Бежан Файзуллоев, тирвари ҷавони тоҷик дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки  дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина баргузор гардид, соҳиби медали нуқра шуд. Бежан Файзуллоев медали мазкурро 12 октябр дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр, дар ҳайати дастаи омехта, ҳамроҳ бо варзишгардухтари ҳиндӣ Ману Бҳакер ба даст овард. 

Ду рӯз пеш аз ин, яъне 10 октябр медали нахустинро бо ишғоли ҷойи сеюм Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои дастаӣ дар ҳайати тими омехта бо номи «Рио-де-Жанейро» ҳамроҳ бо якнафарӣ варзишгарон аз Косово, Туркманистон, Алҷазоир, Словения, Қирғизистон, Русия ва Бурунди ба даст оварда буд. 

Бояд гуфт, ки дар мусобиқоти мазкур аз рӯи барномаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон ҳудуди 4000 варзишгари синашон аз 15 то 18-сола аз 206 кишвари ҷаҳон оид ба 32 намуди варзиш барои 241 маҷмӯи медалҳо то рӯзи 18-уми октябр мубориза мебаранд.

Ин комёбии тирвари беҳамтои тоҷик Бежан Файзуллоевро метавон таърихӣ унвон кард, зеро дар ин намуди варзиш дастоварди назаррасро намояндагони кишвари мо то ҳанӯз моли худ накарда буданд. Дар чунин як мусобиқоти бузург, ки миёни 206 давлати ҷаҳон баргузор гашта, дар он наздик ба 4000 варзишгарон ширкат варзиданд, ба даст овардани медали нуқра боиси ифтихори Тоҷикистон ва кулли Тоҷикистониён аст. Зеро новобаста ба он, ки чунин медалро варзишгарон дар ҳайати дастаи омехта ба даст меоранд, дар он ҳангоми супоридани медал номи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд ва медали нуқра низ ба номи шаҳрванди Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид. Чунин дастовард боиси таҳсин аст ва бояд Бежан Файзуллоев ва Сулаймони Ҷамшед аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гарданд. Зеро чунин муваффақият воқеан сазовори қадрдонӣ аст ва умедворем ин дуқаҳрамон  аз тарафи Кумитаи мазкур ба таври густурда истиқбол гирифта мешаванд.

ТВ «Варзиш» ин дастоварди Бежан Файзуллоевро ба қаҳрамони асотирии «Шоҳнома» и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ Ораш монанд карда, ӯро «Ораши навхестаи тоҷик» номид, ки ин беҳуда нест. Чунки ин дастоварди Бежан  иштиёқу муҳаббатро ба ин риштаи варзиш на танҳо дар миёни ҳамсолонаш, балки дар байни намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бармеангезад. Умедворем Бежан дар оилипиадаҳои оянда аз Ораши афсонавӣ ба Ораши воқеӣ табдил ёфта, парчами Тоҷикистонро  дар минбарҳои олимпӣ баланд мебардорад ва обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар риштаи тирандозӣ боз ҳам баланд мебардорад. 

Медали олимпиро ба Бежан Файзуллоев табрик мегӯем!

Фарзона Камолова, «Фараж»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here