Яке аз беморхонаҳои муҷаҳҳазу замонавие, ки дар соҳаи тандурустӣ ба муваффақиятҳои хуби корӣ ноил гардидаасту зодаи даврони истиқлолият мебошад, Бемористони Ибни Сино буда, дар маркази пойтахт ҷойгир аст. Ин бемористон баҳри табобат ва ташхиси бемориҳои қалб ва урологӣ то дараҷаи баланди техникӣ ҷиҳозонида шудааст.
Ин бемористон соли 2009 бо иштироки бевоситаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, дар як муддати басо кӯтоҳ ба муваффақиятҳои беназир ноил гардидааст. Муассис ва бунёдгузори ин муассисаи табобатии бонуфуз Абдухалил Холиқов буда, ёрдамчии ӯ Комрони Сорбон мебошад, ки ҳамчун менеҷерони хуби соҳаи иқтисодӣ бо ҷалб намудани мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ аз дигар кишварҳо ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи тандурустии маҳаллӣ, ин бемористонро ба яке аз бемористонҳои машҳури соҳаи тандурустии на ин ки минтақа, балки берун аз он ҳам табдил додаанд.
Имрӯз барои табобат ва ташхиси беморӣ ба ин бемористон аз кишварҳои Белорус, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Афғонистону Эрону давлатҳои дигар беморон муроҷиат намуда, табобати хушсифат мегиранд. Аз рӯзҳои аввали кушодашавии ин муассисаи бонуфуз табиби бемориҳои қалб Саидамир Ҳусайн Сомӣ ҳамчун табиби асосӣ дар риштаи бемориҳои қалб инҷо фаъолияти корӣ дорад. Дар суҳбат бо мо ҷаноби Ҳусайн Сомӣ иброз намуд, ки «ман дар давлатҳои Италия, Франсия, Олмон ва Канадаву Амрико омӯзиши асосҳои илми тибро дар соҳаи қалб омӯхтаам ва бо табибони давлатҳои зиёде алоқаи корию дӯстӣ дорам, вале дар ягон гӯшаи дунё чунин мардуми некному меҳмондӯст ва диндорони ҳақиқиро вонахӯрдаам. Ман ифтихор аз он менамоям, ки мутахассисони тандурустии Тоҷикистон аз лиҳози касбият ва меҳру шафқат нисбат ба беморон дар ҷаҳон ҳамто надоранд. Инро дар мисоли ҳам табибону ҳам парасторон, ки аз мутахассисони хурди соҳаи тандурустӣ мебошанд, метавон зикр намуд. Онҳо барои беморон ончунон зиёд меҳрубонанд, ки баъди аввалин маротиба дидани чунин муомилаю рафтор фикр кардам дар олами афсона афтодаам, аммо хушбахтона, ин ҳақиқат буд ва ҳаст. То давраи соли 2009-ум, ки мо ба кор оғоз намудем, кори табибони тоҷике, ки аз давраи шӯравӣ монда буданд, он қадар хуб набуд, чунки онҳо тамоми амалиётҳои табобатиро бо усули классикӣ, яъне қадима ба сомон мерасониданд, ки дар замони ҳозира, ки даврони илму техникаи пешрафта аст, номумкин мебошад. Асос барои табобат — ин ташхис ва муайян намудани беморӣ дар дастгоҳҳои замонавӣ мебошад, ки нархи онҳо басо баланд мебошад. Хушбахтона, муассисони бемористони мо аз уҳдаи дастрас намудани дастгоҳҳои замонавӣ ба хубӣ баромадаанд. Гарчанде ҳоло мо ниёз ба дастгоҳҳои навтарин дошта бошем ҳам, ки нархи онҳо аз 200 ҳазор доллар то ба 4,5-5 миллион доллар мерасад, дар шароити имрӯза то як дараҷа дастгоҳҳои хуби табобатиро доро мебошем. Асосан мо ташхисро дар дастгоҳҳои экокардиограф ва бо усули инвазивӣ, ки аз дохили рагҳо ва ковокиҳои дилу клапанҳо ҷойҳои осебдидаро муайян намудан мумкин аст, на ин ки ба мутахассисони худи бемористон, балки ба дигар мутахассисони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омӯзонидем, то дар ҷараёни фаъолияти кориашон ба мушкилоте дучор нагарданд. Ман аз ин минбари баланд истифода намуда, аз садорати Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва Донишкадаи баъдидипломии соҳаи тандурустии Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки бигзор донишҷӯёни худро барои омӯзиши навъҳои пешрафтаи табобат ва ташхиси бемориҳои қалб ба бемористони мо фиристанд ва мо омодаем ба онҳо ин усулҳоро омӯзонем. Ман, ки Тоҷикистонро бо тамоми буду набудаш дӯст доштаам ва ҳамчун табиб аз сиёсат дурам, кӯшиш менамоям ақаллан аз дониши доштаи худ ба дигарон низ омӯзонам. Чанд дафъа бо се мошин мо тими тиббӣ ташкил намуда, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, Хуҷанд, Панҷакент ва Қӯрғонтеппа сафар намуда, аз теъдоди зиёди кӯдакони беморҳои қалби модарзодидошта дидан намуда, ба қисми осебпазирашон барои табобат ба Бемористони Ибни Сино роҳхатҳо додем. Он беморонеро, ки аз оилаҳои камбизоатанд, то ҷое тавонистем, аз ҳисоби худ ва муассисон табобат намуда, дорую давояшонро низ гирифта додем. Бояд як барномаи мукаммали давлатӣ тариқи полиси табобатӣ ва ё суғуртаи табобат вуҷуд дошта бошад, ки дилхоҳ бемор баъди ба табобат фаро гирифтан табобати хушсифат бигирад. Дар бемористони мо агар қаблан ташхиси беморӣ то ба 2000-2500 сомонӣ мерасид, ҳоло ин рақам ҳамагӣ 100 то 300 сомониро ташкил менамояду халос. Агар қаблан табобат бо усули онгография то 9 ҳазор сомонӣ бошад, ин рақам ҳоло 2000-2500 сомониро ташкил менамояду бас. Агар қаблан кушодани рагҳо бо гузоштани найчаҳои хушсифат аз 30 ҳазор то 35 ҳазор сомониро ташкил намояд, ҳоло ин рақам ба 18 то 20 ҳазор сомонӣ поён оварда шудааст. Агар ҷарроҳии дилро, ки яке аз мушкилтарин ҷарроҳиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад, ба маблағи 70-90 ҳазор сомонӣ анҷом медодем, ҳозир чунин беморҳоро ба маблағи аз 25 то 45 ҳазор сомонӣ ҷарроҳӣ менамоем. Гарчанде дар дигар давлатҳо аз муассисаҳои тандурустӣ андоз ситонида нашавад ҳам, аммо дар Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ низ андозҳои дандоншикан ситонида мешавад, ки ин ба пешрафти соҳа халал ворид менамояд. Ман барои табибони ояндаи тоҷик, ки дилхоҳ соҳаи тандурустиро барои худ интихоб намудаанд, ҳамчун табибе, ки дар давлатҳои зиёди дигар омӯхтааму фаъолияти корӣ доштаам, танҳо як тавсияи бародарона медиҳам, ки то метавонанд забони англисиро омӯзанд. Чунки тамоми пешрафтҳои илми тиб бо ин забон навишта шудаанд. Дар Тоҷикистон бошад, илми тибро аз забони русӣ меомӯзанд, ки кам андар ками ин пешрафтҳо бо ин забон навишта шудааст ва як омили ақибмонии табибони тоҷик маҳз бо ҳамин сабаб мебошад. Боз таклиф дорам, ки як механизми ҳамоҳангии якҷояи кормандони соҳаи тандурустӣ новобаста аз шакли моликияташон ба вуҷуд оварда шавад, то дилхоҳ бемор, ки ба сактаи дил ва ё инфаркт ё инсулти мағзи сар дучор мешавад, ба наздиктарин беморхона, ки дорои шароити лозима мебошад, интиқол дода шаваду наҷот ёбад. Инро дар мисоли сактаи дил метавон гуфт, ки барои наҷоти бемор ҳамагӣ аз 20 дақиқа то 1 соат вақт лозим аст. Дар ин муҳлат бояд оҷилан ҳам беморӣ муайян карда шавад ва ҳам ҷарроҳии хушсифат гузаронида шавад. Барои инсулти мағзи сар бошад, барои наҷоти бемор то се соат вақт лозим аст. Ман ҳамчун табиб гуфтаниам, ки кормандони Бемористони Ибни Сино омодаанд муддати 24 соат ва ҳама рӯзи ҳафта новобаста аз рӯзҳои иду ҷашнҳо ба мардум хизмат расонанд. Аммо 90%-и табобати хушсифат аз зудии муҳлати муроҷиат вобастагӣ дорад. Дар ин 8 соле, ки ман дар Тоҷикистонам ва ногуфта намонад, ки оилаам низ тоҷик мебошад, ба хизматҳое, ки Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллату давлати худ кардааст, гуфтаниам, ки кам касон барои миллату давлати худ кардаанд ва бояд ҷавонон лаҳзае ин имконияти таърихиро аз даст надода, давлату миллати худро созанд, то Тоҷикистон ба як давлати пешрафтатарини сайёра табдил ёбад».
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ШАРҲИ МО:
Доктор Саидамир Ҳусайн Сомӣ соли 1959 дар шаҳри Теҳрон таваллуд шудааст. Падараш профессор, устоди Донишгоҳи Теҳрон дар риштаи адабиёт ва фалсафа, модараш мудири мактаби ибтидоӣ будаанд. Соли 1974 то 1981 Донишгоҳи миллии Эронро бо ихтисоси доктори риштаи қалб-кардиолог-интервенсионист хатм намудааст. Аз соли 1981 то соли 1996 таҳсилро барои тахассус давом дода, пизишк, раиси бемористон, табиби атфол ва роҳбари дармонгоҳ шуда фаъолият кардааст. Солҳои 1996-1998 дониши худро ҳамчун интервенсионист мукаммал намудааст. Солҳои 1999-2002 омӯзишро дар марҳилаи узвияти коллеҷи салтанати пизишкони англис хатм намудааст ва дар як вақт аз соли 1997 то 2017 дар давраҳои мухталиф дар Италия зери назари профессор Димино, дар Олмон ва Италия зери назари профессорон Жон Марко ва Воҳидиён усулҳои табобати рагҳои дилро омӯхта, дар Франсия зери назари профессор Антониё Коломбо оид ба рагҳои дил ва зери назари профессор Кост Зверте оид ба рагҳои шарёни хоб омӯзиш гузаронида, дар Франкфурти Олмон оид ба табобат бидуни ҷарроҳии беморони модарзоди дил омӯзиш гузаронидааст. Узви салтанати пизишкони англис, Узви докторони профессионалии анҷумани табибони қалби Аврупо ва Эрон мебошад. Ҷарроҳи дараҷаи олӣ, оиладор, падари панҷ фарзанд, ки ду нафарашон касби падарро интихоб намудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here