Дар воқеъ, мактабу маориф, илму ирфон, маърифат ва дониш дар ҳама давру замонҳо дар таърихи инсоният мақоми шоистаро касб намуда, дар  пешрафти ҷомеа нақши муҳим ва калидӣ мебозанд. Дар ҷаҳони муосир, ки ҳарчи бештар ва амиқтар ба ҷараёни инкишофи илмӣ-техникӣ ворид мегардад, мақому вазифаи мактабу маориф беш аз пеш меафзояд. Тавре дар муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон маорифро яке аз соҳаҳои бартариятнок эълон мекунад…”

Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ки яке аз боргоҳҳои бонуфузи   таълимии варзишӣ, такягоҳи тарбия ва тайёр намудани мутахассисони варзиш ва дорои дараҷаи таҳсилоти омӯзгорӣ барои мактабу маориф  дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, дар ин радиф рисолати хешро ба таври шоиста ва сарбаландона иҷро менамояд. 

 

Агар ба таърихи муассиса назар афканем, маҳз дар заминаи Техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ таъсисёбии он бешубҳа як воқеаи муҳим ва фараҳбахш дар ҳаёти маънавӣ-фарҳангӣ ва варзишии мардуми Тоҷикистон буд, соли 2002 Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таъсис ёфт. Айни замон муассиса бо роҳнамоиву нишондодҳои сарпарасти соҳа — Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар дорад.

Тавре шоҳидем, баъди ба даст овардани истиқлолият дар кишвар муносибат ба варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Ба шарофати сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи таркибӣ ва пураҳмияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа муқаррар гашт. Сиёсати маънавиётгароёна, маорифпарварона ва  фарҳангпарваронаи Роҳбари давлат, таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамаҷониба  ва рӯзафзуни давлат ба илму маориф, ғамхориҳои зиёд ба соҳаи варзиш дар фаъолияти муассиса нақшу таъсири амиқ ва файзбахше гузошт. Дар маҷмуъ, имрӯз барои солимгардонии миллат ҳама дастуру ҳидоятҳо  роҳандозӣ мегардад, то ин ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дӯст, ёвар ва ҳамқадами доимии ҷавонону наврасон ва донишҷӯён бошад. Дар чунин шароит хоҳ-нохоҳ дар назди муассисаҳои таълимии соҳаи варзиш масъулияти боз ҳам бештар зам мегардад. Боиси хурсандист, ки ин нуктаро коллективи устодону донишҷӯёни Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон хуб дарк намудаанд.

Муассиса аз рӯи ихтиссоси 2-030201-«Тарбияи чисмонӣ» бо равияҳои  гӯштини миллӣ, волейбол, баскетбол, футбол, гимнастика, варзиши сабук, якҳарбаи шарқӣ ва бокс кадр тарбия менамояд.

Як рӯйдоди дигари фараҳбахш он аст, ки имсол дар муассиса боз як ихтисоси нави талаботи муосир- ихтисоси “Омодагии дифои ҳарбӣ” кушода шуд. Дар ду кафедраи муассиса-кафедраи “Варзиш” ва кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” зиёда аз 60 нафар устодони ботаҷриба, ки бештарашон дорои тахассуси дараҷаи олӣ, унвони илмӣ, унвонҳои соҳавии Аълочии маориф, Корманди шоистаи варзиш ва дорои дараҷаҳои варзишӣ мебошанд, ба шогирдон сабақ меомӯзанд. Аз ҷумла,   8 нафар устодон дорои унвони Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар дорои дараҷаи дотсентӣ, 6  нафар соҳиби унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошанд. 12 нафар дараҷаи олии тахассусӣ, 10 нафар дараҷаи якуми тахассусӣ ва 4 нафар дараҷаи дуюми тахассусиро доро буда, 7 нафар устодон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд, ки 50%-и ҳайати омӯзгоронро ҷавонон ташкил медиҳанд.  Омӯзгорони ботаҷрибаву рӯзгордида, ба мисли Кормандони шоистаи варзиш Адолатшо Зарифиев, Маҳмадулло Бобоев, Маҳмурод Раҷабов, Саидҷамол Нуралиев, Раъно Гулова, Бӯрихон Собиров, Аълочиёни маориф Анзурат Ҷӯрабекова, Меҳринисо Раҳимова, Маҳмадамин Аминов, устодони соҳибтаҷриба Раҳмихудо Шукрихудоев, Бобо Сангов,   Қурбоналӣ Саидов, Раҳматулло Ҷорӯбов, Хосият Шукурова, Саёҳат Аслиддинова, Кароматулло Ғуломов,  олимони ҷавон Мавлон Шарифов, Тиловат Шарипов, Сорбон Амаков, Муслиҳиддини Нурзода, Ғайрат Юсупов, устодони дорои дараҷаҳои варзишӣ Тихон Данилов, Сафаралӣ Ғаниев, Равшани Мақсуд, Ромиш Ашӯров, устодони ҷавони лаёқатманд Нурулло Афтодов, Сафархони Ҷумъахон, Фаридун Асадуллоев ва Эмомалӣ Сафаров воқеан дар пешрафти кори таълиму тарбия саҳми муносиб доранд.

Дар Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 771 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 401 ба таври буҷавӣ ва 370 нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд. Дар шуъбаи ғоибона 288 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд. Дар коллеҷ   55 гуруҳи таълимӣ фаъолият мекунад, ки аз онҳо 43 гуруҳ дар шуъбаи рӯзона ва 12 гуруҳ дар шуъбаи ғоибона таҳсил доранд.

 

Заминаҳои моддию техникӣ

Муассиса дорои бинои таълимии сеошёна буда, аз 19 синфхона, 1 китобхона, бойгонӣ ва инчунин утоқҳои корӣ иборат аст. Аз боздид дар коллеҷ маълум шуд, ки синфхонаҳо ва толорҳои муассиса пурра бо аёниятҳо, маводҳо, таҷҳизотҳои таълимӣ ва варзиши таъмин мебошанд. Аз суҳбат бо директори коллеҷ устод Бахтиёр Камолов маълум шуд, ки сол ба сол миқдори кабинетҳои ҳаматарафа ҷиҳозонидашуда рӯ ба афзоиш дорад. Агар миқдори кабинетҳои фаннӣ як сол пеш, 14-торо ташкил карда бошанд, дар соли равон теъдоди онҳо ба 19 адад расонида шуда, ҳар як кабинет бо талаботи замон ҷиҳозонида шудааст.

Дар оғози соли нави таҳсили 2018-2019 дар муассиса Маркази тестӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Маркази мазкур бо 10 адад компютери ба шабакаи Интернет пайваст ва мизу курсиҳо ҷиҳозонида шуда, се синфхонаи нав аз таъмир бароварда шуд ва барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ шароит муҳайё карда шуд. Ҳамзамон, ду синфхонаи алоҳидаи компютерӣ дар соли таҳсили нав пурра ба истифода дода шуд. Дар маҷмуъ, бобати амали намудани супоришҳои Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ дар коллеҷ 3 утоқи бо тарзи замонавӣ ҷиҳозонидашудаи компютерӣ мавриди истифода қарор дорад. Теъдоди компютерҳо низ сол ба сол зиёд шуда , агар дар ҳамин давраи соли хониши гузашта муассиса дорои 47 компютер бошад, дар соли равон бошад ба муассиса 10 комютери нави замонавӣ ворид гардид, ки дар маҷмуъ шумораи умумии он ба 57 адад расид. Инчунин, дар давраи таътил бо дастгирии роҳбарии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми синфхонаҳо бо қувваи омӯзгорон аз таъмир бароварда шуданд.

 

Низоми таълим

Қисми таълимро устод Раҳматулло Ҷорӯбов сарварӣ сенамояд. Декании шуъбаи рӯзона ба зиммаи устод Меҳриниссо Раҳимова ва декании шуъбаи ғоибона ба зиммаи устод Саидҷамол Нуралиев во гузошта шудаанд.

Дар муассиса алъон ду кафедра — кафедраи фанҳои тахассусӣ (варзишӣ) ва кафедраи гуманитарӣ амал менамояд. Устод Равшани Мақсуд роҳбарии бахши варзиши муассиса, устод Ромиш Ашӯров бошад мудирии кафедраи фанҳои тахассусӣ (варзишӣ)-ро ба зимма доранд. Дар кафедраи фанҳои тахассусӣ (варзишӣ) 22 омӯзгорони ботаҷриба ва ҷавон аз фанҳои тахассусӣ дарс мегӯянд, ки феълан аз ин теъдод 1 нафар дотсент, 1 нафар унвонҷӯ мебошанд. Омӯзгорони кафедра бо нақшаҳои таълимӣ ва силлабусҳо пурра таъминанд.

Мудирии кафедраи фанҳои гуманитариро устод Сорбон Амаков ба зимма дорад. Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ бошад 32 нафар омӯзгор фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 3 нафар дотсент, 3 нафар аспирант ва 1 нафар унвонҷӯ мебошанд.

Дар давоми сол зиёда аз 9 конфронсияи илмӣ дар муассиса баргузор гардид. Дар соли 2018 38 мақолаи илмию оммавии устодони коллеҷ дар рӯзномаву маҷаллаҳои илмию оммавӣ рӯи чоп омаданд. Бо тавсия ва қарори шӯрои омӯзгорони коллеҷ дар давраи сипаригашта ду маҷмӯа ва се дастури методӣ таҳия гаштанд.

Имрӯз аз ҷиҳати рақобатҳои илмӣ, табъу нашри барномаҳои таълимӣ, барномаҳои ихтисосӣ, таълифу маҷмӯаю мақолаҳои илмӣ дар як саф бо дигар коллеҷҳои пешқадами кишвар устодони муассиса қарор гирифтаанд. Дар муассиса дар ин давра 20 семинару конференсияҳои илмию амалӣ гузаронида шуданд. Ҳамчунин, устодони муассиса дар 11 конференсияҳои илмии шаҳрию ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳои илмӣ ширкат варзиданд.

 

Сифати таҳсилот

Дар муассиса бахши идоракунии сатҳи сифати таҳсилот амал менамояд, ки дар беҳтар гардонидани савияи дониш ва донишандӯзии донишҷӯён саҳми арзанда дорад. Ҳайати бахш аз омӯзгорони пуртаҷриба ташкил карда шуда, роҳбарии онро устод Муҳаммадамин Аминов ба уҳда дорад.  Барои беҳбуд ва сифатнок гардидани раванди сифати таълиму тарбия бо фармоши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 2460 аз 7.10. 2010 дар назди шуъбаҳои таълимии муассисаҳои таълимӣ, бахши идоракунии сифати таҳсилот ба амал омад. Дар ин замина бахши идоракунии сифати таҳсилот (БИСТ) дар Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ таъсис шуда, ҳадаф аз ташкили он таҳким бахшидани кори таълиму тарбия буда, раванди таълим ва донишазхудкунии донишҷӯён зери назорати қатъии бахши мазкур сурат мегирад. Аз ин рӯ, дар асоси фармоиши директори Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ аз ҳисоби устодони ботаҷрибаи соҳа бахши идоракунии сифати таҳсилот таъсис дода шуда, он тибқи низомнома ва нақшаи кории худ ба раванди дарсҳои устодон ошно шуда, бо таҳлилу назарсанҷӣ нисбати дарсҳои онҳо чораҳои зарурӣ меандешад. Бахш аз ҳолати раванди таълим дар муассиса пайваста дар Шӯрои омӯзгорӣ ҳисобот дода, масъалаҳои ба миён омадаи самти таълиму тарбияро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор медиҳад. Бахши идоракунии сифати таҳсилот дар ҳар се моҳ миёни донишҷӯён мониторинг гузаронида, аз натиҷааш ба Хадамоти назорат дар соҳаи маориф маълумот медиҳад. Инчунин аз ҷониби бахш мизҳои мудаввар ва нишастҳои илмӣ-назариявӣ ба роҳ монда шуда, масъалаҳои самти таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

 

Таҷрибаомӯзӣ дар коллеҷ

Роҳбари шуъбаро муаллима Бӯригул Зуҳурова ба зимма дорад. Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ дар муассиса дар асоси низомномаи шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва нақшаи солона фаъолият менамояд. Дар асоси нақшаҳои муассиса донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар мегарданд. Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ дар асоси шартномаи дуҷониба донишҷӯёнро ба мактабҳои миёнаи умумии ноҳияи Сино ба роҳбарии методист (устодони пуртаҷриба) ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар менамояд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёне, ки муассисаро тариқи таҳсили буҷавӣ хатм намудаанд, бояд се сол дар асоси роҳхати Вазорати маориф ба ҷойи кор ҳозир шуда, пас аз се сол ҳуҷҷатҳои лозимаро пешниҳод намоянд.

Роҳбари шуъбаи таҷрибаомӯзӣ тибқи фармоиши роҳбари муассиса ва пешниҳоди декани факултети тарбияи ҷисмонӣ рӯйхати мутахассисонро  тартиб дода ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод менамояд.

 

Корҳои тарбиявӣ

Самти корҳои тарбиявиро устод Тиловатулло Шарипов ба зимма дорад. Маълум аст, ки таълим ва тарбия ду раванди ба ҳамдигар зичу алоқаманданд ва яке аз вазифаҳои муҳими омӯзгор тарбияи маънавии шогирд аст. Барои рушди маънавии шогирдон бошад тадбиру чорабиниҳои илмӣ-амалӣ ва фарҳангӣ нақши калон доранд. Дар ин замина, раванди корҳои тарбиявӣ дар муассиса зери назорати қатъиву пайвастаи роҳбарият қарор дорад. Аз ҷумла, даромадгоҳ, пештоқ ва саҳни бинои муассиса бо абёти бузургон, аксу гӯшаҳои варзишӣ ороиш ёфтааст. Дар долону роҳравҳои бинои таълимӣ бошанд гӯшаҳову овезаҳо бо фарогирии қонунҳо “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, Консепсияи милллии тарбия, дастурамалҳои одоби салом, сару либоси хонанда, қоидаҳои донишҷӯӣ, гуфторҳо оиди касбу ҳунар ва боз навиштаҷотҳои дигар овехта шудаанд, ки ин ҳама тадбирҳо албатта дар тарбияи муҳассилин нақши калон доранд.

Барои роҳандозӣ намудани Нақшаи корҳои тарбиявии муассиса, ки аз 42 банд иборат аст, мунтазам силсилаи чорабиниҳои оммавӣ миёни донишҷӯён сурат мегиранд. Мувофиқи нақша-чорабиниҳо оид ба тарбияи маънавию ахлоқӣ, эстетикию ҳуқуқӣ, ҳарбию ватандустӣ, меҳнатию экологии донишҷӯён дар муассиса аз ҷониби масъулини бахши тарбия пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Баргузории семинару конфронсҳо, мизҳои мудаввару вохӯрию мулоқотҳо ба ифтихори ҷашну санаҳои таърихӣ бо роҳнамоии омӯзгорону иштироки бевоситаи худи муҳассилин дар муассиса ба ҳукми  анъана даромадааст. Мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли адаб, санъат, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо ҳармоҳа роҳандозӣ мешаванд, ки ин ва дигар тадбирҳо бешубҳа дар ташаккули ҷаҳонбинию худшиносӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии муҳассилин нақши калон доранд.

Бахшида ба санаҳои таърихиву миллӣ зиёда аз 39 номгӯи чорабиниҳо, аз қабили «Аз марзу корҳои ободонӣ ва буми Ватан дифоъ мекунем»,  «Сипоҳиёни Ватан», «Модар фаришта буд…», «Писар, рав қадри модар дон», «Кадбонуи беҳтарин», «Наврӯз-ҷашни миллӣ», «Сайёҳӣ омили пешрафти ҷомеа», «Ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа», «Ваҳдат-неъмати бебаҳост», «Зи истиқлол бувад, иқболи тоҷик», «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ…», «Забон-ҳастии милат», «Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор», «Коститутсия-бахтномаи миллат», «Президент-кафили сулҳу суббот», «Роғун-манбаи нур» ва монанди инҳо гузаронида шуданд, ки имконияти овардани ҳамаи онҳо дар ин мавод ғайриимкон аст.

Аксари ин чорабиниҳо бо даъвати намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, аҳли илму адаб, намояндагони сохторҳои қудратӣ, ходимони дин ва бевосита волидайни муҳассилин доир карда мешванд.

Қайд кардан зарур аст, ки бобати амалӣ намудани дастуру нишондодҳои шаҳрдорӣ, раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса на танҳо дар ободонии муассиса, балки дар ҳашару шанбегиҳои ҳудуди пойтахт пайваста саҳм мегузоранд. Илова ба ин, донишҷӯёни коллеҷ мунтазам ба намоишҳои театрикунонидашудаи ҷашнҳои сатҳи баланди фарҳангиву сиёсии ҷумҳуриявӣ ҷалб мегарданд.

 

Дастовардҳои варзишӣ

Вақте дар бораи дастоварду натиҷаҳои варзишӣ, нишондиҳандаҳои донишҷӯёни Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон сухан меравад, бо боварӣ метавон зикр намуд, ки бисёр варзишгарони собиқадору соҳибном таълими варзишро аз ҳамин муассиса оғоз намудаанд. Бешубҳа, онҳо ва даҳҳо дастпарварони дигари муассиса аз он ифтихор доранд, ки маҳз дар оғӯши ин боргоҳ рушд ёфта, аз ҳамин даргоҳи муқаддас ба қуллаҳои баланди варзиш ва илму эҷод расидаанд ва бузургу соҳибном гаштаанд. Боиси ифтихор аст, ки сафи онҳое, ки ин анъанаро идома дода истодаанд, имрӯз низ дар муассиса кам нестанд. Аз ҷумла дар Чемпионати Осиё оид ба футбол, футболбозони навраси тоҷик бешубҳа дар он қаҳрамонии бемисл нишон доданд, дар қатори дигар ҳамдастагонашон муҳассилини Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Ҷонибек Шарифов ва Шоҳрух Сангов, инчунин дарвозабони даста Муҳриддин Ҳасанов бо ҳунари худ ҷаҳониёнро ба ҳайрат оварданд.  Сармураббии дастаи наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов, ки ҳамчун мутахассиси варзидаи футбол бо ҳайати мураббиён барои ин комёбии даста саҳми назаррас гузоштанд, низ дастпарвари Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад. Варзишгардухтар Мадина Ғафурова ҷоизадори чандин мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ оид ба бокс имрӯз яке аз довталабон барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ аст. Дастовардҳои варзишгарон-муҳассилини коллеҷ дар дигар риштаҳо низ умедворкунандаанд. Рауф Хуҷамов, Навҷавон Муллоев, Сидиқ Талбаков ва Забир Ҷумъаев аз намуди гуштии миллӣ, Некрӯз Зуҳуров ва Ороста Раҳматова аз намуди қаиқронӣ, Некрӯз Идиев аз намуди футбол, Ҷамол Ибодов ва Ислом Абдуназаров ва боз даҳҳо шогирдони дигари коллеҷ ифтихори варзиши тоҷиканду дастовардҳои боз ҳам бузург онҳоро дар пеш аст. Бояд зикр намуд, ки имрӯз аксари дастпарварони пешин ва донишҷӯёни имрӯзаи муассиса аъзои пайвастаи тимҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Илова ба ин, омӯзгорони кафедраи фанҳои тахассусӣ (варзишӣ) дар мусобиқаҳо аз рӯи намуди футболи хурд барои Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоми вазири корҳои дохилӣ ва Ҷоми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд ва бо Ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Мувофиқи нақшаю чорабиниҳои варзишӣ дар ин давра силилаи мусобиқаҳо, аз ҷумла дар моҳи феврал бахшида ба Рӯзи    Артиши миллӣ ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 дар байни донишҷӯёни шуъбаи рӯзона аз рӯи намудҳои волейбол, тирпарронӣ, шашка ва футболи хурд мусобикаҳо гузаронида шуданд. Ғолибони мусобиқа аз рӯи гуштини миллӣ фардӣ ва аз намудҳои волейбол, баскетбол ва футболи хурд даставӣ қадрдонӣ карда шуданд. Бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ аз рӯи намудҳои волейбол, баскетбол ва гуштини миллӣ мусобиқаҳо гузаронида шуданд. Умуман, тибқи Нақша-чорабиниҳои варзишӣ дар муассиса бахшида ба ҳар як санаи таърихӣ мусобиқаҳо гузаронида шуда, ғолибон бо дипломҳои варзишӣ, ифтихорномаҳо ва сару либоси варзишӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Навгонӣ дар коллеҷ

Тибқи нақшаи дурнамои коллеҷ ва заҳматҳои бевоситаи роҳбари он соли равон барои кушодани ихтисоси нав «Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ» шароитҳо фароҳам оварда шуда, барои қабули довталабон дар соли таҳсили 2019-2020 замина муҳайё карда шуд. Аллакай синфхонаи таҷҳизонидашуда ва майдончаи сафороӣ (платс) барои гузаронидани машғулиятҳо омода гардида шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар муассиса бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ сохтмони майдончаи хурди варзишӣ барои футболи хурд низ идома дорад, ки дар ояндаи наздик ба истифода дода хоҳад шуд.

 

Хобгоҳи коллеҷ

Аз суҳбат бо донишҷӯён маълум шуд, ки дар муассиса ба шароитҳои маишию моддии донишҷӯён диққати махсус зоҳир мегардад. Хобгоҳи донишҷӯён дар арафаи соли нави хониш пурра аз таъмир бароварда шуда, дар 75 ҳуҷра донишҷӯён зиндагӣ мекунанд. Инчунин, омӯзгороне, ки ба манзил ниёз доранд дар хобгоҳи мазкур бо ҷойи истиқомат таъмин гаштаанд. Дар арафаи соли нави таҳсил бошандагони хобгоҳ бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла 20 кати хоб ва ҷиҳозҳои хоб, аз қабили кӯрпаву болишт таъмин карда шуданд. Соли дуюм аст, ки хобгоҳи донишҷӯён ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.

 

Китобхонаи коллеҷ

Сарварии китобхонаро зани ботаҷриба Мавҷуда Шокирова ба зимма дорад. Ҳамаи устодону донишҷӯён аъзои китобхона мебошанд. Айни замон миқдори умумии адабиётҳои китобхона 12012 ададро ташкил медиҳад. Фонди китобхона адабиётҳои таълимӣ, методӣ ва китобҳои  бадеиро ташкил медиҳад. Инчунин, китобхона соли равон 200 дона китобҳои дарсиро барои донишҷӯён дастрас намуд. Охири соли сипаригашта китобхона 50 адад китобҳои Президенти кишвар, 500 адад китобҳои дарсӣ ва 70 адад китобҳои бадеии навро дастрас намуд.

Тибқи нақшаи корӣ дар гузаронидани чорабиниҳои беруназдарсӣ саҳми китобхона калон аст. Ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯён аъзои китобхона буда, аз адабиётҳои лозима истифода мебаранд.

 

Ба ҷои охирсухан

Аз суҳбат бо маъмурияти Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе маълум шуд, ки ҳайати омӯзгорони муассиса барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарбияи насли ҷавон ҳама саъю кӯшишашонро сафарбар намуда, барои тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи варзиш ҳама донишу малака ва таҷрибаи худро дареғ намедоранд. Муассиса барои баланд бардоштани сатҳу сатҳу сифати донишу малака, ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, ҳисси масъулиятшиносиву меҳнатдӯстии муҳассилин пайваста чора меандешад. Ҳар нафаре, ки мехоҳад мутахасиси хуби соҳаи варзиш гардад, ба насли оянда чун омӯзгори соҳаи варзиш дарс гӯяд, дар бахшҳои гуногуни варзишӣ устод гардад, МДТ Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе беҳтарин интихоб хоҳад буд.

Ҳайати омӯзгорону кормандони муассиса бо роҳбарии Корманди шоистаи варзиш, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф, дотсент Камолов Бахтиёр Ҷамолович, ки худ хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буда, то ба ин вазифа таъин гаштанаш тӯли солҳои зиёд-қариб 25 сол дар донишкадаи номбурда аз омӯзгори оддӣ то вазифаҳои масъул фаъолият намудааст, амалӣ намудани нақшаву барномаҳои зиёдро дар назар доранд.

Новобаста ба бурду бохте, ки дар боло дарҷ намудем, роҳбари коллеҷ барои раванди бонизоми таълиму тарбия иҷрои боз нақшаву корҳои дигарро ногузир мешуморад. Аз ҷумла, боз ҳам таҳким бахшидани базаи модддию техникии муасссиса, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии муҳассилин, ҷобаҷогузорӣ ва ҷалби омӯзгорони ботаҷриба  масъалаҳоеанд, ки пайваста дар мадди назари мавсуф қарор доранд. Ба андешаи сарвари коллеҷ “Таълиму тарбия фарогир, баландмазмун, босамару бомаром бошад ва майлу рағбати донишҷӯён ба таҳсил зиёд мешавад.”

Дар воқеъ, ба таъкиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Омӯзгорон дар ҳама давру замон нерӯи тавоно, ташаббускори фаъол, пешбари ҷомеа ва тарғибгари ғояҳои олӣ буданду ҳастанд ва хоҳанд монд”. Дар ин замина, итминон дорем, ки омӯзгорони Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон баҳри тарбияи кадрҳои баландихтисосу садоқатманд пайваста кӯшиш намуда, барои ободӣ ва мақоми шоистаи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ саҳм хоҳанд гирифт.

Рамзи коллеҷ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 517 мебошад.

(Маводи мазкур дар ҳамкорӣ бо роҳбари бахши иттилоотию тарғиботии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дотсент, Аълочии маориф, Аълочии матбуот, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Мавлон Шарифов омода карда шуд).

“МТЖТ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here