Бевафоӣ ба ҳамсар мисли никоҳ хеле қадима ва куҳан аст. Ҳанӯз чор ҳазор сол пеш мардуми асуриро барои хиёнат ба ҳамсар забон мебуриданд.

Мутаассифона, имрӯзҳо хиёнат барои баъзе мардҳо як навъ «истироҳат» ба шумор меравад. Тибқи маълумотҳои оморӣ, қариб 80 % мардҳо ҳеҷ набошад як маротиба ба ҳамсар хиёнат кардаанд, 40 фоизашон дар баробари қайди ақди никоҳашон маъшуқаҳои доимӣ доранд. Ба ақидаи ҷомеашиносон, одам ба ҳисоби миёна дар ҳаёти худ 9 бор хиёнат мекунад. Дар ин самт мардҳо дар сафи пешанд. Агарчанде ҳар қадар мардҳоро қасам диҳӣ, онҳо ба як зан қаноат намекунанд. Чаро шавҳар ба зан хиёнат мекунад? Ҳол он ки, хиёнат инсонро аз ҳамдигар ҷудо месозад ва меҳру муҳаббати ҳамдигарро коста мегардонад. Ҳеҷ зан хиёнатро намебахшад, зеро гуноҳе зи хиёнат беш нест.

Аслан, худи вожаи хиёнат нофораму гӯшхарош аст. Мо борҳо шоҳиди он гаштаем, ки марде ба ҳамсараш хиёнат кард. Чаро ин гуна шуд? Чаро шавҳараш қадри ӯро надонист? Ҳол он ки, ҳангоми хонадоршавиашон барояш зани комил ва намуна буд. Дар ин маврид зан шавҳарашро дар бадахлоқӣ гунаҳгор медонад. Ба занҳои меҳрубоне, ки аз хиёнаткории шавҳарашон огоҳанд, гуфтаниам, рафтори онҳо на аз рӯи бадахлоқӣ, балки ба сохти ҷисмониашон вобастагӣ дорад.

Омили дигаре, ки мардонро ба хиёнаткорӣ водор месозад, ба ақидаи равоншиносон, ин набудани ҷаззобият, набудани ниёзҳои ҷинсӣ ва заиф будани эътиқодҳои мазҳабӣ мебошад. Аз тарафи дигар, набудани меҳру муҳаббат байни зану шавҳар боиси пайдо шудани хиёнат мегардад. Дар ин ҳолат мард мехоҳад дар симои шахси дуввум муҳаббати худро ёбад ва ӯ ба ин натиҷа мерасаду вақтҳои фароғатии худро на бо ҳамсари худ, балки бо дигаре мегузаронаду лаззат мебарад.

Аз ҷониби дигар, бисёр ҳолатҳо мардҳоро худи ҳамсарон ба хиёнат намудан водор менамоянд. Рафторҳои зишт, нешзании доимӣ ва ҷанҷолҳои ҳамсар мардро маҷбур мекунад, ки аз хона роҳи фирорро пеш гираду ба хиёнат даст занад. Сабаби дигар, мардон аз он бештар гиламанданд, ки он ҷаззобияте, ки ҳамсар дар аввал дошт, яъне ба зоҳири худ ва ороишу пӯшишаш аҳамият медод, имрӯзҳо дигар таваҷҷуҳ намекунад.

Беҳтар ин аст, ки занҳо илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ ёбанд, яъне коре кунанд, то ин ки шавҳарашон шефтаи зулфи дигарон нагардад. Чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама муҳаббати шавҳарро зери по насозанд. Кӯшиш кунанд, ки дили марди худро ёбанду ба машғулияти дӯстдоштааш — тамошои футбол, шоҳмотбозӣ, моҳидорӣ, рӯзномахонӣ, мутолиаи китобҳо халал нарасонанд. Ҳеҷ гоҳ мардон занҳои ифлосро нағз намебинанд. Аз ин рӯ, кӯшиш намоянд, ки дар пеши чашми ӯ худро ҷозибаноку зебо нишон диҳанд ва ҳеҷ гоҳ истифодаи атрро фаромӯш накунанд. Мардон бисёр бадрашканд, аз ин рӯ, ҳангоми аз хона берун шудан худро пардози бисёр накунанд. Пайваста чеҳракушоду ширинсухан бошанду ҳеҷ гоҳ дар оила мағалу шавқун набардоранд, ки боиси дилсардии шавар гашта, дар ҷустуҷӯи « ҳамдилу ҳамроз»-и дигар мешавад. Зане, ки дорои маърифати баланд аст, кӯшиш мекунад хастагии шавҳарашро бо чанд сухани ширин бартараф намояд. Мардон аз ин гуна занон ифтихор мекунанд.

Гарчанде ин сатрҳо ҳамчун роҳнамо барои оилаҳо нигаронида шуда бошанд ҳам, вале ман боварӣ дорам, дар олам то ҳол чунин қуввае нест, ки шахси муқаррариро аз ишқу хиёнат баргардонад. Ҳастанд мардоне, ки ҳамсари худро дӯст медоранд ва ҳеҷ гоҳ даст ба хиёнат намезананд. Шояд шоир дар ин мавзуъ нидои дили чунин мардони покро дар шеъри худ таҷассум намудаасту мардонро аз «бевафоӣ» ба вафодорӣ даъват намудааст:

Ман хиёнаткор не, ҷоно, гумони бад макун,

Одами беор не, ҷоно, гумони бад макун!

Бандагӣ тасдиқ кардам бо забон, дар дил ба меҳр,

Кори ман инкор не, ҷоно, гумони бад макун!

Байни садҳо дилрабоён дар ду олам ғайри ту,

Ҳеҷ кас даркор не, ҷоно, гумони бад макун!

Рӯзимади ТОҲИР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here