Занони тоҷик аз лиҳози одоб, ҳусну малоҳат, касбу ҳунар ва меҳрубониву хоксорӣ ҳамчун занони беҳтарини дунё ном баровардаанд. Хусусан, теъдоди занони соҳибкасби шаҳри Гулистон рӯз то рӯз афзуда истодааст, ки мавқеи зани тоҷикро боз ҳам болотар мебарад.

198 соҳибкорзани фаъол

Бино ба иттилои бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, масъалаи баробарии гендерӣ дар маркази таваҷҷуҳи МИҲД қарор дорад. Аз 35 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 10 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки 12,5 фоизро дар бар мегирад. Аз 95 нафар вакилони ҷамоатҳо 38 нафарашон занон мебошанд, ки 9,3 фоизро дар бар мегирад.

Дар шаҳр 47 700 нафар аҳолӣ сукунат дошта, 23 704 ё 50 дарсади аҳолиро занон ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқи шаҳр 34,2 фисади кормандонро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 78,3 фисад, дар соҳаи тандурустӣ 68,6 дарсад, хизматчиёни давлатӣ 42 фисад, соҳибкорон 25 фисад, дар соҳаи фарҳанг 46 дарсад бонувон фаъолият мебаранд.

Шумораи занони роҳбар бошад, беш аз 50 нафар буда, 37 дарсади роҳбаронро ташкил медиҳад. Дар шаҳр 10 нафар занон вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва 17 нафар занон вакилони Маҷлиси ҷамоати шаҳракҳо интихоб шудаанд ва ин нишондод нисбати даъвати гузашта 15 фисад афзудааст. Қобили тазаккур аст, ки раиси суд, раисони ҷамоати шаҳракҳо 2 нафар ва раиси нозироти андоз дар шаҳри Гулистон аз ҳисоби занон мебошанд. Дар шаҳр 48 фисади Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро бонувон ташкил медиҳанд, ки аз он ҷумла раиси ҲХДТ дар шаҳр зан мебошад. Инчунин, раисии собиқадорони ҷангу меҳнатро низ зан бар дӯш дорад. Дар «Амонатбонк»-и шаҳри Гулистон роҳбарии бонкро зан ба уҳда дошта, 10 нафар бонувон кору фаъолият мебаранд ва дар бонкҳои «Эсхата» 2 нафар, «Ориёнбонк» 3 нафар занон кору фаъолият мебаранд.

Дар шаҳри Гулистон ҳамагӣ 198 соҳибкорзан фаъолият мебаранд. 150 нафар бо патент ва 48 нафарашон бо шаҳодатнома кору фаъолият мекунанд.

Аз 13 нафар донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунандаи шаҳр 7 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо 355 нафар донишҷӯдухтарони шаҳри Гулистон дар донишкадаву донишгоҳҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ таҳсил карда истодаанд.

Ҳифзи иҷтимоии занон

Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Каримова Мадина мегӯяд, ки “фаъолияти кории мо дар самти оилаву оиладорӣ ва тарбия намудани оилаҳои ҷавон дар ҳамкорӣ бо сохторҳо ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Оилаи мо беҳтарин» миёни хонандагон баргузор гардид. Бахши кор бо занон ва оила бештар дар масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии худкушӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар мавриди пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии никоҳи бармаҳал, чорабиниҳои оммавӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии тарғиби тарзи ҳаёти солим, солимии репродуктивӣ ва суҳбати озод бо шаҳрвандон мизи мудаввар, семинар ва суҳбату вохӯриҳо мегузаронад”.

Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ҷиҳати таъмини пешгирии ҳодисаҳои нангини хушунат дар оила, таъмини ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷинояткорӣ миёни занону духтарон, даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он задани шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешидааст.

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» яке аз масъалаҳои мубрами фаъолияти сохторҳои аъзои комиссияи шаҳрӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ мебошад ва заминаи муҳими босамар ҷараён гирифтани раванди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатӣ-сиёсӣ ва ҳуқуқии занро дар бар мегирад. Баҳри пешгирӣ намудани ҳамагуна намудҳои зӯроварӣ нисбати занону духтарон, ба мисоли истисмор аз нашъамандию нашъаҷаллобӣ, ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он даст задан, шомил нашудани занону духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ байни занону духтарон бахши кор бо занон ва оила якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин як қатор корҳоро ба сомон расонидаанд. Корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни сокинони шаҳру шаҳракҳо, муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар маҳаллаҳои шаҳру шаҳракҳо 29 маротиба вохӯриҳо доир ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва татбиқи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» гузаронида шудааст.

Боиси қайд аст, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 аз шумораи умумии ба бахш муроҷиаткардагон 51 нафар буда, аз онҳо 36 нафарашон бо муноқишаҳои оилавӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар шаҳр 198 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 11 ҳолат кам мебошад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 94 оила ҷудо шудааст, ки нисбати соли гузашта 37 ҳолат зиёд мебошад. Сабаби пош хӯрдани оилаҳои ҷавон пеш аз ҳама ба ҳаёти мустақилонаи ҳаёти оилавӣ омода набудани ҷавонон аст. Ҳар як ҳодиса ва ё шикояти воридшуда дар алоҳидагӣ баррасӣ шуда, барои ҳалли мушкилоти оилавӣ аъзои комиссияи шаҳрӣ оид ба пешгирии зуроварӣ низ ҷалб карда мешаванд. Дар назди беморхонаи марказии шаҳр утоқи алоҳида барои расонидани кӯмаки тиббӣ ва психологӣ ба ҷабрдидагони хушунат ва муваққатан таъмин намудани онҳо бо макони зист амал мекунад, ки ба 7 нафар занони ҷабрдида аз зӯроварӣ кӯмаки тиббӣ аз ҷониби соҳаи тандурустӣ расонида, бо онҳо суҳбатҳои тӯлонии профилактикӣ гузаронида шудааст. Кор дар самти мазкур бо воситаи ташкили семинарҳои омӯзишии «Одоби муошират», суҳбатҳои инфиродӣ, гардиши хона ба хона ва вохӯриҳо дар маҳаллаҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар шаҳри Гулистон 33 оилаи ноустувор ба қайд гирифта шудааст, ки бо онҳо мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда гузаронида мешаванд. Мувофиқи маълумотҳои ШВКД, дар маркази шаҳр соли равон аз тарафи 13 нафар занон 21 ҳодисаи ҷиноятӣ рух додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳодиса кам аст.

Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ

Ҳоҷиева Адолат — мутахассиси Маркази атласу адрасбофии шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон мегӯяд, ки “дар марказ 9 адад дӯкон мавҷуд буда, аз дигар шаҳру ҷамоатҳо занон барои омӯхтан ба маркази мазкур ташриф меоранд”.

— Либоси миллӣ ҷузъе аз фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгор аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, рушду инкишоф додани он дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст,- афзуд ӯ.

Аз ин лиҳоз бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони маркази атласу адрас бахшида ба Солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” як қатор чорабиниҳо, фестивал ва озмунҳо, ба монанди “Дастархонороӣ”, “Иди Сада”, “Чакомаи гесу”, “Ҷавондухтари ҳунарманд”, “Маликаи Наврӯзӣ” ва чорабиниҳои фарҳангии “Рӯзи Модар”, “Наврӯзи аҷам”, озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин”, волейбол байни занони корхонаву ташкилотҳо ва Фестивали “Ҷилваи рангҳо” ташкил ва гузаронида шудааст, ки ин бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу рушди атласу адрасбофӣ дар байни занону духтарон мебошад.

Санаи 3-юми майи соли ҷорӣ озмуни “Сад ранги чакан” бо ҷамоати шаҳракхо ва ташкилоту корхонаҳо бо иштироки 85 нафар занону духтарон дар толори бахши фарҳанг баргузор гардид.

Санаи 13-уми майи соли 2019 дар боғи навбунёди фароғатию фарҳангии шаҳри Гулистон “Рузи байналмилалии оила” бо иштироки оилаҳои ҷавон ва оилаҳои собиқадор ташкил ва гузаронида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ, санаи 29-уми майи соли ҷорӣ Фестивал-озмуни “Атласу адрас” бо иштироки зиёда аз 107 нафар духтаракон ва бонувон дар Кохи Истиқлоли маркази шаҳр дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Санаи 19-уми сентябри соли 2019 Фестивали шаҳрии “Ҷилваи рангҳо”дар Кохи “Истиқлол” бо ҷамоати шаҳракҳо ва ташкилоту корхонаҳо дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

Амалисозии бурсияҳо

Вақте гап сари либоси миллӣ меравад, ҳатман занон бо сарулибоси хоси миллати худ пеши назар меоянд. Дар ин маврид мутахассиси Маркази атласу адрасбофии шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон Ҳоҷиева Адолат гуфт, ки “зиёда аз 20 нафар шогирдонро тайёр намудем. Намунаҳои маҳсулотро худам тартиб медиҳам. Гирандаи гранти раиси вилоят шудам. Айни замон ҳунари худамро сайқал дода истодаам. Асосан, ман адрасбофӣ ва нусхабандиро аз модарам омӯхтам. Зиёда аз 27 ҳазор метр матоъҳои рангорангро бароварда, пешкаши бонувон кардем. Риштаи атласу адрасро аз Мастчоҳу Кобул гирифта, худам рангубор мекунам. Мағозаи “Саховат” кушодам ва маҳсулоти худро ба фурӯш гузоштаам. Ман касби худамро бисёр дӯст медорам”.

Дар Тоҷикистон ҳар минтақаи тоҷикнишин махсусияти хоси сарулибос дорад. Ҳама аз таърихи куҳан ва анъаноти пӯшидани либоси миллӣ, ки ба қаду басти занон мезебад, қисса мекунанд. Дар ин замина, аз ҷониби бахши кор бо занон ва оила оид ба фарҳанги либоспӯшӣ 13.05.2019 бахшида ба “Рӯзи оила” дар боғи фароғатию истироҳатии шаҳр аксияи либоси миллӣ гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 100 нафар занону духтарон иштирок намуданд. Дар аксияи мазкур сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, қолинбофии дастӣ, матоъҳои атласу адрас ва куртаҳои чакан ба намоиш гузошта шуд.

Зани қуроқдӯз Абдулфайзова Вазира, ки зодаи шаҳри Панҷакент асту аз соли 2003 дар шаҳри Гулистон зиндагӣ мекунад, мегӯяд: “Фаъолияти кории худро аз кӯдакистони “Истиқлол” ба ҳайси мураббия сар кардам. Ихтисоси ман педагог мебошад. Ба рӯзномаи “Ҳаёт” низ мақола навишта, ҳамкорӣ менамоям. Курсҳои забони англисиро, ки аз ҷониби сафорати Амрико барои занони соҳибкасб ташкил шуда буд, 2 сол омӯхта, хатм намудам. Соҳиби панҷ фарзанд ҳастам. Айни замон дар хона ба гулдӯзиву қуроқдӯзӣ машғулам. Ман гирандаи гранти вилоятӣ шудам. Лоиҳаам ба ҳамагон писанд омаду соҳиби 10 ҳазор сомонӣ шудам. Ният дорам духтаронеро, ки синфи 9 ва 11-ро хатм намудаанду камизоатанд ва имконияти таҳсил карданро надоранд, ба гулдӯзиву қуроқдӯзӣ ҷалб намуда, соҳибкасб намоям”.

— Дар оянда мехоҳам касби пешанамудаи худро, ки аз аҷдодонамон ба мо мерос мондааст, ривоҷу равнақ диҳам. Бонуи ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор нахоҳад шуд. Аксарияти занонро шавҳаронашон ба кор баромадан иҷозат намедиҳанд. Онҳо метавонанд ҳунар омӯхта, дар хона нишаста, кор кунанд. Асосан дӯзандагӣ дар хона мешавад. Шарт нест, ки дар ягон корхона кор кунад. Ба фарзандони худ ҳунар омӯзонанд. Аслан, устоди ҳар як зани соҳибҳунар — ин пеш аз ҳама модари ӯ мебошад. Ман худ низ ин ҳунарро аз модарам омӯхтам. Дар мактаб ҳам омӯзгорон дар дарси таълими меҳнат маҷбур мекарданд, ки мо — духтарон гулдӯзиро то дарси дигар тамом карда супорем. Маслиҳати ман ба ҳамаи занони шаҳри Гулистон ин аст, ки вақти худро беҳуда нагузаронанду касб омӯзанд,- зикр мекунад В. Абдулфайзова.

Коҳиш додани бекорӣ

Директори Маркази касбомӯзии калонсолони шаҳри Гулистон Рашидова Мусалома зикр намуд, ки “ҳар сол 10-12 нафар касбомӯзони мо маркази мазкурро хатм намуда, соҳибкасб мешаванд. Ихтисосҳое, ки гуруҳҳои мо хатм мекунанд,- кафшергарӣ, амалиёти компютерӣ, дӯзандагӣ, бурандагӣ, дӯхти либосҳои мактабӣ, барқчӣ, бофандагӣ мебошанд. Асосан, касбомӯзони мо аз ҷамоатҳоянд. Аз ҷониби шуъбаҳои шуғли аҳолӣ барномаҳои давлатӣ ба мо барои омӯзиш пешкаш мегарданд, ки омӯзиш тариқи онҳо ройгон аст. Бештар бо камбизоатҳо кор мекунем, занони бекорро ба ин касбҳо ҷалб менамоем. Дар соли ҷорӣ ороиши мӯй, гулдӯзиву қуроқдӯзиро ташкил кардем. Зиёда аз 300 нафар занони бекорро хонондем. Асосан касбомӯзони мо занони калонсол мебошанд. Дар соли ҷорӣ 242 нафар занон маркази моро хатм намуданд. Ман худ намехоҳам ягон зан бекор бошад”.

Лоиқ ба зикр аст, ки аз ҷониби МИҲД-и шаҳр дар самти коҳиш додани бекории занон корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 баҳри дар амал татбиқ намудани “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Яке аз самтҳои «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» самти «Зан ва иқтисод» мебошад, ки кафолатҳои иҷтимоии ҳуқуқ ба меҳнат, баланд бардоштани соҳибмуқовиматии занон дар бозори меҳнат ва беҳгардонии шароити меҳнатиро дар бар мегирад.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1356 нафар муроҷиаткунандагон ба қайд гирифта шуда, 779 нафар занон мебошанд. Аз 400 занони дар қайд буда 251 нафарашон бо кор таъмин карда шудаанд. Ба корҳои ҷамъиятӣ 48 нафар, ба касбомӯзӣ 83 нафар занон ҷалб карда шудаанд. Ба 8 нафар занон кӯмакпулӣ дода шудааст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар маркази шаҳр 5 маротиба ва дар ҷамоати шаҳракҳои Сирдарё, Консой, Чоруқдаррон, Адрасмон якмаротибагӣ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шудааст, ки якчанд нафар занон бо кор таъмин карда шудаанд.

Модарони Ваҳдатсаро дар Гулистон

Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бо мақсади таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа ва мубодилаи таҷриба байни мақомоти кор бо занон ва оила чорабинии сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатӣ таҳти унвони “Корвони модарони Ваҳдатсаро” дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Ба шаҳри Гулистон меҳмонони “Корвони модарони ваҳдатсаро” рӯзи 18-уми июни соли 2019 ташриф оварданд. Меҳмонони гиромиро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода дар даромадгоҳи шаҳр қабул намуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд иштирок доштанд.

Рӯзи 19-уми июни соли 2019 аз рӯи нақша-чорабинии вилояти Суғд меҳмонон аз мактаби санъат, осорхона дар бахши фарҳанг дидан намуданд. Меҳмононро бо кори Маркази атласу адрасбофии шаҳраки Сирдарё шинос намуда, корбарии коргаронро дидан намуданд.

Модарони Ваҳдатсаро ба қисми низомии 45025 ташриф оварда, аз ҷойи хоб ва ошхонаи сарбозон дидан намуда, бо онҳо суҳбатҳои тӯлонӣ гузарониданд.

Бояд гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни сокинони шаҳру шаҳракҳо, муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо ба роҳ монда шуда, дар ин давра аз рӯи нақшаи чорабиниҳои мақомот 23 маротиба вохӯриву суҳбатҳо, 3 маротиба мизи мудаввар ва семинарҳои омузишӣ бо аҳолӣ, бахусус занони хонанишин ташкил ва гузаронида шудааст.

Масъулони бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон изҳор медоранд, ки минбаъд низ баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати дастгирии занону духтарон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иҷрои дастуру супоришҳои МИҲД-и шаҳр ва барномаҳои давлатӣ чораҳои мушаххас андешида мешавад.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

Добавить комментарий