Ва ё we tried our best — you know the rest

Рӯзи 22.08.2020 дар рӯзи қабули шаҳрвандон ба назди раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам О. Муҳаммадҷонзода ташриф овардем. Бо раис ва чанд нафар кормандони дигари Кумита суҳбати хело ҷолибу шуниданӣ баргузор гардид. Мавзӯи меҳварии суҳбати мо он буд, ки чӣ тавр дар яке аз муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология (минбаъд — Институт) роҳбарият ва масъулин пайваста ба забони тоҷикӣ ва қоидаҳои имлои он беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд ва чаро Кумитаи мазкур нисбати масъулини ин муассиса ҳеҷ чораи дахлдоре намеандешад.

Борҳо шоҳиди он гардидаем, ки дар саҳни боғҳо, бозору мағозаҳо ва кӯчаҳову паскӯчаҳо шиорҳои пурғалат ҷой дода шудаанд. Аммо аламовар ин аст, ки имрӯз ин беэҳтиромӣ нисбати муқаддасоти миллии мо — забони давлатӣ ба муассисаҳои илмиву донишгоҳу донишкадаҳо, омӯзишгоҳҳову мактабҳои миёна низ роҳ ёфтааст. Риоя нагардидани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ метавонад боиси аз байн рафтани калимаҳои аслии забони модарии мо гардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамият ва нақши муҳими забони давлатӣ таъкид намуда, зикр кардаанд ки “забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем”.

Ҳақ бар ҷониби Расул Ғамзатов аст, ки гуфтааст: “Агар донам, ки пагоҳ забони модарии ман аз байн меравад, ман дар ҳамон вақт омода ва тайёрам, ки имрӯз бимирам”. Воқеан, онҳое, ки имрӯз ба забони давлатӣ эҳтиром намегузоранд, барои аз байн рафтани забон низ парвое надоранд. Дар ҳоле ки шоири товоно Муъмин Қаноат мегӯяд:

Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст.

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест нест,

Чунки меҳри модар аст.

Агар эҳтиром ба забон ва риояи имлои забони тоҷикӣ зарур намебуд, пас Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои чӣ қабул ва тасдиқ гардид?

Баргардем ба суҳбате, ки дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доштем. Дар ҳамин суҳбат масъулини Кумита арз намуданд, ки онҳо дар ин раванд беамалӣ накардаанд. Баръакс, Кумита ҷиҳати чораҷӯӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва риояи қоидаҳои имлои забони давлатӣ ба Институт мактуб ирсол намудааст ва Институт аз чораҳои андешида ба Кумита расман ҷавоб ҳам додааст.

Хуб, тасаввур кунед, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори Институт расман муроҷиат мекунад ва хоҳиш менамояд, ки дар Институт қоидаиҳои имлои забони давлатиро риоя намоянд ва нисбат ба забони давлатӣ дигар беэҳтиромӣ накунанд.

Дар мактуби ҷавобии директори Институт ба Кумита гуфта шудааст, ки гӯё мактуби Кумита дар ҷаласае бо иштироки “намояндаҳои маъмурият ва роҳбарони воҳидҳои илмӣ-таҳқиқотии муассиса” хонда шуда бошад ва директори Институт зикр карда бошад, ки “минбаъд кормандони муассиса бояд талабот ва меъёрҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикиро… риоя намоянд”.

Бисёр хуб. Фарз кардем, ки директори Институти зикршуда воқеан ҳам чунин ҷаласа баргузор намуда, талаботи иҷрои қоидаҳои имлои забони тоҷикиро дар назди кормандони Институт гузошта бошад. Ва гӯё ҳатто ба корманде огоҳӣ ҳам дода бошад. Аммо ҳайратовар он аст, ки худи ҳамин директори Институт бо номи Аминзода П. баъд аз хондани мактуби Кумита ба кормандон, талаби риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз ҳамаи онҳо ва додани огоҳӣ ба яке аз кормандон, ба Кумита мактуберо дар як варақ таҳия ва ирсол менамояд, ки он мактуб боз ҳам пур аз ғалат аст! Чӣ тавр?! Баъди ҳамин қадар эродҳо, мактубҳо аз Кумита, муҳокимаи ин ҳолати нангин дар воситаҳои ахбори омма боз мактуби пур аз ғалат?! Магар айб нест?! Ҷолиб он аст, ки дар ҳамин мактуби пур аз ғалат ин директори Институт ҳатто ба ҳамон ғалатҳое роҳ додааст, ки Кумита қаблан ба онҳо мушаххасан ишора намуда буд. Пас маълум мегардад, ки мактуби Кумитаро аслан нахондаанд? Ё баъд аз хондани мактуби Кумита дидаю дониста ва барқасдона боз як мактуби пур аз ғалат навиштаанд? Магар чунин муносибат нисбат ба забони давлатӣ дар як муассисаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон равост? Магар чунин муносибат ба обрӯю эътибори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — даргоҳи илму маърифат зарбаи ҷиддӣ намерасонад? Магар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бевосита масъули устувор намудани пояҳои забони давлатӣ нест?

Аз ҳама ҷолиб он аст, ки директори Институт мегӯяд “ҳарфҳо нодуруст чоп шудаанд”. Аҷоиб! Ин иштибоҳи худи ҳарфҳо буд, ки онҳо нодуруст чоп шудаанд? Магар ин ҷавоб аст? Хуб агар “ҳарфҳои бетамиз” нодуруст чоп шуданд, пас директори муассиса магар пеш аз имзо мондан инро надид? Ё назар карду аммо ғалату иштибоҳҳоро дида натавонист? Ғолибан ҳамин тавр ҳам шудааст, зеро ин кори осон нест. Тавре Бедил мефармояд:

Чашме, ки надорад назаре, ҳалқаи дом аст,

Ҳар лаб, ки сухансанҷ набошад, лаби бом аст.

Вобаста ба ин ҳолат шахси дар гузашта машҳур Виктор Степанович Черномирдин ба ёдам расид, ки гуфта буд: «Хотели как лучше, а получилось как всегда» (тоҷикӣ — “Мехостем, ки ҳарчи беҳтар шавад, аммо чун ҳарвақта шуд”). Дар забони англисӣ низ ифодаи ин гуфтаи машҳур мавҷуд аст: We tried our best — you know the rest.

Ҷамшед АМИНОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here