд тавассути шартномаҳои ба имзорасонидашуда бо корхона ва ташкилотҳо меандешад.
Донишгоҳ ҷиҳати ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагони буҷавӣ бо идораҳои кишоварзии вилояту ноҳияҳо, хоҷагиҳои алоҳидаи фермерӣ, ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои истеҳсолӣ робитаи зич дорад. Дар айни замон дастпарварони донишгоҳ дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва кишварҳои дигар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва мақомоти роҳбарикунанда бомуваффақият кор мекунанд.
Дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи тақсимоти хатмкунандагон бо ҷойи кор ташкил намуда, тибқи роҳхат ба ҷойи кор фиристодани тамоми хатмкунандагони гуруҳҳои буҷавии донишгоҳро таъмин менамоянд. То имрӯз 26 нафар донишҷӯӣ тибқи квотаи президентӣ баъди хатм дар зинаи магистратура, 5 нафар дар аспирантура таҳсил карда, 7 нафари онҳо баъди хатм дар донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор ба кор монданд ва 4 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.

Ба ҷои охирсухан

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ягона муассисаи олии касбии кишоварзӣ дар Тоҷикистон буда, ҳамзамон барои ихтисосҳои самтҳои иқтисодию техникӣ мутахассис омода менамояд.
Донишгоҳ дорои ҳама шароити таҳсил буда, мустақилияти донишҷӯ таъмин карда шудааст ва онҳо дар руҳияи омӯзиши арзишҳои умумибишарӣ, азхуд намудани забонҳои сернуфузи хориҷӣ ва ифтихор аз ватану забон тарбия меёбанд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ баҳри иҷрои вазифаҳои ба зимма доштаашон тамоми иқтидори илмию зеҳнии хешро равона менамоянду ба ин васила дар мустаҳкамсозии иқтидори зеҳнӣ, малакаи касбӣ, рақобатпазир тайёр гардидани мутахассисони ояндаи бозори меҳнат саҳми хешро мегузоранд.
Аҳли донишгоҳ тамоми нерӯву имкониятҳои хешро барои баланд бардоштани маърифатнокӣ, шуурнокии донишҷӯёну мардуми кишварамон, тақвияти сатҳи фарҳанги сиёсии ҷавонон, ваҳдату якдигарфаҳамии миллати тоҷик ва рушди босуръати тараққиёти Тоҷикистони биҳишосоямон сафарбар менамоянд. Пойгоҳи моддию техникӣ пайваста мустаҳкам мегардад, ки барои такон бахшидан ба раванди таҳсил заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳар нафаре, ки мехоҳад мутахассиси хуби соҳаи хоҷагии қишлоқ шавад ва ё муҳофизи Ватан-афсари эҳтиётии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад, ба назари мо Донишгоҳи агарарии Тоҷикистон беҳтарин интихоб хоҳад буд. Рамзи донишгоҳ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами 103 мебошад. Ба донишгоҳ довталабон аз рӯйи гуруҳҳои ихтисосҳои (кластерҳои) 1-табиӣ ва техникӣ, 2-иқтисод ва география ва 5-тиб, биология ва варзиш қабул карда мешаванд.

“МТЖТ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here