Рӯзҳои охир дарди зону азобам медиҳад. Аз шиддати дард бо зонуҳои андаке хамида майда-майда қадам мезанам.
Рӯзе дар назди рафиқон аз дарди зону шикоят намудам. Кадоме гуфт, ки салидол ё думбаи гӯсфандро дар зонуям баста, ду-се рӯз накушоям. Баъд дардро надидагӣ барин мешавам.
Рафиқам пас аз бемории худаш нақл кард. Рӯзе таги пояш ба дард даромад. Дар он салидол молид ва ду рӯз накушод. Дигар дардро фаромӯш намуд. Баъд вай ду-се бор аз ҷо ҷаҳида, пойи солимашро нишон дод.
Дӯсти дигарам, ки дар ин ҷо ҳузур дошт, низ дар канор намонд. Вай маслиҳат дод, ки кам-кам бидавам. Баъд гуфт, ки мисли ман гирифтори дарди зону будааст. Ба духтур муроҷиат менамояд. Аз рӯи гуфти табиб, дар зонуҳояш намак ҷамъ шудааст. Духтур мегӯяд, ки бидавад. Ӯ медавад ва аз дард халос мешавад. Рафиқам барои сиҳатии зонуяшро нишон додан ду-се бор дар ҷояш шишта хест.
Ман ҳам аз рӯи маслиҳати рафиқонам амал карданӣ шудам. Хостам, ки дар зонуям салидол молам. Аз соҳаи техника, ки хеле дурам, ҳатто аз куҷо пайдо намудани салидолро намедонистам. Баъд зиндагии деҳа ба хотирам расид. Дар наздикии ҳавлии мо гараж буд. Агар карасин ё салидол лозим шавад, аз гараж мегирифтем. Чандин сол аст, ки ман дар шаҳр зиндагӣ дорам, аммо ҷои гаражи шаҳрро намедонам. Баъд аз баҳри салидол гузаштам. Дар яхдон, ки андаке думба буд, шаб дар зонуҳоям бастам. Пагоҳӣ ба пайроҳаи васеи назди соҳил, ки қариби хонаамон буд, барои варзиш баромадам. Аз ин пеш гоҳ-гоҳ дар он ҷо қадам мезадам. Пагоҳирӯзӣ пайроҳа аз одам пур мешуд. Баъзеҳо велосипед меронданд, баъзеҳо медавиданд. Гоҳ-гоҳ одамон гардани сагашонро бо ресмон баста, онро ба сайр мебароварданд.
Ин пагоҳ низ одам бисёр буд. Ман андаке қадам задам. Баъд оҳиста-оҳиста ба давидан сар кардам. Ногаҳ саги бузургҷуссае, ки ғаб-ғаби гарданаш аз фарбеҳӣ овезон буд, ресмонро аз дасти соҳибаш канда, аз қафои ман ба ҳуҷум гузашт. Ин лаҳза аз тарс дарди поям фаромӯш шуд ва сахт давидам. Саг аз қафоям сур мекард. Панҷ-шаш нафарро, ки либоси сабуки варзишӣ дар тан ба шиддат медавиданд, дар як лаҳза пушти сар гузоштам. Ман медавидам, аммо аз тарс ба қафо нигоҳ намекардам. Садои пои саг ва фаш-фаши нафасгирии онро мешунидам. Боз давиданамро тезтар мекардам. Намедонам чӣ қадар давидам, ки садои пои саг хира-хира ба гӯшам мерасид. Оқибат садо тамоман хомӯш шуд. Дар ҷоям истодам ва ба қафо нигаристам. Дидам, ки саг тақрибан панҷоҳ қадам дуртар аз ман дар рӯи замин мехобид ва базӯр нафас мекашид. Аз даҳонаш пораҳои кафк мерехт. Ин лаҳза панҷ-шаш нафаре, ки ман чанде пеш дар вақти давидан аз онҳо гузашта будам, ҳозир шуданд. Марди қоматбаланде, ки дар каф соати варзишӣ дошт, бо ҳаяҷон гуфт:
— Эврика! Эврика!
Баъд ба соат нигарист:
— Масофаи дукилометраро дар якуним дақиқа тай кардан кори ҳар кас нест.
Ба бачаҳо, ки ҳамроҳаш медавиданд, рӯ овард:
— Чунин масофаро кадоми шумо дар якуним дақиқа медавед? Не-е, наметавонед. Ман ҳамаи шуморо медонам. Чунин суръати тез надоред.
Боз бо хушҳолӣ гуфт:
— Эврика! Эврика!
Баъд марди қоматбаланд, шояд, ки мураббӣ буд, бар ман рӯ овард ва гуфт, ки ба қарибӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ мегузарад, бояд иштирок намоям. Бо чунин суръати тез ҳатмӣ чемпион мешавам. Ман розӣ шудам.
Баъди ду рӯз мусобиқа сар мешавад. Дар рӯзи мусобиқа дар зону бастани думбаро набояд фаромӯш кард. Зеро саг бӯи онро шунида, дар куҷое набошад, пайдо мегардад ва ман чемпион мешавам.
Ҳамроҳи АВЛИЁПУР