Ҳунару ҳунармандӣ омилҳое ҳастанд, ки рӯзгори инсонро таъмин месозанду тароват мебахшанд. Маҳз ба ҳамин хотир ва баҳри бештар муаррифӣ кардани маҳсули дасти ҳунармандон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Бо дастгирӣ аз ин иқдоми Сарвари давлат дар тамоми гӯшаву канори диёрамон мардум беш аз пеш ва бо шавқи беандоза ба ҳунармандӣ рӯй оварданд, ки намунаи барҷастаи онро метавон дар фаъолияти бонувони ҳунарманди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон мушоҳида намуд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ Рӯзигул Рустамзода дар суҳбат бо мо зикр намуд, ки “бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баён доштанд, тасдиқ карда шуда, дастраси шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоату деҳоти ноҳия гардонида шудааст”.

— Аҳолии ноҳия 118 ҳазору 355 нафарро ташкил намуда, 59 ҳазору 551 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳанд. Дар раванди сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода шуда, аз шумораи умумии 35840 нафар занони коргар 170 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият мекунанд. Ҷиҳати дар корҳои сиёсӣ ва мақоми намояндагии ноҳия иштироки ҳатмии занон диққат дода шуда, дар интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 11 нафар ва ба Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 30 нафар занон интихоб гардида, ҳамагӣ занон 41 нафар буда, нисбат ба интихоботи 5 соли гузашта 8 нафар зиёд мебошад. Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия назаррас буда, дар соҳаи маориф 812 нафар, кишоварзӣ — 764 нафар занон ба ҳайси роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ кору фаъолият намуда истодаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1487 нафар омӯзгорон фаъолият дошта, 812 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Шумораи умумии хонандагон 23192 нафар буда, аз ин 11550 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ноҳия 2 ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, ки дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба қайди давлатӣ гирифта шудаву фаъолият доранд ва роҳбаронашон занҳо мебошанд,- афзуд ӯ.

Турақулова Зулҳия, бонуе, ки ба қолинбофӣ машғул аст, мегӯяд: “Мо қолинҳоро аз рӯйи фармоиш омода мекунем. Калон ва майда буданашро мизоҷон ба мо фармоиш медиҳанд. Баъд аз рӯйи талаботи мизоҷон кор мекунем. Қолинҳоро ҳарранга карда мебофем. Рангҳои сафед, сиёҳ, сабз, зардро бештар истифода мебарем. Ман чор намуди қолинбофиро аз худ кардам — порҷома, серпахта, сиёҳдеғ, морҷома. Асосан ман аз модаркалонам омӯхтам қолинбофиро. Қолинҳоро дастӣ мебофем. Тӯли 8 сол мешавад, ки бо ҳамин ҳунар зиндагии худро пеш мебарем. Дар кори қолинбофӣ асосан ба ман модарам, духтарам, келинам кумак мерасонанд. Дар баробари ин, ҳамсояҳо низ омада қолин мебофанд. Дар ҳамин қишлоқи худамон шогирдҳоямон хеле зиёд шудааст”.

Номбурда дар мавриди шарту шароити омода гардидани қолинҳо меафзояд, ки “барои ранга кардани қолин мо аввал обро гарм мекунем. Баъд пахтаҳоро тоб дода, ришта тайёр мекунем. Риштаҳои пахтагинро дохили обҳои ранга мекунем. Агар мизоҷон хоҳиш дошта бошанд, ки қолин мулоим набошаду каме сахттар шавад, барои ин мо хамирро ордоба мекунем ва аз ҳамин хотир қолинҳо сахт мешаванд. Талабот ба ин гуна қолинҳо хеле зиёд аст, махсусан дар вақти духтарро хонадор кардан. Бояд арӯс дар хонааш аз ҳамин қолин дошта бошад, вагарна бе ин қолин арӯс ҳисоб намешавад”.

— Ман дар ҳамаи чорабиниҳои ҳунармандон фаъолона иштирок мекунам. Дар шаҳри Бохтар, ноҳияи Дустӣ маҳсули дасти худро ба намоиш гузоштам. Дар шаҳри Кӯлоб худам иштирок карда натавонистам, лекин маҳсули дасти худро фиристодам,- гуфт Турақулова Зулҳия.

Бонуи қуроқдӯз Ҳалимахон Ҷумаева бошад, зикр намуд, ки дар баробари ҳунари қуроқдӯзӣ ва зардӯзӣ боз қолин ҳам бофта метавонад: “Асосан мо бо ҳунари дастии худ зиндагиамонро пеш мебарем. Ҳар ҳафта дар бозори “Панҷшанбе” маҳсули дасти худро ба фурӯш мегузорем. Дар маҳаллаи мо боз дигар занон ҳам ҳастанд, ки бо ин ҳунар машғуланд. Ман ҳунари қуроқдӯзиро аз модарам омӯхтам. Дар хона нишаста, ба ин ҳунар машғулам ва ҳунари худро хеле дӯст медорам. Дар хона ба ман келинам кӯмак мерасонад. 12 намуди қуроқдӯзиро аз худ кардаам. Дар шаҳри Кӯлоб дар чорабиние, ки барои ҳунармандон барпо гашта буд, иштирок кардам. Дар боғи Ирами шаҳри Душанбе низ чунин чорабинӣ гузаронида шуд, ки ман маҳсули дасти худро ба намоиш гузоштам. Инчунин, дар шаҳри Бохтар низ иштирок кардам. Соҳиби ҷойҳои намоён ҳам шудам. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардиду ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуд. Ман миннатдории худамро ба раисҷумҳурамон мерасонам”.

Зимнан, қуроқдӯз, гулдӯз ва қолинбоф Қушоқова Саломат мегӯяд, ки тӯли 25 сол боз ба ҳунармандӣ машғул аст: “Қариб 15 сол мешавад, дар ҳамаи озмунҳое, ки барои ҳунармандон баргузор мегардад, фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойҳои аввал мешавам. Ман дар хона бо аҳли хонаводаам ба ин касб машғулем. Дар хона ба ман келинам ва духтаронам кумак мекунанд”.

— Ман бо ҳамроҳии духтаронам ва келинам гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурзанӣ, қолинбофӣ мекунем. Либосҳои миллӣ ва хилъатҳо медӯзем. Як намуди қуроқдӯзӣ бо номи “ӯйма” дар мо хеле машҳур аст. Дар баробари ин, боз сандуқ медӯзем. Духтарҳои мо бештар бо ҳамин гуна сандуқҳои гулдӯзӣ ва қолинҳое, ки мо худ дастӣ мебофем, арӯс мешаванду ба хонаи нави худ мебаранд. Боз дар саҳро кор мекунем. Пахта мечинем. Зан агар ҳунарманд бошад, ҳеҷ гоҳ хору зор нахоҳад шуд. Занони ҳунарманд маҳсули дасти худро ба фурӯш гузошта, даромади хуб хоҳанд ёфт,- афзуд ӯ.

Бино ба иттилои мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ Рӯзигул Рустамзода, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, вилояти ва ноҳиявӣ дар се давр — “Сад ҳунари мардумӣ”, “Кадбонуи беҳтарин” , “Маликаи Наврӯз”, “ Рӯзгордорӣ”, “Нонпази беҳтарин”, “Дастархондорӣ”, “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, “Чакомаи гесу” ва “Сад ранги чакан” дар ноҳия, вилоят ва шаҳри Душанбе баргузор карда шудаанд, ки мақсадашон ба самти иҷроиши барномаҳо, қарору фармонҳо ва баҳри пешравии занон равона карда шудааст.

— Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки иҷрои фармону қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташударо таъмин намуда, баҳри рушди устувору босуботи иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум вазифаҳои давлатиро дар сатҳи баланд иҷро намуда, саҳми арзандаи хешро гузорад,- афзуд ӯ.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here