Аслан то ба он ҷо нарафтам, намедонистам, ки ба куҷо даъват гардидаам. Гумон мекардам ягон чорабинӣ ва ё маҷлису конфронс. Вале вақте суроғаро фаҳмидам, ҳайрон гардидам, ки чаро дар як кунҷи дуртари шаҳр. Инро баъди телефонро хомӯш кардан фикр кардам. Боз дар телефон таъкид карда буданд, ки роҳаш каме дуртар

Аз роҳи марказӣ моро сабукрави ширкате ба он ҷо бурд. Тоқат накарда, аз ронандаи сабукрав пурсидам, ки ин чӣ гуна чорабинӣ? Ӯ гуфт, ки ифтитоҳи як корхонаи дӯзандагӣ. Хеле ба баландӣ баромадем. Фазои ин ҷо бисёр аҷибу зебо ва дилнишин буд. Аз ин кунҷи шаҳр дидани Душанбе ҳам хеле гуворо ва мароқовар ба назар мерасид. Як-як ба ҳар куҷо назар мекардаму ҳамон хаёли корхонаи чӣ гуна дӯзандагӣ будан маро ба худ мекашид.

Ронанда гуфт, расидем ва як бинои бисёр зебои хурдакакро аз поёнтари он нишон дод. Воқеан бино аҷиб ба назар мерасид, дар пеши бино мошинҳои зиёде қатор меистоданд. Баробари ба бино ворид гардидан занҳоеро дидем, ки дар сари дастгоҳи дӯзандагӣ машғули кор буданд. Маълум гардид, ки аллакай биноро ифтитоҳ намудаанду ба тамошои он ба бино шахсиятҳои расмӣ ва дигар иштирокдорон ворид гардидаанд. Мо каме дертар ба ин ҷо расидем. Ба ифтитоҳи корхонаи мазкур раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф Саид, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, Котиби якуми сафорати Русия дар Тоҷикистон Олег Илишев, сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳо нав Абдурауф Пулотов, намояндагони Лоиҳаи Дафтари СММ оид ба рушди саноат (ЮНИДО) дар Тоҷикистон ва дигар намояндагон аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав омада буданд. Чеҳраи кушода ва хушзавқии онҳо бар он гувоҳ буд, ки ҳар як аз ин иқдоми нек аз замири дил хурсандӣ мекарданд. Аммо маро хурасандӣ ва болидагии занҳои дӯзанда бештар ба худ кашид. Аз чеҳари ин занон бисёр суханҳоро хондан мумкин буд. Нафаре аз онҳо ба мухбирон мусоҳиба медоду дар ҳаяҷон худро гум карда, ҳарфе гуфта наметавонист, дигаре аз шарми тоҷикона сараш хам машғули кори худ буд ва сеюмӣ ба андешаи таҳдор фурӯ рафта буд. Ин чеҳраҳо маълум буд, ки ҳама “сипос” ва “шукрона” гуфтан мехостанд. Дар байни онҳо занҳои нисбатан калонсол ва духтарони ҷавон низ дида мешуданд. Дастони меҳнатқарини онҳо гувоҳӣ аз касбияти баланд дар кори дӯзандагии онҳо медод. Маро ҳам ин ҳолат бисёр болида ва фараҳманд кард. Чӣ қадар занҳои мо соҳиби кор ва зиндагии арзанда гардиданд. Воқеан, ин кор кори арзишманд ва оварандаи обрӯ барои занон аст, хусусан ба занҳои хонашини тоҷик. Бо дидани ин ҳолат хостам либосҳои дӯхтаи онҳоро бубунам, ки то чӣ андоза ба талаботи муосир ҷовобгӯ аст. Даст зада, паҳлу гардонида, ёзонида, ҳар як либоси ба тамошо гузоштаи ширкати навкушодашудаи “Ноҳид”-ро дар шаҳри Душанбе ба мушоҳида гирифтам, ки воқеан сифати баланд дошт.

Аз гуфтаҳои ҳамсуҳбатони мо аз ҶДММ маълум гардид, ки маҳсулоти дар корхонаи ҶДММ “Ноҳид” истеҳсолшаванда пурра аз пахтаи маҳаллӣ омода мегардад. Яъне, ашёи хом аз ҷумҳурӣ буда, он дар дохили кишвар омода ва баъдан 50% ба хориҷи кишвар бароварда мешавад.

Албатта ин гуфтаҳо ба ман қувват бахшиданд ва итминон ҳосил кардам, ки агар занҳои тоҷик ҳам донишҳои андаки замонро дар касби худ биомӯзанд, дар ин ҷода обрӯи ҷаҳонӣ касб карда метавонанд.

Маълум гардид, ҶДММ “Ноҳид”, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд, қаблан дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд низ фаъолият доштааст. Барои ба кор оғоз намудани корхонаи мазкур дар шаҳри Душанбе МИҲД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон (ки дар ҷумҳурӣ бо дастгирии молиявии Ҳукумати Федератсияи Русия амалӣ карда мешавад) кумак намудаанд. Ҳамчунин аён гардид, ки ба ширкат коршиносони ватанӣ ва байналмиллалӣ кумаки машваратӣ намудаанд, ки инро Сарвиноз Ҷунайдова — ҳамоҳангсози миллӣ — техникии ЮНИДО дар Тоҷикистон дар суҳбат бо мо қайд намуд.

Ин иқдоми нек маро аз он ҷиҳат болида намуд, ки чандин занҳои хонашини мо бо кори бообрӯ таъмин гардида ва ба зиндагии арзандатар соҳиб гардиданд. Ин ҳолати хурсандибахш ба чанд рӯзи дигари ман асар гузошт. Зиҳӣ иқдоми наҷиб ва кори арзанда.

М. ҚОСИМОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here