Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоле қарор дорад, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ дар ҳоли рушд мебошад. Ҳамарӯза дар ҳар гӯшаи ҷаҳон аз тарафи мутахасисон технологияи ҷадиде рӯи кор меояд, ки ин ҳама ба хотири беҳбудии фаъолияти одамон равона гардидааст.

Ҳар навоварие, ки инсоният ба сохтани он комёб мегардад, бештари он аз тарафи мутахассисони ҷавон сохта ва ба истифода дода мешавад. Аммо ин раванд то ба ҳол дар кишвари мо рушд накардааст ва дар самти ихтирои нанотехнология мо қафомонда ба назар мерасем. Ҳарчанд дар роҳи омода кардани мутахассисоне, ки бевосита самти фаъолияташон ба техника ва истеҳсолот нигаронида шуда бошад, муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ  вуҷуд доранд, вале муҳасиллин бо хатми донишгоҳ роҳи ояндаи худро  ба дигар самт тағйир медиҳанд. Аксари донишҷӯён, ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм мекунанд ва ҳамчун мутахассиси оянда дар истеҳсолот бояд фаъолият кунанд, баробари  гирифтани диплом ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ меоранд. Чаро ҷавонони мо наметавонанд он орзуву омоле, ки дар дил мепарваранд, дар ватан амалӣ кунанд? Агар ин суолро аз худи он ҷавонон пурсон шавед, посух  як аст: “Дар ватани худамон аз набудани ҷойи кор ва камии музди маош наметавонем вазъи иқтисодии оилаи худро беҳтар кунем…”.

Агарчӣ кор  ёфт шавад ҳам, бо музди кам наметавон зиндагии беҳтар дошт. Ҳамасола ба хотири рафъи ин мушкилот ва ҷалби бештари олимону ҷавонони соҳибтахассус аз тарафи давлату ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Хусусан, Пешвои миллат, доиман дар Пайёми солонаашон ба маҷлиси Олии ҶТ дар роҳи  таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бе ҷойи кор дастуру тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Яке аз ин гуна чораҳоро метавон баланд гардидани музди маош ва нафақаи иҷтимоӣ номид. Ин иқдом, агар то ҷое, мардумро хурсанд намояд, вале бо баланд гардидани музди маош якбора нархи навои бозор низ ба маротиб меафзояд. Аз ин рӯ,  метавон гуфт, ки ягона мушкиле, ки имрӯз садди роҳи ҷавонон,а ё умуман мардум гардидааст, ин кам будани музди маош ва бекорист.

Донишҷӯёне, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд, баробари ба  итмом расонидани донишгоҳ дар он ҷо ба кор шуруъ мекунанд, ки ин амал шабеҳи фирори  мағзҳост. Имрӯз ҷавони тоҷик умри ҷавони худро ки айёми омӯхтану амал намудан аст, ба хотири беҳбудии рӯзгор дур аз ёру диёр дар муҳоҷират мегузаронад, ки ин зуҳурот нигаронкунанда аст. Бар замми ин, ҳама мушкилоте, ки муҳоҷирон ва ё умуман одамон доранд, боз хуруҷи бемории Ковид-19 як балои дигареро ба бор овард. Билохира, бо вуҷуди он ҳама тадбирҳои пешгирикунандаи ҷаҳон ин меҳмони нохонда аз дарвозаи кишвари мо низ сар даровард. Дар ин баробар таъсири манфии худро ба ҳама соҳаҳои ҳаётии кишвар расонид, ки  аз болоравии нархи маҳсулот дар бозор то бе ҷойи кор мондани бештари муҳоҷироне, ки дубора умеди баргаштан доштанд. Бо вуҷуди он ҳама мушкилҳо, умед дорем, ки  ин вабо аз рӯйи замин нест мешаваду рушду тарақиёти истеҳсолот дар кишвар ҳалли худро пайдо мекунад ва дигар ҷавонони мо ба мулки дигар рӯ наоварда, ҳадафу мақсадҳои хешро дар ватан баҳри пешрафти диёри худ амалӣ месозанд.

Саддамҷон Давлатов,

донишҷӯйи ДМТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here