Футбол як намуди сермухлистарини варзиш буда, дар ҷаҳон хеле рушд кардааст. Дар Тоҷикистон низ ин намуди варзиш амал менамояд ва дар байни аҳолии кишвар маҳбубияти зиёд касб намудааст. Дар ин маврид назарпурсие гузаронидем, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда менамоем.

Муҳаммадалӣ ОДИЛОВ, донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино:
— Ба фикри ман, то ҳол дар Тоҷикистон футболи касбӣ вуҷуд надорад, зеро клубҳои касбӣ каманд ва бисёре аз футболбозони мо истилоҳоти футболро намедонанд. Ба хотири беҳ намудани футболи тоҷик бояд аз хориҷи кишвар мураббиҳои варзидаро даъват намуда, футболро ба наврасону ҷавонони футболбоз омӯзонем.

Шаҳобиддин СУЛТОНОВ, сокини шаҳри Душанбе:
— Мушкили асосии футболи мо маблағ аст. Агар ба ин намуди варзиш маблағи хуб ҷудо карда шавад, футболи тоҷик дар муддати кӯтоҳ рушд мекунад. Чунки мо футболбозони хуб дорем, аммо шароитҳои хуб надорем.

Соҳибназар ОЛИМОВ, донишҷӯи ДМТ:
— Барои пешрафти футболи тоҷик аввал бояд дар мактабҳои миёна бештар ба ин намуди варзиш аҳамият дода шавад. Ман дар ду мактаби миёнаи ноҳияи худ таҳсил кардам, аммо дар ҳар дуяш ба фанни тарбияи ҷисмонӣ диққат намедоданд. Муаллимоне, ки аз ин фан ба мо дарс мегуфтанд, дар бораи футбол тасаввуроти хеле кам доштанд. Мо чӣ тавре ки мехостем, бозӣ мекардем. Хуб мешуд, ки муаллимони фаъол омода намуда, ба ноҳияҳо фиристонанд.

Насиба НОСИРОВА, донишҷӯи ДСРТ:
— Барои рушди футболи тоҷик дар баробари мардҳо барои занҳо низ бояд шароитҳо муҳайё шаванд. Бахусус падару модарон ба духтарони худ иҷозат диҳанд, то онҳо ин риштаи варзишро интихоб кунанд. Зеро бисёре аз волидон иҷозат намедиҳанд, ки духтарон ба варзиш рӯй оранд.

Ҳомид КАРИМОВ, сокини шаҳри Душанбе:
— Ман як пешниҳод дорам. Барои рушди футболи тоҷик гурӯҳе ташкил намуда, ба тамоми минтақаҳои кишвар барои дарёфти наврасону ҷавонони болаёқат равона бояд кард. Масалан, монанди “Овози тиллоӣ” ва “Бӯстон” — фестивалҳое, ки дар соҳаи фарҳанг ҷавонони боистеъдодро меҷӯянд.

Шафоат САИДОВА, магистранти ДТТ:
— Дар шаҳру ноҳияҳо бояд майдонҳои варзишӣ бештар сохта шаванд. Мусобиқаҳо байни хурсолон гузаронида, беҳтаринҳояшонро интихоб карда, тарбия намудан даркор.

Муҳиддин АЗИЗОВ, ронандаи тоҷик:
— Пеш аз ҳама футболбозон бояд бо маоши хуб таъмин гарданд. Дар ҳама ҳолат ба онҳо ёрӣ расонида шавад. Мураббиёни корозмудаю варзидаро бештар ҷалб кардан лозим аст.

Абдурозиқ АБУНАСРЗОДА,
Фирдавс ХОЛОВ,
Мактаби рӯзноманигории назди МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here