Солҳои охир таваҷҷуҳ ба рӯзгори занон дар Тоҷикистон бештар гашта, аз миёни онҳо нафарони зиёд дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ сарбаландонаву бо муваффақият фаъолият мебаранд. Бахусус дар ноҳияи Рӯдакӣ имрӯзҳо саҳми занон дар рушди иҷтимоӣ арзанда ба мушоҳида мерасад.
Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Камолзода Фирӯза фаъолияти занони ҳунармандро баланд баҳогузорӣ намуда, мегӯяд, ки “аксарияти занони ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳот зиндагӣ менамоянд. Онҳо бо кишоварзӣ зиндагиашонро пеш мебаранд. Боз дар соҳаи хоҷагидорӣ низ фаъолият мекунанд. Яке аз чунин занони ноҳияи мо Уғулой Уктамова мебошад, ки ба ҳайси роҳбари хоҷагӣ кор мекунад”.
Ба иттилои манбаъ, шумораи занони соҳибкор дар ноҳияи Рӯдакӣ бениҳоят зиёд гардидааст. 670 нафар занони ноҳия имрӯз хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда гирифтаанд. Теъдоди бонувони соҳибҳунари ноҳия низ афзудааст. Бонувони соҳибҳунари ноҳия маҳсулоти дастии худро на танҳо дар ҳудуди ноҳия ба фурӯш мегузоранд, балки дар хориҷи кишвар низ фурӯхта, зиндагии худро бо ҳунари хеш пеш бурда истодаанд.
Лоиқи зикр аст, ки чандин бонувони ноҳия гирандагони гранти президентӣ ҳастанд. Яке аз онҳо Ҳабиба Мӯсоева мебошад, ки дар ҳавлтии худ ба чорвопарварӣ машғул аст.
Барои шароити хуб муҳайё намудан, баланд бардоштани дараҷаи зист ва беҳдошти ҳаёти занон дар ноҳия дар асоси “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, барномаҳои давлатии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ноҳияи Рӯдакӣ”, “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар ноҳияи Рӯдакӣ барои солҳои 2014-2023” амал намуда истодаанд.
Иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Ҳалимова Ситора дар бораи ҳаёт ва фаъолияти занони соҳибҳунар мегӯяд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати бонувони тоҷик хеле ғамхор мебошанд. Барои дастгирии бонувони кишоварз дар ин самт шуъбаи кор бо занон ва оила бо занони кишоварз ҳамкорӣ намуда истодааст”.
Ба иттилои ӯ, айни замон дар ноҳия шумораи занони соҳибкор 1480 нафар мебошад. Занони соҳибҳунари ноҳияи Рӯдакӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд.
Ба қавли Ситора Ҳакимова, дигар аз бонувони фаъоли ноҳияи Рӯдакӣ Шобуддинова Рухшона ва Раҳмонова Шабнам ҳастанд, ки онҳо низ гирандагони гранти президентӣ мебошанд.
Иқдомҳои бунёдкориву созандагиҳои Президенти кишвар, нақшаҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳамчунин тадбирандешиҳо ҷиҳати раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони ноҳияи Рӯдакӣ бо қаноатмандӣ ва мамнуният пазируфта шудааст, ки дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ як сехи дӯзандагии ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардида, 30 нафар занони хонашин бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Гирандаи гранти президентӣ Шабнам Раҳмонова дар маркази ноҳия сехи дӯзандагӣ таъсис дода, 30 нафар занони ноҳияро соҳибҳунар намудааст. Ӯ мегӯяд: “Соли 2018 ман лоиҳа пешниҳод намудам. Бароям 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Мақсади асосиам ин буд, ки 15 нафар занон ва духтарони хонашинро бо кор таъмин кунам. Ман 30 нафарро тайёр кардам. Маҳсулоти мо на танҳо дар бозорҳои шаҳру ноҳия ба фурӯш гузошта шудааст, балки ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Бишкек, Хитой, Ҳиндустон низ сафар карда, онро ба намоишу фурӯш гузоштаем. Бо дастгирии шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ 6 адад мошинаи дарздӯзӣ, попурзанӣ, аверлокзанӣ харидам. Бо дастгирии БРСММ 7 адади дигар мошинаи дарздӯзӣ, 1 адад мизи либоспоракунӣ ва 1 адад мизи дарзмолкунӣ харидам. Мо қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, попурдӯзӣ мекунем. Инчунин, аз атласу адрас ҳамёнҳои тоҷикӣ, либосҳои миллӣ барои занон, либосҳои протоколӣ, ҷузвдонҳо барои компютер ва телефонҳои мобилӣ медӯзем. Либосҳои мардона, куртаҳои чаканро бо ҳар гуна нақшу нигор дӯхта, дар мағозаҳои шаҳру ноҳия ба фурӯш гузоштаем. Болиштҳои гулдӯзии моро бисёртар аз меҳмонхонаҳо фармоиш дода, харидорӣ менамоянд”.
Дар арафаи таҷлили Рӯзи артиши миллӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ таҳти унвони “Аскарбачаам — фахри ман” дар 16 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда шуд. Чорабиниҳо таҳти унвони “Ватанпарвар”, “Ҳомии Ватан” ва мусобиқаи ҳарбӣ — варзишии “Канӣ писарон!” баргузор гардиданд.
Раиси ноҳия Акрамзода Рустам бо 150 нафар занону модарони фаъоли ноҳия, аз ҷумла фаъолзанони ҷамоатҳои шаҳру деҳот, собиқадорони меҳнат, занони барӯманд, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия, ки роҳбарии онҳоро занон ба уҳда доранд, вохӯрӣ доир намуда, зимни чорабинӣ ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои идона супорида шуд.
Вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 — “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оила чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар саросари ноҳия баргузор карда шуд.
Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар шашмоҳаи соли ҷорӣ — ин ҳарчи бештар ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия ҷалб кардани бунувону духтарон буд. Дар ин маврид яке аз занони соҳибҳунар аз ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ Усмонова Мартаба гуфт, ки ҳамаи ҳунарҳои мардумиро аз модару модаркалонаш омӯхтааст.
— Ҳанӯз аз синфи 5 ман ба гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, шероздӯзӣ машғул будам. Ман ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён месозам, ки соли 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда, ин ҳунарҳои мардумиро, ки аз қадим ба мо мерос омада, қариб аз байн рафта буданд, эҳё намуданд. Ман худро яке аз хушбахттарин занони Тоҷикистон меҳисобам, ки соҳибҳунар ҳастам. Устодони ман холаи Азизмоҳ ва апаи Саодат мебошанд. Меҳмонҳои хориҷӣ беҳад ҳавасманд шуда, маҳсулоти дастӣ тайёркардаи маро харидорӣ мекунанд. Ман ба як сайёҳи хориҷӣ, ки аз Швейтсария омада буд, яке аз маҳсулоти дастии худамро туҳфа кардам. Ин меҳмони хориҷӣ аз хурсандӣ маро оғӯш намуда, гиря кард. Дар вақти рафтанаш аз маҳсулоти ман якчанд намуд либосҳои гулдӯзӣ харидорӣ намуд. Вақте ба Бухоро ва Самарқанд сафар кардам, бо занони соҳибҳунари ин кишвар шиносоӣ пайдо намудам. Бо ҳунарҳои мардумии ин кишвар шинос шудам. Ҳамчун зани ҳунарманд чунин ақида дорам, ки ҳунарҳои мардумии занони Бухоро ва Самарқанд қариб ба маҳсулоти ҳунарии ман монандӣ доштанд. Ман бо ин занони соҳибҳунар ҳамсуҳбат шудам. Маҳсулоти дастии худро барои фурӯш ба онҳо пешниҳод кардам. Ба занони соҳибҳунар маҳсулоти тайёрнамудаи ман писанд омад,- афзуд ӯ.
Бояд гуфт, шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар арафаи таҷлили “Рӯзи модар” якчанд чорабиниро дар байни занону духтарони ноҳия гузаронид. Дар муассисаҳои таълимӣ озмуни “Суруди Модар — Алла”-ро дар сатҳи баланд баргузор намуд. Фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу” дар асоси барнома аз 13 қисматҳо иборат буда, дар умум бо иштироки 300 нафар бонувону духтарони гесудароз баргузор гардид. Дар байни бонувон — кормандони сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилоту корхонаҳои ҳудуди ноҳия мусобиқаи варзишии баскетбол таҳти унвони “Гурдофарид” дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Сомониён, Чимтеппа, Чоргултеппа ва Россия семинар-машваратҳои омӯзишӣ — иттилоотӣ, мизи мудаввар дар мавзуи “Фарзанди нек боғи падар” ва “Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест” баргузор гардиданд. Ҳамчунин, дар маҷлисгоҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Сомониён, Навобод, Чоргултеппа, Россия, Чимтеппа семинар-машваратҳои омӯзишиву иттилоотӣ, мизи мудаввар дар мавзуи “Издивоҷ ва оила” ва мулоқоти намояндагони сохторҳои давлатӣ бо мардум гузаронида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар қатори дигар бонувони соҳибҳунари ноҳияи Рӯдакӣ раиси собиқадори ҷангу меҳнати ноҳияи Рӯдакӣ Ҳабиба Мӯсоева ба чорвопарварӣ машғул мебошад.
— Ман соҳиби 4 фарзанд ҳастам. Барои пеш бурдани ҳаёт ва иқтисодиёти хона ба чорвопарварӣ машғулам. Ду нафар духтарони ман соҳиби маълумот ҳастанд. Як духтарам духтур аст. Дигараш омӯзгор аст, ки ба таълиму тарбия машғул аст. Келинҳоям, ки соҳиби ихтисос набуданд, тасмим гирифтам онҳоро бо ягон кор таъмин намоям. Бо ҳамин мақсад ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таҳиянамудаи худро бо номи “Шуғли дӯстдоштаи занон — чорводорӣ” пешниҳод намудам. Хушбахтона, барномаи мо гузашт ва соҳиби 30 ҳазор сомонӣ шудем. Аввал ман миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки ҳамеша нисбати мо занон ғамхоранд ва дастгирӣ менамоянд. Вақте ки ман соҳиби гранти президентӣ шудам, бо 30 ҳазор сомонӣ гов харидам. Худам се гови сершир ва се гӯсола интихоб кардам. Ҳар сол насли гов зиёд шуда истодааст. Аз як чорвои шохдори калон якчанд намуди даромад аст. Масалан ширашро ҳамроҳи аҳли хонавода истеъмол мекунем ва мефурӯшем. Аз шир ҷурғот ва дӯғу хӯрокҳои миллӣ тайёр мекунем. Барои зимистонгузаронӣ поруи онҳоро ҳамчун сӯзишворӣ ва инчунин барои ҳосилхез кардани замини наздиҳавлигӣ истифода менамоем. Ба ҳамаи занони ноҳия маслиҳат медиҳам, ки касб омӯзанд, ҳунарманд шаванд, то барномаҳои худро пешниҳод намуда, мисли ман соҳиби гранти президентӣ гарданд,- мегӯяд ӯ.
Бояд зикр намуд, ки ба ҳолати имрӯза шумораи умумии аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ 509,8 ҳазор нафар буда, аз ин 252,5 ҳазор нафарашон занҳо мебошанд, ки беш аз 172,3 ҳазор нафари онҳо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. 63%-и занони ноҳия қобили меҳнат ҳастанд. Дар соҳаи маориф 3706 нафар, тандурустӣ 1424 нафар, фарҳанг 68 нафар ва занони соҳибкор 1480 нафар, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 670 нафарро ташкил медиҳанд.
Ҳоло иштироки бонувони ноҳия дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар дараҷаи зарурӣ қарор дорад. Аз ҷумла 1 нафар муовини раиси ноҳия, 1 нафар иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъба, 2 нафар мудири бахш, 2 раисони ҷамоатҳо, 8 муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳру деҳот ва 2 котиби ҷамоатҳо, 131 роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, 2 сарварони мактаб-парваришгоҳҳо, 121 роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, 2 сарварони мактаб-парваришгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, 1 роҳбари маркази эҷодиёти кӯдакон ва наврасон, 12 роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, 69 директорони МТМУ аз ҳисоби занон мебошанд. Сарварии 12 иттиҳодияи ҷамъиятии дар ноҳия амалкунанда ва 25 шӯроҳои ибтидоии соҳавиро низ занон ба уҳда доранд.Ҷамъ 288 нафар занон дар вазифаи роҳбарикунанда фаъолият карда истодаанд.
1 нафар зан узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар вакили Маҷлиси халқи ноҳия ва 79 нафар занон вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.
Нигора САИДБЕКОВА