Паҳн шудани якчанд навори муҳокимаи занон, гӯё дар ҳолати хиёнат, сарусадоҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва байни ҷомеа ба миён овардааст. Дар ин наворҳо гуруҳе худро посдорони ахлоқ вонамуд намудаву ба хонаҳои занони бешавҳар даромада, онҳоро ҳамроҳи марде пайдо карда, “ҷазо” медиҳанд. Яъне бидуни иҷозат занонро гунаҳкор ва сабт мекунанд, аммо кор танҳо бо ин анҷом намеёбад. Наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд, ки дар натиҷа баҳсҳои зиёдеро ба бор меорад.

Дар чанд моҳи охир 4-5 чунин наворҳо пайдо шудаанд, ки 2-тоаш аз тарафи хушдоман ва наздикони зан ва боқимондааш аз тарафи шахсони бегона сабт шудаанд. Дар яке аз он наворҳо чанд марди бегона шаб ба хонаи як зан медароянд ва сабтро оғоз мекунанд. Ҳақорату дашном карда, ба зан мегӯянд, ки чаро ба шавҳараш хиёнат кардааст. Ҳатто латукӯб ҳам мекунанд. Зан хиёнатро рад карда, мегӯяд, ки ин мард хешовандаш аст. Аммо ҳақорату дашном карда, сабтро идома медиҳанд… 

 

“Зани хиёнаткор бояд ҷазо дода шавад”

Баъди пахши навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои дурудароз сард зад ва аксарият занонро барои хиёнат маҳкум карда, мегӯянд, ки тарафдори ин амаланд, то ба занони дигар дарс шаваду ба ин кор даст назананд. Аммо гуруҳи дигар ин амалро ноҷавонмардона хонда, гуфтаанд, ки ягон кас ҳуқуқ надорад каси дигарро бе иҷозат сабт карда, дар интернет пахш кунад. Дар ин ҳолат ҳуқуқи зан поймол шудааст. Як нафар истифодабарандаи шабакаи иҷтимоӣ дар шарҳи зери навор навиштааст: “Ба шумо кӣ ҳуқуқ додааст, ки ба хонаи як зани бегона даромада, сабт кунед? Шумо зани тоҷикро дар тамоми дунё шарманда кардед. Ман дар ҷои ҳамон занҳо мебудам, барвақт ба мақомот шикоят мебурдам. Ягон нафар ҳуқуқ надорад ин корро кунад, ҳатто дар ҳолати хиёнат кардан ҳам. Ин кори дохили оила аст, бигзор зану шавҳар худашон ҳал кунанд”.

 

“Чаро фақат айби занонро мебинанд”?

Ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова мегӯяд, ки ин пеш аз ҳама дахолат ба ҳаёти шахсӣ ва поймол намудани ҳуқуқи инсон аст: “Вақтҳои охир дар шабакаҳои интернетӣ мардҳо навори занҳоро гузошта, боз гӯё барояшон қаҳрамонӣ бошад, садо баланд мекунанд, ки “ана боз як зани дигарро бо марди бегона қапидем”. Ин ҳама ғайриқонунӣ буда, дахолат ба ҳаёти шахсии инсон мебошад. Конститутсия дахлнопазирии ҳаёти шахсиро кафолат дода, қонун ҳифз намудааст. Ба ғайр аз ин, дахлнопазирии манзил низ кафолат дода шуда, барои вайрон намудани он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Ба навор гирифтани баъзе ҳолатҳои марбут ба ҳаёти шахсӣ низ тибқи Кодекси ҷиноятӣ ҷиноят маҳсуб меёбад ва чамъ кардани маълумоти сирри шахсӣ мебошад. Пеш аз ҳама ин поймол намудани ҳуқуқи инсон аст”.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки дар ҷомеаи мо дар бисёр ҳолатҳо фақат айби занро мебинанд ва айби мардонро нодида мегиранд, ҳол он ки, худи мардон бе ризоияти зани қонуниашон бо чанд зани дигар ҳамзистӣ мекунанд: “Шабона ба ҷойҳои дилхушӣ рафта, бо занони сабукпой ҳамхоба мешаванд, вале бо вуҷуди ин айби худро нодида гирифта, занҳоро таҳқиру шарманда мекунанд”. Ӯ мегӯяд, ки тарафдори ин амали  занҳо нест, вале “шармсор кардани онҳо аз фарҳанги пасту маърифати ҳуқуқӣ надоштани бархе аз мардуми мо гувоҳӣ медиҳад. Мутаассифона, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт камфаъол буда, таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд”.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ки аз ин наворҳо хабар доранд, вале то ҳол ягон шикоят дар ин маврид ворид нашудааст. “Аслан, масъалаи оилавӣ дар салоҳияти судҳост, аммо агар барои бе иҷозат сабт кардан ва поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон муроҷиат шавад, мо албатта пайгирӣ хоҳем кард”,- мегӯяд як масъули Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

 

Тақлид ба телевизион

Дар ҳақиқат зиёд шудани ин гуна наворҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон таъсири манфии худро мерасонад. Ҷомеаи тоҷик ин зуҳуротро манфӣ қабул дорад. Бархе аз коршиносон бар он назаранд, ки ин зуҳурот аз амали телевизионҳои давлатӣ сарчашма мегирад.

Роҳбари ташкилоти ҳуқуқии “Перспектива+” Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, “он нафароне, ки ба чунин корҳо даст мезананд, тақлид ба телевизионҳои давлатӣ менамоянд.Чунки маҳз дар телевизионҳои давлатӣ чунин наворҳо ба намоиш гузошта шуда буданд. Он шахсоне, ки чунин наворҳоро дар интернет паҳн мекунанд, боварӣ доранд, ки барои ин рафторашон ҷавобгар намешаванд. Мақомот вазифадоранд, ки чунин нафаронро боздошт кунанд. Амали онҳо дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон ҳисоб мешавад”.

Қаблан низ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала изҳори нигаронӣ карда, ин амалро ноҷавонмардона хондаву маҳкум намуда буд.

 

“Ҷомеа баррасии солими як рӯйдодро надорад”

Дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” низ як гуруҳе пайдо шудааст, ки аксу наворҳои духтарони тоҷикро паҳн мекунанд. Ва ҳатто чунин гуруҳҳо хонандагони зиёд ва баҳсҳои тезутунд доранд. Як истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” мегӯяд, ки дар гуруҳи мазкур аксу наворҳои духтарони тоҷик дар ҳолатҳои гуногун, ҳангоми оббозӣ, ҳангоми либосивазкунӣ ва дигар ҳолатҳои шаҳвонӣ гузошта мешаванд. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, аксари наворҳо баъди якчанд муддат аз саҳифаи ин гуруҳ бардошта мешаванд, ки тибқи баъзе маълумотҳо, соҳибони чунин гуруҳҳо бо ин роҳ аз духтарон маблағ талаб мекунанд ва баъди гирифтани маблағи муайян он аксҳоро аз саҳифа мебардоранд.

Ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки дигар мардуми мо баррасии солими як рӯйдодро надоранд ва пеш аз ҳама ин зуҳурот аз заиф шудани таркибҳои фарҳангии мо дарак медиҳад. Ҷомеашинос Меҳмоншо Шарифов мегӯяд, ки фаросат, яъне ботинан дарк кардани тарафҳои хуб ва бади як рӯйдод, ки дар мардуми мо як унсури фарҳангӣ буд, дигар намондааст ва бисёриҳо оқибати аъмоли худро, ки масалан нашр кардани як навор ба чӣ меанҷомад, ба ҳалли мусбати масъала мебарад ё не, фикр намекунанд. “Ва ин кор, яъне бефаросатӣ ҳатто дар сатҳи ниҳодҳои давлатӣ рӯй дода буд ва медиҳад. Гуфтан мумкин аст, ки таркибҳои фарҳанг на танҳо хароб, балки фарҳанги тоҷик захми маргбор дорад”,- зикр намуд ин ҷомеашинос. 

 

Рухшона ҲАКИМОВА, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here