Паём – дастури раҳнамо

Бо назардошти аҳамияти муҳим доштани зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёни касбӣ дар рушди кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: “Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ яке аз зинаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар буда, иқтисодии миллиро бо мутахассисони  соҳибкасб таъмин менамояд ва дар рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо мегузорад.”

Раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тамоми фаъолияти таълимӣ, илмӣ-методӣ ва тарбиявии худро баҳри татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи баланд бардоштани дониши донишҷӯёнро ҳамеша сармашқи кори худ намудааст.

 Боргоҳи омӯзгорони касбӣ

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар заминаи Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Н.К. Крупская соли 1999 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №262,аз 05.07.1999 таъсис ёфта, ба Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ табдил дода шудааст.

Таълимгоҳ дар соҳаи омода намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ва мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инчунин курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, пазандагӣ, омӯзиши забонҳои русию англисӣ саҳми арзанда гузошта истодаст.

Аҳли кормандони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тамоми фаъолияти худро баҳри татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли ҷорӣ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар соли 2020 корҳои зиёдеро ба анҷом расондаанд.

Вазъи амалишавии барномаҳои давлатӣ

Баҳри татбиқи амалии талаботҳои барномаҳои давлатии “Ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2012-2020»,  Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020”, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” ва “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ  бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию татқиқотӣ» «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқкардашуда  корҳои чашмрас  ба анҷом расонида шуда истодааст. Аз ҷумла, таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, маводи методӣ ва дигар воситаҳои аёнӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ; бунёди маркази фарҳангӣ, таълимӣ, истеҳсолӣ, тиббӣ ва солимгардонӣ дар муассисаи таълимӣ; такмили ихтисос ва омодагии касбии кадрҳо дар соҳаи  технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ; харидорӣ ва таъмин намудани муассисаи таълимӣ бо таҷизотҳои таълимӣ, таълимӣ-истеҳсолӣ, китобҳои дарсии норасо, техника ва технологияи навин, мизу курсӣ, ҷиҳозҳои хобгоҳ аз ҳамин зумра ба шумор мераванд.

Барномаҳои мазкур бо мақсади беҳтар намудани низоми фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, амалӣ гардонидани ислоҳот дар бахши таҳсилот, бо назардошти талаботи бозори дохилӣ ва берунӣ, талабот ба кадрҳои коргарӣ, зарурияти ба роҳ мондани усулҳои модулии таълим, беҳтар намудани заминаҳои моддию техникӣ ва таълимию методӣ, боло бурдани маҳорати касбии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидои ва миёнаи  касбӣ омода гардидаанд ва амалишавии онҳо ба рушди ин зинаҳои таҳсилот мусоидат намуда, мутахассисони хатмкардаи ин зинаҳо метавонанд дар рушди минбаъдаи кишвар саҳми назарраси худро гузоранд.

Пойгоҳи илмӣ-методӣ

Дар муассиса  203 нафар омӯзгорон ба корҳои таълим ва тарбия машғуланд, ки аз онҳо 147 нафарашон доимӣ ва 56 нафар ба ҳайси ҳамкор фаъолият мекунанд. Аз ин шумора: номзадони илм 23 нафар (7 нафар ба ҳайси корманди асосӣ), докторони илм 4 нафар (1 нафар доимӣ) ва муаллимони калон 82 нафар мебошанд.

Дар  соли 2020 корҳои илмӣ — методӣ дар асоси нақшаҳои тасдиқкардашуда ба роҳ монда шудаанд. Омӯзгорони ҷавон корҳои илмии худро ба сомон расонида, пешдифоъ намуданд ва вобаста ба мавзӯъҳои таҳқиқотиашон мақолаҳо навиштанд. Аз ҷумла, омӯзгори калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Мерганзода М. Дар мавзӯи: “Поэтикаи осори ғиноии Адиб Собири Тирмизӣ” санаи 18.03.2020 ва омӯзгори калони кафедраи фанҳои табии-риёзӣ Иқболов Д санаи 11.08.2020 мавзуъҳои тадқиқотии хешро пешдифоъ ва моҳи декабр ҳимоя намуданд.

Омӯзгорони кафедраҳо дар соли 2020 беш аз сад мақола ва дастурҳои методиро ба табъ расониданд, ки натиҷаи назаррас мебошад.Ҳамзамон, баҳри амалигардонии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва баланд бардоштани савияи донишу малакаи омӯзгорон дар назди муассиса аз тарафи устодони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф курси такмили ихтисос гузаронида шуд. Дар ин курс 35 нафар омӯзгорон иштирок намуда, соҳиби шаҳодатнома гаштанд.

Маъмурияти муассиса талош ба он дорад, ки дар оянда низ баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кории омӯзгорон ҳамкориро бо  Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф пурзӯр намоянд ва баҳри пешрафти соҳаи маорифи кишвар саҳси арзандаи хешро гузоранд.

 Низоми таълим

Коллеҷи омӯзгорӣ тибқи иҷозатномаи АУ №0002564 аз 01.10.2018 ва меъёрҳои муайянкунанда аз рӯйи самтҳои (ихтисосҳои) мухталиф мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ омода мекунад. Дар Коллеҷ 128 гурӯҳи таълимӣ, аз ҷумла, дар шуъбаи рӯзона 95 гурӯҳ ва дар шуъбаи ғоибона 33 гурӯҳ ба тариқи низоми кредитӣ ва фосилавӣ фаъолият доранд.

Теъдоди умумии донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона 2488 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 1825  нафарро ташкил медиҳад.

Рафти таълим дар соли 2020 дар асоси низоми кредитӣ роҳандозӣ шуда, дарсҳо мувофиқ ба талаботи замон бо истифодаи технологияҳои муосир гузаронида шуданд.

Маъмурияти муассиса корҳои тарғиботиро дар соли таҳсили 2020-2021 хуб ба роҳ монда, нақшаи қабули довталабонро ба пуррагӣ иҷро намуданд.  Натиҷаи сессияи зимистона нишон дод, ки сатҳи дониши донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ назар ба дигар факултетҳо беҳтар аст. Дар факултети филология ва таърих бошад, назар ба дигар факултетҳо ва нисбат ба натиҷаи сессияи зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 дар давраи сессияи асосии зимистонаи соли таҳсили 2020-2021 теъдоди баҳоҳои манфӣ камтар дида мешавад.

 Чорабиниҳои фарҳангӣ в сиёсӣ

Дар муассиса баҳри дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносиву меҳанпарастии донишҷӯён тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ин ҷост, ки донишҷӯёни муассиса дар тамоми чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангии сатҳи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ иштироки фаъолона менамоянд. Чунончи ба ҳамагон маълум аст, санаи 11 октябр маъракаи сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар бинои асосии таълимии муассиса участкаи интихоботии рақами 11 ташкил шуд. Аъзои участкаи интихоботӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи сиёсӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро роҳандозӣ намуда, дар миқёси шаҳр ва ноҳия участкаҳои интихоботии 11-ро ҳамчун яке аз участкаҳои фаъол муаррифӣ карда тавонистанд.

Дар баробари ин, дар муассиса дар соли 2020 Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президент ва дигар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил ва гузаронида шуд.

 Ободӣ аз озодагист

Бояд қайд кард, ки таълимгоҳ ба корҳои ободонӣ ва хоҷагидорӣ диққати ҷиддӣ медиҳад ва баҳри тозаву озода гардонидани муассиса, гирду атрофи он, сарсабзу гулзор гардондани дохили муассиса ва берун аз он дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ бо қисми хоҷагидорӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон, ва омӯзгорону донишҷӯён бо баргузории шанбегиву якшанбегиҳо ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

Бо мақсади идомаи корҳои созандагиву ободонӣ тамоми синфхонаҳои таълимгоҳ, роҳравҳо аз таъмири  капиталӣ ва баъзе аз онҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, тирезаҳои чубинӣ шафати бинои асосӣ ба тирезаҳои пластикӣ иваз карда шуданд.Хатҳои ноқили барқ  дар  синфхонаҳо, роҳравҳои бинои асосӣ ва хобгоҳ таъмир гардида, қандилҳо бо фурӯзонакҳои каммасрафи замонавӣ иваз карда шуданд. Бойлер, яъне системаи гармидиҳии  бинои асосӣ ба фасли зимистон омода карда шуд.

Ҳамчунин, аз толорҳои биноҳои кӯҳнаи наздиҳавлигии Коллеҷ 6 синфхона  барои 20-25 ҷойи нишаст, кабинетҳои корӣ барои омӯзгорон тармим ва таъмир карда шуда, дар баробри ин, утоқи либосивазкунии донишҷӯён барои дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ омода гардид. Ошхонаи таълимгоҳ барои 60 нафар донишҷӯ аз таъмир бароварда шуд. Дар бинои факултети забонҳои хориҷӣ ду синфхонаи иловагӣ ташкил карда шуданд.

Дар дохили муассиса оид ба корҳои ободонӣ толори фарҳангӣ аз таъмир бароварда шуда ва дар баробари ин, толори нави Шӯрои олимон низ аз нав таъмир шуда барои истифода қарор гирифт. Ҳамзамон, гирди дарахтон нарм карда шуда, дар саҳни ҳавлии муассиса ва хобгоҳ зиёда аз 500 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.

Қобили тазаккур аст, ки таълимгоҳ дорои 14 адад тахтаи электронӣ, 6 адад проектор ва 171 адад компютерҳои замонавӣ мебошад. Дар соли 2020 Маркази ягонаи бахши тестӣ ва бақайдгирӣ барои  қабули имтиҳонҳо баъд аз таъмири капиталӣ барои ҷойи нишаст бо компютерҳо ва як адад Сервер барои идораи барномаи таълими кредитӣ омода гардид. Синфхонаҳои таълимӣ ва утоқҳои кории кормандони раёсат ба хаттӣ интернет пайваст ҳастанд. Соли ҷорӣ сомонаи муассиса аз нав таҷдиди назар карда шуда, барои фаъолияти минбада, ворид намудани маводҳо ва хабарҳои иттилоотии муассиса шахси масъули соҳа таъйин карда  шуд.

Ҳамзамон, моҳи сентябри соли 2020 аз ҳисоби биноҳои кӯҳнаи дохилиҳавлигии қоллеҷ 10 синфхонаи таълимии ёрирасон барои 232 нафар ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Толорҳои лексионии синфхонаҳои таълимгоҳ баъд аз таъмир бо мизу курсиҳои норасо таъмин карда шуданд.

Мутмаин ҳастам, ки аҳли таълимгоҳ ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни пуршукуҳи 30 — солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти бунёдкориву ободкориҳоро мунтазам идома бахшида, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин санаи таърихӣ пайваста талош ба харҷ медиҳанд.

Садоқат ба иқдомоти Пешвои миллат

Нишондодҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварамон дар солҳои охир ва қиёси онҳо бо солҳои пешин далолат аз он медиҳад, ки дигаргуниҳои куллию  назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал омадаанд. Ҳамагон инро пеш аз ҳама аз истиқрори сулҳу ваҳдат ва таъмини суботи иҷтимоию сиёсӣ медонанд.

Сайъу талош ва иқдомҳои сиёсии роҳбарияти кишвар эътимодро ба иқтидори инкишофи минбаъдаи босуботи мамлакат равшану возеҳ баён месозад. Аҳли коллективи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар ин радиф бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои гузоштани саҳми арзандаи худ пайваста ҷидду ҷаҳд менамоянд. Коллективи коллеҷ баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, савияи баланди донишомӯзӣ, сатҳи баланди маърифатнокӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, умуман таълиму тарбияи хуби ҳар як донишҷӯро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонанд.

Одиназода Латофат Амиршо, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои педагогӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here