Имрӯз замоне фаро расидааст, ки мо бояд худро созем ва эътироф кунем, на каси дигарро, зеро чоплусӣ худкушии миллат аст.

Агар як ҳунарманд ва ё як журналист дар шабакаҳои Афғонистону Қирғизистон, умуман, дар дилхоҳ шабакаи хориҷӣ баромад кунад, ӯ ҳатман аз ҷониби мо маҷозан мавриди таҳсину офарин қарор мегирад. Аммо аз худро “тоҷик-дия” мегӯем. Мисоли гуфтаҳо сарояндаи Эрон Мансур шуда метавонад, ки чанд моҳ қабл ба Душанбе омада буд. Истиқбол ва меҳмоннавозӣ хуб аст, лекин на ба он дараҷае, ки аз ҳад гузарад. Аз шабакаҳои телевизионӣ сар карда, тамоми шабакаҳои иҷтимоиро видеову суратҳои ӯ ҳамроҳи мухлисонаш пахш кард. Фазои иттилоотӣ пур аз ахбор буд, аммо аз Мансур. Дигар ин ки, ҳатто дар хатсайрҳову боғҳо ва тамоми кӯчаҳои шаҳрамон одамон каҷу рост сурат мегирифтанд. Баҳсҳои нолозими беманфиатро дар сомонаҳои иҷтимоӣ зиёд карду сари равшанфикронро ба дард овард. Ин ҳамонро мемонад, ки гӯё мо ҳеҷ чизе надорем ва сарояндаро бори аввал дида истодаем.

Баъзеи мо қариб “намуна”-и Мансуру Муин шуда рафтаем! Ин корамон моро то куҷо мебарад? Мо чаро худро “тоҷик-дия” мегӯем? Ҳол он ки, танҳо аз худи сарояндагон гирем, Давлантманд Холов, Зафар Нозимов ва Одина Ҳошим садтои онҳоянду садҳо бор аз онҳо хубтар месароянд.

Ҳамин гуна бегонапаристиро бисёр мушоҳида кардан мумкин аст. Чаро мо бегонапарастем? Ин саволест, ки ба тозагӣ ҷавоби худро мехоҳад.

Муҳаммади Нурулло — журналисти идораи барномаҳои таҳлилии телевизиони “Ҷаҳоннамо” мегӯяд: “Сабаби асосии ин мушкил дар он аст, ки аксари мардуми мо ғурури миллӣ надоранд, яъне аз тоҷик будани худ ифтихор намекунанд. Чаро ифтихор намекунанд? Чунки то ҳол худро нашинохтаанд, яъне намедонанд, ки миллати тоҷик тӯли чанд қарни гузашта кӣ буд, чӣ шахсиятҳоро дар ҷодаи илму адаб доро буд, ки имрӯз аз мероси гаронбаҳояшон ҷаҳониён истифода мекунанд. Аз тарафи дигар, худшиносии миллӣ, мутаассифона, барои аксар ҳаммилатони мо аслан муҳим ҳисобида намешавад. Ин ҷойи таассуф ва нигаронии дигар аст!”.

Дар миёни мардуми мо мақоле ҳаст: “Оби дари хона беқадр аст” (ва ҷойе ҳам “шӯр аст”). Вале набояд фаромӯш кард, ки дар сурати эътироф накардан, паст задан ва “тоҷик-дия” гуфтанҳои худ, мо теша ба решаи худ мезанем! Мо, ки чунин сухан ва баҳоро ба худ раво мебинем, дигарон чӣ корҳоеро нисбатамон раво медида бошанд?

Муродалиев Нуралӣ — магистранти ДДФСТ ба номи М. Турсунзода изҳор медорад: “Ростӣ, ман агар гӯям, ки сурудҳои эрониро гӯш намекунам, дурӯғгӯ мешавам. Аммо ками дар кам сурудҳои эрониву афғонӣ ва умуман хориҷиёнро гӯш мекунам, зеро мо аз дигарон ҳеҷ камие надорем. Сарояндагони мо аз сарояндагони беруна садҳо бор хубтару ҳунармандтаранд. Масалан, Давлатманд Хол дар жанри фалак суруд мехонад, ки ҳамон афғону эрон ва дигар миллатҳо ангушти ҳайрат мегазанду садҳо аҳсану офаринаш мехонанд. Аммо мо чӣ? Ман танҳо ин ҷо санъатро гуфта гузаштам, аммо дар тамоми соҳаҳо мо ҳамин гуна шахсиятҳои арзанда дорем, ки бо онҳо фахр бояд кард, лекин ин фахри миллӣ бошад, на фахре аз маҳалу маҳалбозӣ”.

Муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ кӯдаконро аз хурдӣ дар роҳи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия мекунанд, вале дар муассисаҳои таълимии хусусан деҳотҷойҳо ҳама аз як деҳаанд. Дар макотиби олӣ  бошад, аз тамоми минтақаҳои кишварамон таҳсил мекунанду бо якдигар дӯсту бародар мешаванд. Дар ин ҳолат маҳалгароӣ аз байн мераваду ҳисси дӯстдории ҳамдигар новобаста аз маҳалҳо дар замири ҳар донишҷӯ ҷо мегардад, нисбат ба ҳамдигар эҳсоси рафоқат ва муҳаббат мекунанд. Ҳама бо дарки баланди худшиносии миллӣ аз миллият ва ғуруру иттиҳоди миллӣ ҳарф мезананд.

Ман бар он гумонам, ки ҷавононе, ки бисёртар бегонапарасту маҳалгаро мешаванд, аз як тараф дониши кофӣ надоранд, аз тарафи дигар бошад, дар ягон донишгоҳу донишкадаи олии мамлакатамон таҳсили илм накардаанд.

Бо ин гуфтаҳо наметавон ҳама аҳли ҷомеаро дар назар дошт. Аммо мушкил камаш ҳам мушкил аст, зиёдаш ҳам. Ва боз агар марбути фарҳангу тамаддун бошад, бештар ҳалли худро мехоҳад. Имрӯз нагӯему  ислоҳ нашавем, кай ислоҳ мешавем!?

Мақсад аз таҳлили мо ба шаъни касе расидан нест. Танҳо мехоҳем мушкилотро бо ҳам бинем ва роҳи ҳалли онро ёбему бартараф намоем. Ҳама мушкилиҳо бояд бо роҳи музокира ва мушовара ҳал шаванд.

Ҳаминро илова кардан бамаврид аст, ки бегонапарастиро оғозаш аз маҳалгароист. Зеро, дар ҳоле як маҳал суруди дигар маҳал ва ё бузургони дигар маҳалро эътироф намекунад, чӣ гуна метавонанд он чизе, ки моли миллат аст, қабул кунанд? Чун, ҳар куҷое олиме, овозхоне, навозандае, умуман ҳунарманде бошад, вай аз насли миллати мост, на узви як маҳали мо!

Агар ҳама — ман, ту, онҳо МО мешудем, пас миллатдӯст мешудем, на маҳалгаро. Пойдории ҳар як давлати абарқудрату миллати ояндадор — ин миллатдӯстдорӣ аст, на маҳалгароӣ.

Рустами СУҲРОБ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here