Пас аз оне, ки сару садоҳои гуногуне атрофи Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе садо доданд. (Худ низ дар ин маврид навишта будам). Қарор додем то аз ин макон аз наздик дидан намоем. Чуноне дар урфият мегӯянд: Шунидан кай бувад монанди дидан.

Дар ҳақиқат ба он чизе, ки бо чашми сари худ надидаӣ набояд бовар кард. Ё шояд нигоҳи ман дигар бошад, ки натавонистам мисли дигарҳо камбудиҳоро дида бошам? Ин тавр низ мешавад…

Дар умум ҷои пинҳон нест, ки дар инҷой таъмир рафта истодааст ва аз ҳамин сабаб шояд каме бетартибӣ ба назар расад. Аммо мо аллакай одат кардаем, то доим аз даруни нохун чирк кофта бошем. Ман намегӯям, ки бояд мушкилиҳоро нодида гирифт. Худ тарафдори ошкорбаёнии камбудиам. Боғи ҳайвонот назар ба солҳои пешин хеле обод гардидааст. Чӣ тавре, ки роҳбарияти ин боғ гуфтанд, аллакай барои зимистонгузаронии ҳайвонҳо хоначаҳои махсус сохтаанд.

Коргарон бо ҳайвонот бисёр як муносибати хубе доранд. Дар инҷо Зӯҳро ном зане масъулияти нигоҳубини шер, хирс ва гургҳоро ба зимма дорад. Ӯ бо ин ҳайвонот чунон муносибати меҳрубононае дорад, ки ногуфтанист. Ҷонварон низ ба ӯ одат кардаанду ром шудаанд. Гапҳояшро мефаҳманд ва бо ӯ бозӣ мекунанд.

Ҳангоме, ки аз коргарон дар куҷо будани апаи Зӯҳроро пурсидем, онҳо моро ба назди қафаси ҳайвоноти ваҳши оварданд, ки дар онҷо Зӯҳро машғули шустани таги пои ҳайвонот буд. Бо ҳар як ҳайвон бо меҳр нигоҳ мекунад. Ҳатто ҳар яктоаш номи худро доранд. Масалан, ба шербачае, ки ҳамагӣ 4 моҳ дорад Ҷими ном додааст. Читавре худи ӯ ба мо нақл кард, ин номро ба ин ҷонвар бо хоҳишӣ писараш гӯзоштааст.

— Писарам аз ман хоҳиш кард, ки биё оча номашро Ҷими монем. Натавонистам хоҳиши писарамро рад созам. Ҷимиро мисли фарзанди худ дӯст медорам — мегуяд Зӯҳро.

Вақте, ки мо бо ҳамроҳии ӯ вориди майдоне, ки шербача нигоҳдорӣ мешуд ворид гардидем. Ҷимӣ бо дидани Зӯҳро чунон хушҳолӣ мекард. Бори нахуст ба ҳам чунон меҳрубон будани инсону ҳайвонро дар сирати Зӯҳро ва ба гуфти худаш фарзандони ӯ, дар ҳамин макон шоҳид гардидам.

Пас аз вохӯриву шиносоӣ бо Зӯҳрову Ҷимӣ ва дигар фарзандонаш роҳ пеш гирифтем ҷонибӣ манзиле, ки дар онҷо хазандаҳову паррандаҳо нигоҳдорӣ мешуданд. Шарофиддин ном шахсе, ки барои нигоҳубинии морҳо масъул аст. Моро бо навъҳои гуногуни ин хазанда ошно сохт чӣ тавре, ки ӯ ба мо нақл кард, дар инҷо 52 сар мор нигоҳдорӣ мешаванд.

— Дар инҷо 7-то мори калон дорем ва аз ҳама мори калонтаринамон 48 килограмм вазн ва 6 метр дарозӣ дорад. Мори майдаамон бошад 12 килограмм вазн ва 3 метр дарозӣ дорад — гӯфт Шарофиддин дар суҳбат ба мо.

Ӯ тӯли шаш сол инҷониб ҳамчун мудири шуъбаи акватерариум дар инҷо фаъолият мекунад. Ба қавли Шарофиддин морҳо луқмаи беҷонро намехуранд. Бинобар ин, дар як ҳафта як маротиба гоҳе дар 3 рӯз як маротиба ба назди онҳо муш ва ё заргӯшро мепартоянд то, ки сайди худро худ шикор карда тановул намоянд. Ӯ бо морҳо нотарсона сару кор мегирад.

Вақте, ки аз ҳайвонот дидан мекардем, тамошобинон бо коркунон муносибати дағале доштанд. Ин ҳолат баръакси он гуфтаҳое, ки гӯё кормандони ин боғ дағал бошанд, кормандон бо тамошобинон муносибати хубе, доранд аммо баъзе аз нафарон бо ҳар гуна суханҳои бемаънии худ ба иззати нафси кормандон мерасиданд.

Пас чӣ бояд кард? Шояд маро ба он гунаҳкор кунед, ки ҳамчун журналист аз камбудӣ нагуфта истодаам? Ин хоҳиши шумо. Шахсе фармудааст: «Ҳеҷ гоҳ ба касе чизеро исбот карданӣ машав, чун ҳар шахс ба таврӣ худ мефаҳмад». Бинобар ин, ман низ чизеро шоҳид гашта будам гуфтам, худ қазоват кунед.

Бахтиёр Раҳматуллоев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here