Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди баргузории интихоботи президентӣ бо ба даст овардани овози аз ҳама зиёд, Президенти кишвар интихоб гардида, ба вилояти Суғд ташриф оварда, дар ҷашни фархундаи 700-солагии шоири бузурги адабиёти классикии тоҷику форс Шайх Камоли Хуҷандӣ иштирок ва суханронӣ намуда, бо вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷараёни корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ шинос гашта, якчанд иншооти истеҳсоливу иҷтимоии навбунёдро мавриди истифода қарор доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ борҳо таъкид намудаанд, ки “ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсиву иқтисодии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи дастоварди муқаддастарини халқамон — истиқлолу озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд”.

Президенти кишвар дар Паёми навбатии хеш ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд. Дар ин замина, Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таблиғоти омӯзиши фанҳои дақиқ ва риёзӣ, муҳокимаи роҳҳои самараноки омӯзиши онҳо корҳои назаррасро анҷом додааст. Дар давоми соли таҳсил аз ҷониби кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ 8 маротиба семинарҳои илмӣ-назариявӣ доир ба мавзуҳои муҳими характери таблиғотӣ доштаи омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ ташкил ва гузаронида шудааст. Аз тарафи устодон-сарпарастони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ бо донишҷӯёни курси якуми ихтисосҳои “Информатикаи иқтисодӣ” ва “Технология ва низоми иттилоот (дар иқтисодиёт)” доир ба мавзуҳои “Нақши фанҳои дақиқ дар пешрафти илмӣ-техникӣ”, “Иқтисодиёти рақамӣ ва мушкилиҳои татбиқи он дар Тоҷикистон” дарсҳои тарбиявӣ гузаронида шудааст. Ташкили дарсҳои кушоди намунавӣ аз тарафи устодони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, дотсент Иброҳимов И. И. аз фанни “Консепсияҳои табиатшиносии муосир” оид ба мавзӯи “Проблемаҳои табиатшиносии муосир” ва муаллими калон Негматов М. Т. санаи 11-уми марти соли 2020 аз фанни “Математикаи олӣ” доир ба мавзӯи “Интеграли муйян ва татбиқи он дар ҳисобкунии масоҳат” гузаронида шудааст.

Ҳар як донишкада ҳадаф ва мақсадҳои худро дорад. Ҳадафи асосии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ин пеш аз ҳама:

— тайёр намудани мутахассисони варзидаи рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат;

— дар сатҳи баланд омӯзонидани донишҳои касбӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ;

— татбиқи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ дар раванди таҳсил ва дар сатҳи баланд омӯзонидани онҳо;

— омӯзонидани на кам аз се-чор забони хориҷӣ;

— вусъати муносибатҳои тарафайн бо донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷа;

— тадбиқи иқтисодиёти рақамӣ бо мақсади тайёр намудани иқтисодичиёни муосир барои рушди иқтисодии Тоҷикистон;

— ташаккул додани инсони комил, ҷаҳонбинӣ ва ба дараҷаи баланд омӯзонидани одоби муоширати касбӣ аст.

Дар донишкада 232 нафар профессорону омӯзгорон фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд, ки аз ҷумла 7 нафар докторони илм, профессорон, 3 нафар номзадҳои илм, профессор, 58 нафар номзадҳои илм ва дотсентҳо, 70 нафар муаллимони калон ва 94 нафар ассистентҳо мебошанд.

Таҳсил дар донишкада бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Зиёда аз 35 нафар олимону омӯзгорон дар гуруҳҳои таҳсил бо забони англисӣ машғулиятҳоро аз ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайра) бо забони англисӣ мегузаронанд.

Заминаи моддию техникии Донишкада ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ буда, ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд, дар ду баст ташкил карда шудааст.

Базаи моддию техникӣ дар сатҳи лозима қарор дошта, аз ҷумла 606 адад компютерҳои замонавӣ, 70 адад ноутбук, 20 адад телевизор, 18 адад экран барои проектор; 103 адад проектор, 33 адад тахтаи электронӣ, 134 адад камераҳои назоратӣ мавҷуд мебошанд.

Дар Донишкада китобхонаи анъанавӣ, китобхонаи электронӣ, синфхонаи интернет, синфхонаи лингафонӣ — 3 адад, синфхонаҳои компютерӣ — 9 адад, синфхонаи таълимии бонкӣ — 1 адад, маркази омӯзиши забонҳо, толори маҷлисгоҳи калон бо 250 ҷои нишаст, толори Шӯрои олимон, толори фитнес бо 18 тренаҷерҳо, майдончаи варзишӣ, ошхонаи бо 90 ҷои нишаст, хобгоҳи дорои 26 адад ҳуҷраи истиқоматӣ барои 70 нафар донишҷӯён, бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст.

Донишкада аз се факултет иборат буда, дар он 12 кафедра аз рӯи самтҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ фаъолият намуда истодааст.

Бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳон дар донишкада мукаммалкунии усулҳо ва шаклҳои корҳои таълимӣ, иҷрои нақшаҳои корӣ, барномаҳо ва силлабусҳо машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ (амалӣ), лабораторӣ ва дигар намуди машғулиятҳои таълимӣ тибқи нақшаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар ин замина, ба роҳ мондани идоракунии электронӣ ва назорати сифати таълим дар донишкада бо роҳи коркарди комплекси барномаҳои автоматикунонии идоракунии маъмурӣ ва назорати сифати таҳсилот бо номи “Алфа- экспресс” амалӣ карда шудааст. Ин барнома пурра дар донишкада ҷорӣ карда шуда, ҳамасола мукаммал гардонида мешавад. Ҳамаи маълумотҳо оид ба ҳар як донишҷӯ, аз ҷумла, варақаи шахсӣ, ҳозиршавӣ ба машғулиятҳо, холҳои ҳаррӯзаи донишҷӯён, натиҷаҳои санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ, ҳамаи маводҳои дарсии профессорону омӯзгорон — силлабусҳо, маҷмӯаҳои таълимӣ-методӣ, мисолу масъалаҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаҳои тестҳо, мисолу масъалаҳои имтиҳонӣ ва ғайра ворид карда мешаванд.

Теъдоди умумии гуруҳҳои академӣ барои соли таҳсили 2019-2020 дар шуъбаи рӯзона 124 адад, дар шуъбаи ғоибона 45 адад ва дар низоми таҳсилоти фосилавӣ 14 адад ва дар умум 183 гуруҳи академӣ буда, машғулиятҳо дар ду баст ташкил карда шудаанд.

Дар ҷаласаҳои Шӯрои таълимӣ-методӣ масъалаҳои иштироки донишҷӯён ба дарсҳо, ҳолати сабақгардонӣ, дарсшиканиҳо, рафти донишандӯзии донишҷӯён ҳамаҷониба муҳокима карда мешаванд.

Натиҷаи таҳлили ҷамъбасти сессияи тобистонаи донишҷӯёни донишкада нишон дод, ки дар нимсолаи дуюми соли хониши 2019-2020 пешрафт дар Донишкада ба 100% ва сифат ба 19,9% баробар аст.

Донишкада бо зиёда аз 220 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомӯзӣ дорад, ки дар он донишҷӯён ва магистрантон дар давоми таҳсил аз таҷрибаомӯзӣ мегузаранд.

Дараҷаи донишандӯзии донишҷӯёнро дар давоми солҳои таҳсил натиҷаҳои аттестатсияи хатм ва ҳимояи рисолаҳои хатм инъикос менамоянд. Аттестатсияи хатми шуъбаи рӯзонаи зинаи бакалавр ва магистратураи соли таҳсили 2019-2020 аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои хатм иборат аст.

Ба имтиҳонҳои давлатии комплексӣ аз фанҳои тахассусӣ 446 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзона барои супоридан роҳ дода шуданд, ки аз он 441 нафар имтиҳонҳои давлатиро бомуваффақият супориданд. Натиҷаи имтиҳони хатмкунадагон нишон дод, ки 129 нафар (29,3%) баҳои аъло, 248 нафар (56,2%) баҳои хуб ва 64 нафар (14,5%) баҳои қаноатбахш супориданд. Ба қисми дуюми аттестатсияи давлатӣ, ҳимояи рисолаи хатм 451 нафар хатмкунандагони шуъбаи рӯзона роҳ дода шуданд. Натиҷаи ҳимояи рисолаҳои хатм аз хатмкунандагони иштирокдошта нишон дод, ки  147 нафар (36,75%) баҳои аъло, 228 нафар (57%) баҳои хуб ва 25 нафар (6,25%) баҳои қаноатбахш ҳимоя намуданд.

Атестатсияи давлатии донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаи бакалавр аз ҳимояи рисолаҳои хатм иборат буд. Натиҷаи ҳимояи рисолаҳои хатми донишҷӯёни шуъбаи ғоибона 180 нафар бо муваффақият гузаштанд, аз ҷумлаи хатмкунандагони аз аттестатсия гузашта 42 нафар (24,9%) баҳои аъло, 129 нафар (69,37%) баҳои хуб ва 9 нафар (5,68%) баҳои қаноатбахш гарифтанд.

Ба аттестатсияи хатмкунандагони магистратура 30 нафар роҳ дода шудааст, ки аз ин 28 нафар имтиҳонро супорида, 12 нафар баҳои аъло ва 16 нафар баҳои хуб гарифтаанд.

Донишкадаро дар соли ҷорӣ 640 нафар хатм намудаанд, ки аз он 15 нафар бо дипломи аъло ва 625 нафар бо дипломи муқаррарӣ мебошад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишкада — ин пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад, ки омӯзгорон тибқи Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 доир ба мавзӯи “Рушди инноватсионӣ ва мустаҳкам намудани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои илмӣ-тадқиқотиро амалӣ менамоянд. Дар солҳои 2019-2020-ум 16 нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар устод рисолаи доктории хешро бо муваффақият ҳимоя намудаанд.

Дар донишкада 6 конференсияҳои илмӣ-амалӣ ташкил ва гузаронида шудаанд, ки дар он намояндагон аз Раёсати андози вилояти Суғд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва олимони шинохтаи вилояти Суғд иштирок варзидаанд. Бо ҷалби ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои молиявӣ ва қарзӣ оид ба масъалаҳои мубрами соҳавӣ, муҳокимаи муаммоҳои илмӣ 13 мизи мудаввар гузаронида шудааст.

Донишҷӯёни донишкада дар корҳои илмӣ муваффақиятҳои назаррас дошта, дар озмунҳо фаъолона ширкат меварзанд. Бобомуродова Ситора — донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси мененҷмент дар озмуни вилоятии “Мақолаи беҳтарин” таҳти унвони “Имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯи мавзӯи “Рушди сайёҳӣ ҳамчун кафили беҳбуди мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ширкат варзида, дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва маблағи пулӣ ба миқдори 1000 сомонӣ қадрдонӣ карда шудааст.

Аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорон дар соли ҷорӣ 11 монография дар ҳаҷми 90,6 ҷузъи чопӣ, 6 китоби дарсӣ дар ҳаҷми 60,7 ҷузъи чопӣ, 16 маҷмӯаҳои таълимӣ-методӣ дар ҳаҷми 241,5 ҷузъи чопӣ, 56 мақолаҳои аз тарафи маҷаллаҳои КОА (ВАК) тасдиқшуда дар ҳаҷми 38 ҷузъи чопӣ, 129 мақолаҳои дар маҷаллаҳои илмии хориҷӣ дар ҳаҷми 94,66 ҷузъи чопӣ, 45 мақолаҳои ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 29,56  ҷузъи чопӣ, зиёда аз 129 мақолаҳои илмӣ дар маҷмӯаи дохилидонишкадавӣ дар ҳаҷми 90,53 ҷузъи чопӣ ба табъ расидаанд.

Бо мақсади истифодаи самараноки натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, рушди корҳои инноватсионӣ ва наздик кардани илм бо истеҳсолот корҳои зиёд амалӣ шуда истодааст. Намояндагии факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ дар маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” санаи 27-уми феврали соли 2020 таъсис дода шуд, ки минбаъд барои ҳамкориҳои байни донишкадаву маъмурияти минтақа оид ба ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯёну магистрантон, ба даст овардани маълумотҳои оморӣ барои навиштани рисолаҳои тахассусии хатм, магистрӣ ва докторӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Корҳои тарбиявии донишкада дар партави дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат оид ба маориф ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, шарҳу тафсири нутқу маърӯзаҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ, консепсияи миллии тарбия, гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо ва соатҳои тарбиявӣ бахшҳои асосии корҳои тарбиявии донишкада ба ҳисоб меравад.

Дар соли ҷорӣ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада 183 чорабиниҳо гузаронида шудаанд, ки самтҳои асосии фаъолияти корҳои тарбиявиро ташкил медиҳанд.

Донишҷӯёни донишкада дар ҳафтаи худидоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумла, соли равон ҳашт нафар донишҷӯёни донишкада дар вазифаҳои гуногун дар ҳафтаи худидоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок намудаанд.

Дар донишкада ансамбли рақсии “Парвона” ташкил карда шудааст, ки дар он 20 нафар донишҷӯдухтарони донишкада фаъолият мебаранд. Дастаи ҳунарӣ дар ҳамаи озмуну чорабиниҳои фарҳангии донишкада ва берун аз он ширкати фаъолона дошта, мунтазам ғолибият ба даст меоранд. Дар навбати худ донишҷӯёни фаъол аз тарафи роҳбарияти донишкада ҳавасманд гардида, ғолибон ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд.

Рушди муносибатҳои байналмилалии донишкада имконият фароҳам овард, ки заминаи моддӣ-техникии донишкада беҳтар гардида, робита ва мубодилаи устодону донишҷӯён бо мактабҳои олии бонуфузи хориҷи кишвар дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳи Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону магистрон ва донишҷӯён тибқи барномаҳои ЭРАСМУС — МУНДУС, ТАРГЕТ 1 ва 2, ТЕМПУС ва лоиҳаи ФЛЕПП метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзиро дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монанд.

Дар робита ба ин қайд кардан бамаврид аст, ки айни ҳол донишкада аз рӯи якчанд лоиҳа фаъолият дорад. Аз рӯи лоиҳаҳои Мубодилаи байналмилалии кредитии барномаи ЭРАСМУСӮ ба Донишгоҳи Кантабрияи Испания 4 нафар, Донишгоҳи Кордоба — 4 нафар ва дар Донишгоҳи Гедики Истанбул 1 нафар дар нимсолаи 2-юми соли хониши 2019-2020 таҳсил кардаанд. Инчунин тариқи ин лоиҳаҳо сафари омӯзгорону профессорон то 8 нафар бо тариқи озмун интихоб шуда, сафарбар карда мешаванд.

Дар чорчӯбаи амалишавии Лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ — лоиҳаи “Самтҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рақобатпазирии МТОК” шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ пурра бо мебел аз нав таҷҳизонида шуда, 4 синфхонаҳо пурра таъмир карда шуда, бо мебел, 42 адад компютерҳо, 10 адад проектор ва 10 адад доскаи электронӣ ва бо таҷҳизоти бонкӣ — “Синфхонаи компютерии бонки таълимӣ” ташкил карда шуда, инфрасохтори шабакаи бинои асосии донишкада бо пуррагӣ аз нав сохта шуда, бо WiFi таъмин карда шудааст. Дар доираи лоиҳаи номбурда 5 стандартҳо ва нақшаҳои таълими ихтисосҳо: Иқтисодиёти ҷаҳон, Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти беруна, Бизнес-маъмуриятчигӣ, Информатикаи иқтисодӣ ва Технология ва низоми иттилооти дар иқтисодиёт бо назардошти стандартҳои низоми таҳсилоти олии Аврупо ва талаботҳои бозори меҳнат аз нав коркард шудаанд. Барои ин зиёда аз 14 семинару тренингҳо аз тарафи коршиносони хориҷа, аз ҷумла бо ширкати намояндагони Донишгоҳи менеҷменти Варна (Булғория), Донишгоҳи давлатии иқтисод ва менеҷменти Санкт-Петербург (Федератсияи Руссия), Донишгоҳи кооперативи иқтисоди Белгород (Федератсия Руссия) ва

Донишгоҳи Миколас Ромерис (Литва) гузаронида шудааст, ки зиёда аз 120 нафар омӯзгорон иштирок намуда, соҳиби сертификат гаштаанд.

Дар баробари ин, 11 нафар омӯзгорон тибқи лоиҳа ба донишгоҳҳои Литва, Булғория, Олмон ва Россия сафар карда, оид ба омодагии гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ таҷрибаи шиносоӣ намудаанд.

Барои таъмини сифати таҳсилот ва гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ донишкада бо оҷонсии AQAS шаҳри Кёлни Олмон корбарӣ намуда, ташрифи экспертони оҷонсӣ дар моҳҳои октябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Дар чорчӯбаи амалишавии Лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ — лоиҳаи “Баландбардории рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён дар асоси принсипҳои раванди Болонӣ” 5 синфхонаҳо таъмир карда шуда, мебел барои 280 ҷои нишаст (мизу курсиҳо), 50 адад компютерҳо барои 2 синфхонаи компютерӣ, 6 адад ноутбук, 8 адад проектор, 6 адад принтерҳо харидорӣ карда шудаанд. Инчунин инфрасохтори шабакаи биноҳои 2 ва 3 бо пуррагӣ азнав сохта шуда, бо WiFi таъмин карда шудаанд.

Дар шароити паҳншавии бемории сироятии COVID-2019 соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар таҳти таъсири пайомадҳои манфии он қарор гирифтаанд ва Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои нахустини пайдоиши ин беморӣ ҳамаи чораҳои пешгирикунандаи заруриро амалӣ карда, ин равандро бомаром идома дода истодааст.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба талаботи Нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-2019 чораҳои пешгирикунанда ба роҳ монда, корҳои муайян иҷро карда шудаанд. Масъалаи мазкур дар маҷлиси Шӯрои олимони донишкада мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, бо мақсади амалӣ намудани чораҳо оид ба пешгирии бемории сирояти коронавирус Ситоди корӣ созмон дода, тибқи нақша чорабинӣ тасдиқ карда, давра ба давра амалӣ шуда истодааст. Ситоди корӣ мувофиқи дастури табибон барои амалигардонии чорабиниҳои пешгирикунандаи пандемияи сирояти коронавируси COVID-2019 корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳои инфиродиро дар байни кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён ба роҳ монда, рафти иҷроиши он зери назорати доимӣ қарор дорад.

Бояд қайд кард, ки дар донишкада маводҳои аввалиндараҷаи безараргардонӣ ба таври кофӣ харидорӣ ва захира карда шудааст, аз ҷумла, асбоби ҳароратсанҷ — 2 адад, либоси безараргардонӣ — 2адад, бочкаи махсус барои корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) — 3 адад, гидрохлорид — 400 литр, хлори хушк — 440 кг, дастпӯшаки резинӣ — 60 ҷуфт, белизна (айна, рахш ва ғайра) — 120 дона, антисептик — 210 дона, собуни моеъ — 60 литр, собуни муқаррарӣ — 40 адад, спирт — 180 литр.

Дар баробари ин, 450 метр дока (марлӣ) харидорӣ карда шуда, дар парки технологии донишкада дар як рӯз беш аз 250 адад ниқоб дӯхта шуда, то имрӯз 3330 адад тайёр карда шуда, ба муассисаҳои тиббӣ, кормандону омӯзгорону донишҷӯён тақсим карда шудаанд. Аз ҷониби масъулини кормандони хоҷагӣ тибқи меъёрҳои амалкунанда ҳамарӯза ду-се маротиба роҳрав, утоқҳои корӣ, синфхонаҳо ва дастқапакҳои дарҳои биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи донишкада бо таҷҳизоти махсус, корҳои безараргардонӣ (дизинфексия) шуда истодааст. Дар ҳудуди донишкада як ҳуҷраи махсуси алоҳида (изолятсионӣ) ҷудо карда шудааст, ки дар он 5 кат мавҷуд буда, он бо назардошти талаботу қоидаҳои беҳдошти зист ташкил карда шудааст.

Ба гуфтаи директори ДИС ДДТТ муҳтарам Олимӣ Рауф Латифзода “аҳли ҷомеаи донишкада, профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо шаҳомату кӯшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, баҳри сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдонамон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар хоки поки муқаддаси ватанамон саҳмгузор бошем ва парчами илму донишро дар замири ҳар як хонанда ва донишҷӯ партавафшон намоем”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here