Тавлиди фарзанд дар оила масъулияти муҳимро бар дӯши падару модар мегузорад. Азбаски фарзандон маҳсули оилаанд, аз ин рӯ, тарбияи онҳо аз панди падару модар, баъдан сабақи устод то ба муҳити атроф идома меёбад. Бинобар ҳамин, пеш аз ҳама кӯдакон бояд аз меҳрубонии волидайн баҳравар бошанд, зеро онҳо мураббии асосӣ ба шумор мераванд.

Аз ҳамон рӯзе, ки тифл бо лабхандаш ба шумо иртибот пайдо мекунад, тарбияро оғоз бояд кард. Фарзанде, ки дар зиндагӣ аз ҷониби падару модар муносибати хуб дидаву тарбияи нек гирифтааст, боиси хушнудиву ризои онҳо мегардад ва баъд аз маргашон бо тиловати Қуръони маҷид арвоҳи онҳоро шод мегардонад.

Файласуфи бузурги юнонӣ Афлотун гуфтааст: «Тифлон мисли хамиранд, ки нонпаз аз ин хамир навъҳои гуногуни нонро мепазад». Яъне, ҳар он чӣ кӯдаконро аз неку бад тарбия диҳем, дар охир натиҷаашро мебинем.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа фарзандоне ҳастанд, ки масъулияти фарзандии хешро нисбати падару модар ба ҷо намеоранд ва бо онҳо дағалона муносибат менамоянд. Албатта, ин ҷо на ҳамаи фарзандон гунаҳкор ҳастанд. Тарбияи кӯдак саҳлангориро талаб намекунад. Махсус дар синни наврасӣ кӯдакон он қадар кунҷков ҳастанд, ки мехоҳанд ба ҳамаи рафтори шумо тақлид кунанд. Дар ояндаи кӯдак ҳамин тақлиду таъсирнопазирӣ нақши муҳим мебозад. Вуҷуди кӯдак мисли оинаи пок аст, ҳар он чӣ ба ӯ нишон диҳем, ҳамонро инъикос мекунад. Агар ба фарзанд дашном ёд диҳем, рӯзе бо ҳамин дашном моро истиқбол мегирад.

Дар баъзе оилаҳо агар кӯдак гуноҳе содир намояд, дарҳол падару модарон бо суханҳои таҳдидкунанда ва дашномҳои қабеҳ, ки хилофи тарбияанд, ӯро ҷазо медиҳанд, ки ин муносибат ҳатман ба шуури кӯдак таъсири бад мерасонад.

Боре дар рӯзномае хондам, ки чанд сол пеш дар як маҳаллае писарбачаи 6-сола гӯши хоҳарчаи 9-моҳаашро бо корд буридааст. Хушбахтона, бо кӯмаки табибон кӯдак зинда монд. Сабаби ба ин кор даст задани писарбача таҳдиди пайвастаи падараш будааст. Писарбача ягон гуноҳе содир мекард, ҳатман падараш бе ҳеҷ як андеша «агар бори дигар такрор кунӣ, гӯшатро мебурам» гӯён таҳдид мекард. Дар натиҷа писарбача ба гиряи хоҳарчааш тоқат накарда, зери таъсири суханони падараш гӯё ӯро ҷазо додааст.

Иддае аз падару модарон бештар вақтҳои холигии худро бо ҳамроҳии фарзандонашон ба тамошои филмҳои зӯроварию даҳшатафканӣ мегузаронанд. Кӯдакон ба қаҳрамонҳои филм пайравӣ намуда, бо рафиқонашон амалҳои зӯровариро такрор мекунанд. Ин рафтор ба кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Муносибат бо фарзандон аз ҳар як волидайн масъулияти ҷиддиро талаб менамояд. Пӯшида нест, ки шахси дағалу бадқавоқро ҳама баҳои манфӣ медиҳанд. Аз ин рӯ, бояд фарзандонро аз айёми кӯдакӣ ба кушодачеҳра будан ва хушсуханӣ одат кунонем. Аз хурдсолӣ руҳияи онҳоро ба ҳақиқатгӯиву ҳақиқатҷӯӣ ва адолатпарварӣ тарбия намудан лозим аст. Кӯдаконро аз хурдсолӣ бо мисолҳои оддӣ ба лутфу меҳрубонии Худо ошно бояд намуд. Онҳоро аз Худо натарсонед, балки дар руҳияи самимияту дӯст доштан тарбия бояд кард.

Агар бо кӯдак аз хурдӣ дағалона рафтор намоем, ё ин ки бо ҳар гуна суханҳои бофта тарсонем, дар оянда фарзандони накӯхислат интизор шудан ғайриимкон аст. Барои иҷро накардани ягон супориш дод задан ба сари ӯ нишонаи тарбия нест, балки бо ӯ бояд чунон рафтор кунем, ки дар оянда хатоҳои худро ислоҳ намояд.

Яке аз муаллимони таҷрибанок — Гавҳарбӣ Раҷабова, ки зиёда аз 30 сол боз дар синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд, оид ба ин мавзуъ чунин гуфт: «Ман шогирдеро, ки айни ҳол дар синфи 8 мехонад, шинос менамоям, ки бо андак садо аз ҷояш як қад мепарад ё ин ки рангу рӯяш зуд тағийр меёбад. Сабаби ба ин ҳол гирифтор шуданаш падараш мебошад. Вақте дар синфи як мехонд, субҳидам аз ҷой хестан намехоҳад. Ба ҷои он ки ӯро бо суханҳои хушу нарм бедор кунад, баръакс падараш бо таҳдиду фарёд кӯрпаро аз рӯяш кашида, бедор мекардааст. Магар кӯдакон лоиқи эҳтиром нестанд? Аз ҳамон муносибати дағалонаи падар фарзандонаш мубталои бемории тарсуӣ гаштаанд».

Ҳар як волидайнро зарур аст, ки дар оила байни фарзандон ҳисси дӯстдорӣ, меҳру шафқату ватандӯстдориро аз муҳти хонавода ба роҳ монад. Тавре доири ин мавзуъ паёмбарамон Муҳаммад (с) фармудааст: «Фарзандони худро гиромӣ доред ва онҳоро дуруст ва саҳеҳ тарбия кунед, то Худованд гуноҳони шуморо бубахшад».

Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки то ба мактаб равон кардан, ҳисси донишомӯзиро дар фарзандон бедор намоем. Дили кӯдак мисли зарфи тозаи шишагин аст. Агар ба он оби соф резед, ҷило дода, об равшан намудор мешавад. Агар оби лой резед, зарфи тираву лойолуд мегардад.

Р. ТОҲИР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here