Ҳавои софу атрбези баҳорон ва насими форами сабоҳ ба машомам бӯи деҳа овард. Бӯи майсаву дарахтон, бӯи пӯдинаи навруставу гули бодому зардолуи ба зудӣ аз нури аввалини офтоб чеҳракушода. Лаҳзае худамро дар боғи пургулу дилрабое ҳис кардаму дилам сахт моили деҳа гардид.

Бе ягон дудилагӣ озими сафар гардидам. Аз дӯкони гулфурӯшӣ дастагуле харидаму роҳ ба сӯи истгоҳи мусофиркашонии Душанбе-Кӯлоб пеш гирифтам. Нақлиёти муносибе ёфтаму савор шуда, роҳ пеш гирифтам ба сӯи макони муҳаббатҳову дӯстдориҳо. Манзиле, ки аввалин қадамҳои тифлиямро «дастам бигирифту по ба по бурд»-анҳои модарам он ҷо бардоштаам. Ҷое, ки ба камол расидам, деҳаи гулпӯшам, ки онро Чорбоғ ном аст.

Ғарқи фикру хаёл ва ёдовариҳо аз солҳои қаблӣ будам, ки маро занги телефон ба худ овард. Рӯйи оинаи телефон номи “Модарҷон” намоён буд. Ҳар гоҳ, ки аз омаданам модарамро огоҳ кунам, он кас то расидани ман чандин маротиба занг мезананд.

Ҷавоб додаму садои ширини модарамро бо ҳамон саволи доимиаш «куҷо расидӣ, духтарҷон?» шунидам. Изтиробу ташвиши модарамро ором кунонида, гуфтам, ки  роҳро ним кардаам ва умед дорам ба хубӣ наздатон мерасам.

Деҳаи азизи ман аҷаб забо гардидааст. Модари дилсӯзу ғамхорам, ки то расидани ман чандин бор аз хона ба кӯча, аз кӯча ба хона медарояду роҳамро мепояд, акунун бо чеҳраи хандону оғӯши гарм ва бӯсаи нарм «духтарам, ҷонам, нури хонадонам, кенҷаи оча, эркаи оча, очаат сақаат шавад» гӯён маро пешвоз мегирад.

По ба остонаи хона мемонаму кӯдакиҳоям бо хотираҳои ширини худ як-як пеши назарам меояд. Гумон мекунам, ҳамин дирӯзакак буд, ки аз домони модарам бо дастҳои кучаки худ дошта, қадам мезадам. Он лаҳзаҳо бузургтарин иштибоҳам хат кашидани деворҳо буд. Падар танҳо қарамон буд. Ишқ танҳо дар оғӯши Модар хулоса мешуд. Бузургтарин нуқтаи болои замин шонаҳои Падар буд. Танҳо дардам зонуҳои захмиам буд. Танҳо чизе, ки мешикаст, бозичаҳоям буданд.

Акнун ман он тифли хурди шӯх нестам. Бояд ҷоддаҳои пурпечутоби зиндагиамро мустақилона убур кунам ва мани хешро бисозам.

Вориди маконе шудам, ки маро ҳамеша интизоранд, ҳамеша бовар доранд, ҳамеша дӯст медоранд ва агар ҳазорон гуноҳ ҳам кунам, маро мебахшанд. Ин хонаест, ки падару модарам зиндагӣ мекунанд.

Модарам дастурхони хоксоронаи худро ба наздам ороста мекунад. Аз дастурхон буйи махсусе машомамро муаттар мегардонад, ки ҷойи дигаре ин хӯшбуйиро ҳис накардаам. Алҳақ, ин хушбуйиҳо аз нону хони модар аст. Модарам хӯришҳои болазате, ки бароям омода карда буд, ба наздам гузошта, бо меҳрубони мегӯяд «гир духтарам, аз роҳ омадӣ гурусна ҳастӣ». Ӯ бо меҳр ба рӯям менигаду аз ҳамсабақонаму дӯстҳову дарсҳоям як-як пурсон мешавад.

Бо модарам ба тамошои дашту саҳрои деҳа мебароем. Хурду бузурги деҳа машғули кор дар саҳро. Дарахтони гулпӯши қатор-қатор қоматафрохта, теппаҳои сабзапӯш, ҷӯякҳои киштзорон ки гуё нақшакаше бо ҷадвал кашида бошад, диққатҷалбкунандаанд.Чорвои мардум, ки дар фасли сармо хошоки хушк мехӯрданд, имрӯз аз хӯрдани алафҳои сабзи наврӯста сармастанд.

Модарам низ дар қатори дигар ҳамсояҳо бо умед киштукор кардааст. Ҷӯякҳои лубиё, помидор, райҳон, қаланфур, ҷуворимакка, пиёз, сабзӣ ва картошкаро, ки пайи ҳам саф кашида буданд, ба ман нишон дод. Ӯ аз меҳнаташ завқ мебурду ҳамзамон мегуфт, ки «то меҳнат накунӣ роҳат намебинӣ, замин одамро ҳам мехӯронад, ҳам мепӯшонад». Бо  модарам зери дарахти пургули бодом нишастему  аз заминҳои киштгардида умеди ҳосили бафайзу фаровон намудем.

Чун вақти бозгаштан фаро расид, модарам бо кулчаҳои ширмоли худ ва як қатор савғоҳои дигар бароям тӯша омода кард. Бо дуои бобою бибиам тӯшаҳоро гирифтему ҳарду сӯҳбаткунон то истгоҳ омадем. Аз суханони модарам бармеомад, бо вуҷуди оне ки имрӯз ман роҳи мустақили ҳайётро интихоб намудаму аз пайи омӯзиши илму ҳунар ҳастам, вале барои ӯ ҳанӯз ҳам ҳамон тифли кӯчаки бағалаш ҳастам.  Зеро, ки «хурокатро сари вақт хӯр, гурусна нагард, либоси гарм пӯш, бо нафарони хуб ҳамнишинӣ кун, ҳурмату эҳтироми бузургонро ба ҷо биёр» гӯён маро таъкид мекард. Ман қавл медодам, ки ҳар лаҳзаву сонияву дақиқаҳо насиҳатҳои ӯро шиори зиндагии худ медонам ва кӯшиш мекунам, ки фарзанди хубе барояш бошам…

Ҳалима ШОБЕКОВА,

донишҷӯи курси сеюми ДМТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here