Вақте ки дар синфи 7-ум мехондам, қасд кардам мисли баъзе ҳамсолони худ (бо тафовути зиёд) “Дафтари хотираҳо” кушоям.

Ба хона омадаму аз дафтарҳои зебову дилкаши бародарам, ки донишҷӯ буд, якеашро (пинҳонӣ) гирифтам. Дар саҳифаи аввалинаш мисраъҳои шеърии зеринро навиштам:

Ин тамошои ҷаҳон низ навбат аст,

Навбати мову тамошо бигзарад.

Шуруъ намудам ба навиштани хотираҳо. Азбаски дилу ҷонам аз бисёр нафарон ранҷ кашида буд, “ин дафтар сирри ману Худост, ҳеҷ кас намехонадаш” гӯён, нағзакак эшонро танқид ҳам кардам. Навиштаҳоям як чор саҳифа барин буд. Хонагиҳо нахонанду набинанд гуфта, дафтарро ба даруни ҷузвдонам андохтаму ба мактаб овардам. Дарс ҳам оғоз шуду соати якуму дуюмро гузаронида, ба танаффус баромадам ва фикр мекардам, ки дар дафтари навкушодаи худ, роздону дӯсти навам боз чиҳоро навишта кунам. Дар тахайюли худ нақшаҳо мекашидам, ки занги даромад ҳам шуд. Ба синф даромадам. Ҳамаи ҳамсинфонам дар як ҷо ҷамъ шуда, чизеро бодиққат мутолиа мекарданд. Ҳайрон шудам, чунки онҳо дар давоми таҳсили намудаашон ҳеҷ чизро ин қадар бодиққату “аз таҳи дил” намехонданд. Хостам ман ҳам ба наздашон равам, лек чашмам ба ҷузвдонам афтид: даҳонаш кушода. Зуд омада хабар гирифтам, дафтар нест. Ба назди тӯдаи ҳамсинфон омада бинам дафтар дар миёна гузошта шудааст ва яке аз ҳамсинфони “дӯстдоштанӣ” каме бо овози баланд мехонду дигарон “вааа”, “анаҳаа”, “эҳее” мегуфтанд. Онҳо маро дида, дафтарро пинҳон карданд. Чанд бор кӯшиш кардам дафтарро бигирам, вале нашуд. Ҳамсабақони “азизи ман” маро таҳқир карда, тамоми ҳодисоти дафтарро ба муаллимаи дӯстдоштаниашон қисса карданд.

Ана акнун баъди ин ҳодиса ҳар муаллиме (албатта ҳамонҳое, ки дар бораашон хотирот навишта будам), ки меомад, аввал маро ба тахтаи синф бароварда, мавзӯи дарсҳоро мепурсиданд ва сонӣ хубакак саволборон мекарданд. (Намедонам, шояд донистани он, ки чӣ гуна инсонанд, аламашонро зиёда сохта буд, ё…). Шукр, ки дарсҳоро мехондаму ба суолҳои додашуда посухҳои дуруст медодам, лекин ба ҳар ҳол баҳои паст мегузоштанд ва агар мабодо ба як суолашон ҷавоб намеёфтам, “аз каппаам дуд мехест”…

Баъди чунин ҳодисаҳо ман дигар ягон хотираи худро рӯйи авроқ наовардам, валекин боҷуръат ва ҳақиқатро беибо ба рӯи ҳама мегуфтагӣ шудам. Аз оне, ки забони сахт ва ҷиддият пайдо кардам, дигар касе ҷуръати сухани бад гуфтан ва ё мисли пештара масхарабозиҳо кардан надошту ҳама бадбиниҳо яктарафа шуданд ва ҷойи ин ҳамаро ҳурмату эҳтиром гирифт. Оҳиста-оҳиста вазъият тағйир пазируфт ва дар тамоми озмуну чорабиниҳои муассиса иштирок мекардаму берун аз он сазовори ҷойҳои намоён мегардидам. Албатта, “баъзеҳо” заҳри худро мечаконданд, вале такягоҳҳои ман — муаллима Ниёзова Зайнаб (ин шахси гиромӣ дубора маро эҳё намуд ва хидматҳои ӯ буд, ки устувортар дар ҷодаҳо гом ниҳодам), волидайни гиромиям (аҳли хонавода) ва муаллима Муллоева Қумринисо доим канорам буданду ҳастанд…

(Аммо имрӯзҳо афсӯс мехӯрам, ки чаро хотира навиштанро идома надодам?).

Воқеан, ҳар нафаре, ҳар ҳодисае, ки дар ҳаёти мо пайдо мешавад, дарсе баҳрамон медиҳад. Фақат ва фақат умед ба ояндаи дурахшон бояд дошт, чунки ҳар мушкилеро роҳи ҳале ҳаст.

Парвин САМАНДАРЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here