Боз як иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум

Дар шароити зиёдшавии буҳронҳои ҷаҳонӣ, таъсири онҳо ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хело зиёд гардида истодааст. Натиҷаи онро хусусан дар таҳрири буҷети давлатӣ, ки қисми даромади он аз ҳисоби воридоти андозӣ кам шуда буд, мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ин шароити ҳассос, иқдоми баланд бардоштани маоши вазифӣ, новобаста аз таъсири буҳронҳо ба буҷети давлатӣ аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат дар беҳтарнамоии шароити зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тамоми давраҳои баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат ҳамасола маоши вазифавии кормандони соҳаи буҷетӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст, ки дар кам кардани сатҳи камбизотӣ, таъмини некӯаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нақши хело баланд дорад. Қариб 50%-и қисми хароҷоти буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ — маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайраҳо равона карда шуда истодааст.

Танҳо дар давраи солҳои 2013-2019 даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар зиёд гардида, сатҳи камбизотӣ аз 53%-и соли 2007-ум то ба 27,5% дар соли 2019 дар кишвар оварда расонида шуд.

Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақагирон ва таъмини устувории низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки соли 2013-ум 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил карда буд, соли 2020 ба 3,2 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад.

Инчунин, соли 2019 аз ҳисоби буҷети давлат ба муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон беш аз 36 млн сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд, ки ҳиссаи маблағгузорӣ ба сари онҳо ба 22,6 ҳазор сомонӣ рост омада, дар 10 соли охир маблағгузории чунин муассисаҳо 3,2 баробар афзоиш ёфтааст.

Саҳми махсуси сиёсати ғамхоронаи иҷтимоии Сарвари давлатро махсус қайд кардан зарур аст, ки тибқи дастури дар Паёми солона қайдгардида оид ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18-сола, инчунин дигар гуруҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, аз 1-уми сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд гардида, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда мешавад. Ин иқдоми ғамхоронаи Сарвари давлат боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагии зиёда аз 30 ҳазор нафар чунин нафақагирон мегардад.

Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки «музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия аз 1-уми сентябри соли 2020 зиёд карда шавад. Бояд гуфт, ки новобаста аз вазъи таъсири буҳронҳо ба иқтисоди миллӣ ин тасмим амалӣ гардида истодааст.

Дар робита ба Паёми солона ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия», таҳти №1580 аз 04.08.2020 ба тасвиб расид, ки иқдоми навбатии ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маҳсуб меёбад. Тибқи фармони мазкур аз 1-уми сентябри соли 2020 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ташкилоту муассисаҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад. Ин иқдом боиси ҳавасманд гардидани кормандони мазкур дар самти рушди соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг гардида, барои боз ҳам беҳтар фаъолият намудани онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.

Инчунин, маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд мегардад.

Тибқи фармони мазкур андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, ба ғайр аз стипендияи президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Инчунин, аз 1-уми сентябри соли 2020 андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 15 фоиз зиёд мегардад.

Дар баробари ин, андозаи нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд, ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, бе дарназардошти нафақа барои хизматҳои дарозмуддат ва хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 15 фоизи ҳадди ақали нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад.

Инчунин, қисми суғуртавии нафақаи нафақаҳои суғуртавии то 1-уми январи соли 2020 таъингардидаи нафақагироне, ки кор намекунанд, ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба андозаи 8 фоиз индексатсия мешавад.

Зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда амалӣ карда мешавад.

Зиёдшавии маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақаву стипендияҳо аз равандҳои татбиқи сиёсати иҷтимоии кишвар шаҳодат дода, аз афзалиятҳои он дар самти сиёсати ҷамъиятпарваронаи Сарвари давлат далолат менамояд ва боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва ҳавасманд гардидани кормандони соҳаҳои мазкур гардида, масъулияти онҳоро дар беҳтар кардани самтҳои фаъолият зиёд мегардонад.

Хулоса, иқдомҳои наҷиби Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар равона гардида, дар ин замина ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, ҳамеша афзалият гузошта мешавад.

Илҳом ИБРОҲИМОВ,

мудири кафедраи молияи ДМТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here