Чун барои мардуми мо нон ғизои асосӣ ба ҳисоб меравад, баланд шудани нархи орд ҳамеша боиси ташвиши аҳолӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки пас аз тадриҷан баланд шудани нархи ин маҳсулоти ниёзи аввал ва дар ин баробар афзоиши қимати равғану тухм ва шакар, дар кӯчаву бозор ташвиши мардум аз ин тамоюл баръало эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, мо ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Тавре аз Раёсати ҳимоя ва ҳифзи рақобати Хадамоти мазкур иттилоъ доданд, сабаби асосии болоравии нарх дар бозорҳои кишвари мо баланд шудани қиммати маҳсулот дар давлатҳои таҳвилкунанда мебошад.

Сармутахассиси Раёсати зикршуда Доробшо Давлатов гуфт:

-Воқеан, даҳаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ болоравии нарх дар бозорҳои баъзе маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла шакар, равғани растанӣ ва тухм ба мушоҳида расиданд. Маҳсулоти мазкур воридотӣ буда, нархи он дар давлатҳои таҳвилдиҳанда афзоиш ёфтааст.

Бино ба гуфти масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ моҳи октябр нархи шакар дар Федератсияи Россия 16,6 дарсад бо рубли русӣ ва 13,6 дарсад бо доллари ИМА афзоиш ёфтааст. Аз рӯйи таҳлилҳо арзиши як тонна равғани растанӣ низ дар ин давра аз 795 доллар ба 887 доллари ИМА зиёд гардидааст. Айни замон нархи як килограмм шакаре, ки аз Федератсияи Россия ворид мешавад, бо ҳисоби қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА, ба 7,32 сомонӣ баробар аст. Аз рӯйи қурби бозори сиёҳ (як доллар баробари 11,50 сомонӣ) бошад, 7,41 сомониро ташкил медиҳад. Як килограмм шакаре, ки аз Белорусия ворид мешавад, бинобар хубтар будани сифаташ ба 9 сомонӣ баробар мешавад.

Моҳи ноябр Бонки миллии Тоҷикистон қурби сомониро дар баробари доллари ИМА коҳиш дод. Агар то ин вақт як доллар бо 10,34 сомонӣ муодил мешуд, пас аз тағйирот ба 11,31 сомонӣ баробар гардид. Доробшо Давлатов изҳор дошт, ки ин омил низ ба арзиши аслии маҳсулот таъсир расонид:

-Афзоиши қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ аз 10,34 ба 11,31 сомонӣ барои як доллар, сатҳи таваррумро ба 9,28 дарсад баробар кард, ки албатта ин ба нархи маҳсулот бетаъсир буда наметавонад. Ин омил ба нархи гандум 7,63 дарсад, орд 5,1 дарсад, равғани растанӣ 8,3 дарсад, шакар 5,2 дарсад таъсир расонд, — изҳор дошт ҳамсуҳбатам.

Баландшавии нархи тухмро бошад, ба афзоиши қиммати ғизои паррандва ва паст шудани маҳсулнокии мурғҳо вобаста медонанд.

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 нархи 16 номгӯи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ дар сурати беасос то 20 дарсад баланд шудан таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешавад.  Дар ин номгӯй аз ҷумла, орд (навъҳои 1 ва 2), гандум, қанди сафеду шакар, равғани растанӣ (равғани пахта, офтобпараст ва маска) ва тухми мурғ низ ҷой дода шудааст, ки имрӯз нархи ин маҳсулотҳо дар бозорҳои кишвар нисбат ба аввали моҳи сентябр бамаротиб афзоиш ёфтааст. Аз ин рӯ, аз масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба татбиқи Қарори мазкур пурсидем. Доробшо Давлатов иттилоъ дод, ки воқеан бо мақсади ба танзим даровардан ва пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ аввалиндараҷа санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷумла Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 «Дар бораи номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлат қарор дода мешаванд», инчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 №257 «Дар бораи Низомномаи тартиби ташаккул ва тартиби нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсоливу техникӣ, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо» ба тасвиб расидааст, ки мувофиқи қарорҳои мазкур батанзимдарории нарх дар бозорҳо ба зиммаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Аммо бо сабаби он, ки дар бозорҳои кишвар нархи молу маҳсулоти дар қарори Ҳукумат зикршуда беасос баланд нашудааст, аз ин рӯ Хадамот барои таҳти танзими давлатӣ қарор додани нархҳо ҳеҷ чорае наандешидааст.

-Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» айни замон ҳуқуқи гузаронидани санҷишро надорем. Аммо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаем. Беасос баландкунии нарх дида намешавад,-изҳор дошт номбурда.

Яке аз сабабҳои баландшавии нарх дар бозорҳои истеъмолӣ набудани рақобат ҳам буда метавонад. Аз ин рӯ, мо ба ин масъала низ таваҷҷуҳ намудем. Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфтанд, ки дар бозор маҳсулоти орд, равған ва шакар рақобат таъмин аст. Зеро даҳҳо субъекти хоҷагидор ба воридоти ин намуди маҳсулот машғуланд, ки омили асосии таъминкунандаи рақобат мебошад.

Бино ба иттилои ҳамсуҳбатам дар даҳмоҳа мувофиқи маълумоти гумрукӣ 84 субъекти хоҷагидор ба воридоти гандум, 47 субъект ба воридоти орд, 125 субъект ба воридоти равғани растанӣ ва 64 субъект ба воридоти шакар машғуланд.

ОЁ ДАР КИШВАРИ МО ОРДУ РАВҒАН ИСТЕҲСОЛ МЕШАВАД?

Рушди истеҳсолоти дохилӣ аз масъалаҳоест, ки таъминаш мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро бартараф менамояд. Аз ин ҷост, ки «Саноатикунонии босуръати кишвар» ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидааст. Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумуҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар саноати хӯрокворӣ тавассути омодасозии кадрҳои баландихтисос, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, бунёди корхонаҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашудаи рақобатпазир мунтазам рушд карда, сол то сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифати хӯрокворӣ зиёд шуда истодааст.

-Саноати хӯрокворӣ яке аз соҳаҳое мебошад, ки захираҳои калон ва перспективии ашёи хом дошта, ба аксар маҳсулоти дар соҳа истеҳсолшаванда дар бозорҳои хориҷи кишвар талаботи доимӣ мавҷуд аст.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунанда, ба ҷумҳурӣ технологияҳои пешқадам ва ашёи хом барои истеҳсоли орд ва равғани растанӣ ворид карда шудааст, — изҳор дошт сармутахассиси Раёсати саноати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нав Парвиз Раҳимов ва ҳамчунин афзуд, ки бо бунёди корхонаҳои нав ва васеъгардонии истеҳсолоти мавҷуда тавассути муҷаҳҳазгардонии корхонаҳои амалкунанда бо хатҳои технологии муосир дар баробари рушди деверсификатсияи истеҳсолот имконияти дар як сол истеҳсол намудани 80 ҳазор тонна равғани растанӣ, коркарди 2,5 миллион тонна гандум барои истеҳсоли 1800 ҳазор тонна орд имконпазир гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ низ тамоили устувори рушд пайдо намуд.

Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав айни ҳол дар ҷумҳурӣ 54 корхонаи истеҳсолкунандаи орд фаъолият карда, дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 дар ҳаҷми 639,8 ҳазор тонна орд истеҳсол намудаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 85,6 ҳазор тонна ё 15,5дарсад зиёд мебошад. Инчунин, 48 корхона ба истеҳсоли равғани растанӣ машғул буда, дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 -ум 16,6 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1501,9 тонна зиёд, ё суръати афзоиш ба 109,9 дарсад баробар гардидааст.

Дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 ҳиссаи маҳсулоти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар таъмини бозори истеъмолии кишвар аз рӯи гурӯҳҳои молии саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла орд 88 дарсад ва равғани растанӣ 19,4 дарсадро ташкил додааст.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам ашёи хом нисбат ба иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли равғани растанӣ нокифоя буда, чигити пахтаи ватанӣ (ба ҳисоби миёна 157,2 ҳазор тонна дар як сол) ҳамагӣ 23,6 дарсади иқтидорҳои мавҷударо таъмин карда метавонад.

Аз ин рӯ, дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 барои эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ 15796,7 тонна зироатҳои равғандиҳанда ба маблағи 4 560,7 ҳазор доллари ИМА ворид карда шудааст.

Дар ҷумҳурӣ 48 корхона ба истеҳсоли равғани растанӣ машғул буда, имконияти дар як сол истеҳсол намудани 80 ҳазор тонна маҳсулот ва ё коркарди 666,7 ҳазор тонна зироатҳои равғанидиҳандаро доранд, ки дар даҳ моҳи соли 2020 бо истеҳсоли 16631,9 тонна равғани растанӣ 20,8 дарсади иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ истифода шудаасту халос.

Сабаби ба пуррагӣ таъмин нагардидани иқтидорҳои истеҳсолиро масъулин дар норасоии ҳаҷми ашёи хом-зироатҳои равғанидиҳанда ва муқаррар гардидани 18 дарсад меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои равғани растании воридотӣ арзёбӣ карданд.

Афзоиши нархи тухм низ дар ҳолест, ки шумораи паранда дар кишвар сол то сол зиёд шуда, мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ то якуми ноябри соли равон ба  9891855 сар расонида шудааст. Аз аввали сол 785401,1 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 223337,3 ҳазор донна зиёд мебошад. Дар асоси маълумот оид ба воридот ва содироти молҳои таҳти назорати байторӣ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба кишвар 226,5 тонна тухм ворид шуда, 199 тонна ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот шудааст.

НАРХРО КӢ БОЯД ПАСТ КУНАД?

Дар дилхоҳ давлат сохторҳое фаъолият мекунанд, ки вазифаашон батанзимдарории нархи молу маҳсулот дар бозор мебошад. Агар сохторҳои марбута дар сатҳи лозима фаъолият накунанд, мумкин аст дар соҳаи савдо бенизомӣ ба вуҷуд ояд. Аз ҷумла дар кишвари мо низ чунин сохторҳо мавҷуданд. Хусусан, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукуматуи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати «бозӣ» кардани нарх бояд бо пешниҳоди маҳсулоти лозима бо нархи нисбатан арзонтар нарху наворо ба танзим дароранд. Аммо на танҳо ду моҳи охири соли равон, ки болоравии нархи маҳсулоти ниёз аввал қишри миёнаҳоли аҳолиро ба ташвиш овардааст, балки дар тамоми фасли сол мақомҳои масъули танзимкунандаи нарх кори назаррасеро анҷом надодаанд. Борҳо шудааст, ки аҳолӣ аз як будани нархи молу маҳсулоти мошинҳои сайёри «Тоҷикматлубот» бо нархи бозор ва ҳамин гуна Агентии захираҳои моддии давлатӣ шикоят кардаанд.

Бо мақсади гирифтани маълумот доир ба иқдомҳои вобаста батанзимдарории нарх ба сомонаи «Тоҷикматлубот» — www.tojikmatlubot.tj ворид шудем. Мутаасифона, дар ин сомона ягон матлаб доир ба фаъолияти иттифоқи мазкур ба назар намерасад. Онро асосан бо хабару гузоришҳои расмӣ ва мақолаву гузоришҳои сомонаҳои дигар пур кардаанд. Ҳол он ки бо кушодани саҳифаи www.tojikmatlubot.tj  суханҳои Роҳбари давлат оид ба мақом ва вазифаи «Тоҷикматлубот» ба назар мерасад:

«То бозорро ба тартиб надарорем, интизоми намунавӣ ва маданияти бозордориро ҷорӣ насозем, назму низоми тиҷоратро ба роҳ монда наметавонем».

«Мақоми «Тоҷикматлубот» дар амалӣ сохтани барномаи дигаргунсозии ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини мардуми деҳот бо маводи зарурии рӯзгор ниҳоят муҳим аст».

Аммо масъулини «Тоҷикматлубот» дар ҳамин маврид чӣ кореро анҷом додаанд? Магар метавонанд иқдомеро ном баранд, ки дар ёди аҳолӣ монда бошад?

Дар ин росто иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қобили таҳсин аст. Ташкили мошинҳои сайёр ва ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти ниёзи аввал бо нархи дастрас сокинони пойтахтро хеле шод кард. Ҳамагон шоҳиданд, ки бинобар сабаби дастрас будани нарх аз саҳар то бегоҳ сокинон дар назди он навбат меистанд. Аммо фаъолияти дигар мақомоти танзимкунандаи бозор, аз ҷумла Иттифоқи «Тоҷикматлубот», дар ин самт беҳбудиро талаб мекунад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here