Дар сукути хонаи қалб ҳар дам хурӯшеро интизор мегаштам, зеро ин хурӯш водорам месохт, то чароғи роҳи фардоямро фурӯзон нигоҳ дорам. Ҳар боре, ки боди сарди номуродӣ сӯяш мевазиду хомӯшаш месохт, нафаре дар даст шамъи маърифат ҳар дам аз пайи афрӯхтани он буд. Ин шахси саропо илм ва бахшандаи ҳарорат ба дилҳои сард устоди ман аст…

Рӯзи борониву абрӣ. Қатраҳои борон ба рӯям мерасиданду борони зимистонӣ будани худро ошкор месохтанд. Моҳи декабри соли 2017-ум бароям серкориро ҳадя кард. Агарчи моҳҳои дигарро бепарвоёна паси дақиқаҳои рафтаву ҳаводиси гузашта пардапӯш намудам, вале моҳи нахусти фасли дай, гӯё қасд карда бошад, бори гаронашро бар дӯшам гузошта буд. Ҳарчанд, ки бори гарон ҳам дошт, вале водорам сохт, то пардаи шабкӯру зулмоти чашмро дарида, ба оянда назар созам…

Хаёлоти куҳнанамои солҳои пешин ин дам маро дар оғӯши худ гирифт. Лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти кӯчакам мисли навори филм як-як ҷилва намуданд, аз айёми наврасӣ ёдрас шуданд ва маро дар хиёбони шаҳри бекинаи наврасӣ, ки ҳамоно ҳавои абриву майли боришот дошт, истиқбол гирифтанд. Он вақтҳо дари бӯстони маънӣ дар ин шаҳр баста буду соҳибхудояш рафта. Рӯзаш офтобашро гум карда буду шабаш моҳу ситорагонашро… Ҳарфҳои ояндаро дар ҳеҷ китоби ба тозагӣ чопшуда хондан номумкин буду ҳамоно маро ба қафоҳо мебурд. Ин ақиб рафтанҳо он дам бароям бегона наменамуданд, балки ошноям буданд. Гарчи мехостам лаҳзае ҳам бошад, дуртар аз ин ошнои бегонанамо шавам, вале ҳеҷ раҳоям намесохтанд…

Ногаҳон дар миёнаи ин осмони зулмонӣ тораи нуреро мушоҳида намудам, ки оҳиста-оҳиста дар фазои рӯзҳои ман ба офтоби пурнуре бадал гашту дарёи беоби хотироти маро шодоб гардонид, умри дубора бахшиду мисоле, ки тифлакеро ба камол мерасонанд, дастамро бигирифт ва роҳравиро омӯзонд. Роҳ рафтан дар роҳҳои пурниҳеби ҳаётро омӯзонд…

Борон ба оҳистагӣ меборид ва ман аз зинаҳои даромадгоҳи мактаб ҷониби дари асосӣ қадам мезадам. Борони фасли дай дигар маро тар намекард. Ба бинои мактаб ворид шудам ва ҷониби синфхона як-ду қадам партофтам, лек зуд ба ёдам расид, ки бояд назди муаллимаи азизам — Ниёзова Зайнаб равам. Аз роҳам пас гаштам. Ҳамон дам аз ким-куҷое фараҳе ба дилам роҳ ёфт. Дигар хотироти айёми бачагӣ, ки ба дастгириҳо ниёз дошту ҳар боре, ки ба ёдам меомаданд, диламро аз ғам саршор мекарданд, озорам намедоданд. Худ каме аз ин шодии ногаҳонӣ ҳайрон будам, аммо медонистам, ки ин шодӣ аз куҷо омадааст. Ин болидагӣ аз он хотир буд, ки алъон назди нафаре меравам, ки маро дубора эҳё кард, умеди зиндагиро бахшид. Ҳаётро дар чашмони ман пурҷилову рангин таҷассум намуд… Ба маънои том, мани аз ҳаёт дастшӯстаро ҷамъ намуду Парвин сохт.

Агар ҳамон дилбардориву илму маърифатбахшии муаллима Ниёзова намебуд, агар ҳамон талқинҳо ба сӯйи роҳи неки муаллима намебуд, имрӯз ман ҳам намебудам…

Ифтихор дорам, ки дастпарвари муаллимаи азизам ҳастам ва то умр боқист, ҳеҷ гоҳе талошҳову дастгириҳояшон аз хотирам зудуда нахоҳад гашт.

Парвина САМАНДАРЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here