Барф ором меборад. Барфи тар. Кас танҳо ба як хотир берун баромадан мехоҳад: оҳистаоҳиста зери барфи бесадо қадам занаду рафтуомади мактаббачагон, донишҷӯён ва коргаронро, ки яке бо чатр, дигаре бе чатр, саввумӣ бо қиёфаи ҷиддӣ, чаҳорумӣ хоболуд ва панҷумиву шашумӣ, ки осемасару бекулоҳанд, мушоҳида кунад.

Кори ман навиштан аст, аммо намедонам аз чӣ бошад дар идораи мо дафтари ҳозируғоиб аст ва ба кор омадану аз кор рафтани кормандонро ба қайд мегиранд. Ман ин субҳ дертар аз хона баромадам. Сабаб ба ҳама маълум аст: рӯзҳои истироҳат баъди намози бомдод ҳар қадар ки худамро маҷбур кунам, хобам намебарад, вале рӯзҳои корӣ базӯр курпаро яктарафа карда, аз ҷойи хоби гармам, ки гармияш заҳмати чанд соати шабам аст, мехезам.

Аз дарвоза баромадан замон ҳис кардам, ки нӯги ҷӯроби пойи чапам тар шуд ва ҳама ангуштони поям хунукиро эҳсос карданд. Дили ба хона баргаштану аз нав ҷӯробу попӯши нав пӯшиданро накардам, зеро ҳоло дар хона ягона чизе, ки дар пой мепушӣ, пойафзолҳои резинии таҳораткунӣ асту халос.

Дар кӯча ҳама шитоб доранд. Шояд дар ҳақиқат чанд фисади мардум шитоб дошта бошанд, аммо яқинан, ки қисме ба атроф нигариста, суръати ҳаракаташонро муайян мекунанд. Ман ҳам баробари дигарон қадамҳоямро калон-калон монда, ба сари роҳ баромадам. Чанд дақиқа мунтазир шудам. Хатгарди рақами 54 омад. Дастамро боло кардам. Кондуктор дарро кушод ва тарафи ман мегӯяд:

— Шин-шин…

Агар гӯям, ки дар назди ман мошин ист накард, дурӯғ намешавад, зеро вақти помониям кам-кам чархҳояш тоб мехӯрданд. Ворид шудан замон, чун дидам, ки ҳама курсиҳо банданд, дар бари кондуктор, пуштамро  гузоштам. Ин ҳамон ҷоест, ки пуштат дар курсиҳои пеш такя аст ва ҳама мусофиронро як-як дидан мумкин. Аз тарафи рост дар партаи дуюм, ки мо одатан дар микроавтобусҳо курсиҳои назди ронандаро ба ҳисоб нагирифта, онро партаи аввал мегӯем, ду духтараки тақрибан 20-сола менишастанд, ки ҳарду ҳам либоси зимистона доштанд. Духтараке, ки аз ҷониби тиреза нишастааст, бо телефонаш машғул буд. Духтари дигарӣ ҳарду дасташро ба ҷайбҳои палтояш монда буд, ки шояд сабаб хунукӣ бошад. Дар партаи сонӣ ду мард, ки сари яке сафеду дигаре тоссар буд, бо ҳам аз кадом бобате суҳбат доштанд. Партаҳои баъди то охир донишҷӯён менишастанд. Дар дасти яке телефон, дигаре сарашро хам карда, механдид, садои мусиқӣ аз гӯшмонакҳои саюмӣ шунида мешуду чаҳорумӣ боқимондаҳоро ба суҳбати худ ҷалб карда буд. Аз тарафи чап, ки ҳамагӣ се нафар нишаста буданд, ҳарсе ҳам бо телефони худ кадом кори муҳимеро анҷом дода истода буданд.

Мошини мо чанд қадам пас меистод ва мусофиронро кондуктор бо тарзи ба худ хос даъват мекард. Ҳар гуна одамон бо синну сол ва сарулибоси гуногун ба мошин савор шуданд. Акнун мошини мо ба ҷуз одамони болои курсиҳо нишаста боз шаш нафари дигари рост истода дошт. Чархҳои мошин зиёдтар ба чархидан даромаданд. Ронанда пояшро аз газ намегирифт. Кондуктор дарро сахт пӯшида, ба рӯйи мусофирони навомада як-як нигоҳ карда, ишораи «роҳкироро деҳ» кард. Мошин ист кард. Зани ҷавони тақрибан 30-сола ворид шуда, дар назди ману болои сари духтараке, ки дар партаи аввал нишастааст, истод. Мошин ҳаракат кард. Зани ҷавон такон хӯрд. Марди тоссар, ки дар партаи дуюм нишаста буд, китфи духтари партаи аввалро такон дода, гуфт:

— Ҳой духтар, на таълим дидаӣ, на тарбия, канӣ хез аз ҷоят, аз ту калонсолтар шинад!!!

Садои мард чунон баланд ва гӯшхарош баромад, ки диққати аксари мусофирони даруни мошинро ҷалб кард. Ин замон духтар дар ҷояш шах шуд. Мошин сӯйи пеш ҳаракат дошт. Тақрибан аз миён 10 сония гузашт. Садои фих-фихи гиряи духтар баромад. Баландтар шуд. Боз баландтар.

— Гиря накун, бигзор волидонат барои тарбияи хуб накарданашон гиря кунанд,- гуфт марди тоссар дар ҳоли гиристани духтар ва ба тарафи чапаш нигариста, ҷониби ҳамсафараш илова кард: «Ҳайрон мешавам, духтарҳои имрӯза бетамизанд, боз гиря карда, худро шармгин нишон медиҳанд».

Гиряи духтар торафт баланд шуд. Мошин ист кард. Дар як муддати кӯтоҳ ҳама ба духтар менигаристанд. Духтараке, ки дар бараш нишастааст, чизе гуфтанӣ буд, аммо вайро ҳам гиря гулӯгир кард ва домони гиряро сар дод. Акнун ҳарду мегиристанд. Касе чизе намегуфт. Ҳама ҳайрон-ҳайрон ба онҳо менигаристанд. Духтари дуюмӣ тамоми қувваташро ҷамъ кард, худро ба гап задан омода намуд ва ба кондуктор бо садои пасту гиряолуд гуфт:

— Ака, дарро кушоед мо фароем.

Кондуктор дарро кушод. Духтари дуюмӣ аз миёни духтари аввалӣ дошт ва ишораи хестан кард. Ҳарду аз ҷой хестанд. Баробари хестан остинҳои духтари аввал аз ҷайбҳои палтояш баромаданд. Ӯ даст надошт…

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here