Оҳҳҳҳ, Рустам… Рустам… Чи хел сахт аст, бароям(он) аз даст додани ту… То ҳол бовар намекунам, ки дигар бо мо нестӣ… Ҳарчанд аз мошини ёрии таъҷилӣ ҷасадатро фароварда ба хона бурдем, либосҳои низомиро аз танат бадар карда, дар сони сафед печондаву бурда дар қабр мондемат, аммо ҳеҷ боварам намеояд, ки он туӣ… Бовар кун, Рустам, рӯзи дуюм аст, ки ба худ намеоям… Дар пеши назарам танҳо симои туву дар гӯшам садои нолаву фарёди модару ҳамсарат…
… Рустам, ҳарчанд дарун-дарун месӯхтам, аммо ҳамон рӯз гуфтам худамро мард мегирам… ба ҳама мегӯям, ки Рустами мо шаҳид шуд, дар роҳи Ватан, дар хоки Ватан…
То вақте ки… то вақте рӯятро кушодему пайвандонатро даъват кардем, то биёянду рӯйятро бубинанд, тамоми пайвандон аз зумраи мардҳо омада диданд… худамро доштам, сабр кардам… модару ҳамсарату аппаҳоят ҳам омада диданд… худамро доштам, сабр кардам… аммо вақте ду фарзандат болои сарат омаданд, дигар натавонистам ашкамро нигоҳ дорам… Оҳ, Рустам…
… Рустам, ду моҳ қабл академияро дар Маскав хатм карда омадӣ ва гуфтӣ акнун андак хизмат карда полковник мешавам… Ба орзуят нарасидӣ!
… Рустам, ҳоло як моҳ нашудаст, ки мошини нав харидию гуфтӣ зуд-зуд ба хабаргирии падару модарам рафта меоям… Аммо роҳату ҳузури мошинатро надидӣ…
Ҳамаи ин ку дарди ба хайр, чаро фикри ду фарзандатро накардӣ, Рустам?! Медонӣ, ки дар ҳеҷ давру замон аз душман мардӣ набаромадаасту душман ҳамеша дурӯғкор аст, чаро ба истиқболаш шитофтӣ?!
… Рустам, тамоми деҳа туро пушту паноҳи худ медонист… ба ҳар мушкилашон ба наздат меомаданд… Вақте бо либоси низомӣ дар кӯчаҳо қадам мезадӣ, тамоми ҷавонони деҳа ба ту тақлид мекарданд… Дар ёдат ҳаст, ки садҳо нафарро аз пайи худ ба хизмати Модар-Ватан бурдӣ, садҳо нафари дигарро ба мактабҳои олии ҳарбӣ бурда дохил кардӣ, ки ба ватану миллат хизмат кунанд?! Ҳама мегуфт, ки «мисли Рустам мешавам!»…
Ҳатто дидӣ, ки дар рӯзи мурданат ҳам садҳо нафар гуфт, ки мурданаш ҳам мисли зиндагиаш қаҳрамонона аст?! Дидӣ, ки чандин нафар бо овози баланд мегуфтанду ин гуна мурданро орзу мекарданд?!
Гумонам он рӯз 9 миллион мардуми Тоҷикистон дар ҳавлии ту буд…
Дидӣ, ки аз ҳавлиат то сари хоки гӯрат ҷойи қадам задан набуд…
… Медонӣ, Рустам, баъди он ки туро ба хок супоридем, гашта ба хонаатон омадам. Шабро дар ҳавлиат рӯз кардам… Хонаву дари ороста кардӣ, ҳавлиро гулзор кардӣ, гуфтӣ баъди меҳнатҳо роҳаташро мебинам, аммо…
… Рустам, медонӣ, ки мазори деҳа аз ҳавлиат намудор аст? Медонӣ, ки хоки қабрат дар баландии теппа ҷой гирифтаасту аз ҳавлиат ба хубӣ метобад қабрат?…
… Рустам, то субҳ ҳамсарат ба қабрат нигариста гиристаст, ки «Рустами ман зинда аст… Ҳоло бармегардад… Моро ҳеҷ гоҳ напартофтаст… ва намепартояд…».
То ҳол дар гӯшам садои нолаҳояш аст…: «Рустам, пушту паноҳам, ман бо ду фарзандат чӣ кор мекунам? Наход рост бошад, ки дигар бо мо нестӣ? Бубин, ки дару тирезаатро кушода мондам, биёву ба хонаат даро… Ҳадди ақал як соат, як дақиқа… ба хонаву дарат нигар… ба фарзандонат нигар…»…
… Рустам, ба Худо, ки ҳолу аҳволи фарзандонат дар пеши рӯям аст… То субҳ дидам, ки чи гуна дар рӯйи ҳавлӣ бо гардани каҷ мегаштанд… ранги рӯяшон парида… ҳайрон… аз ҳар гӯша туро меҷустанд… … Рустам, хабар дорӣ, ки аз фироқат модарат ҷигархуну дилреш шуд?… Хабар дорӣ, ки модари беморат чанд маротиба аз ҳуш рафт?… Ба ҳар дари кушодаи хона то субҳ сар мехалонд… ба ҳар гӯшаи ҳавлӣ қадам мезаду «Рустам, куҷоӣ? Овоз барор, ки овозатро шунавам» мегуфт… Модарат то субҳ хоб накардасту «кабки хушсадоям парвоз кард, ман бе кабкам чӣ кор мекунам» гӯён нола кардаст…
… Рустам, барои зан ку каму беш осон аст, чун доду фарёд мезанад, рӯю мӯй меканад ва худро таскин медиҳад… Аммо дидӣ, ки ду бародарат чи гуна ашк мерехтанду дарун-дарун месӯхтанд дар фироқат?!
… Рустам, ман борҳо дар сари гӯри падар гиристани фарзандро дидам, аммо надидам, ки падар дар сари гӯри фарзанд нола кунад… Ту дидӣ?! Ман бори аввал дидам… Ин ҳам падари туро… Субҳ, вақте баъд аз намози бомдод ба сари қабрат рафтем, дидам, ки падарат дар сари гӯрат афтода чи гуна нола мекарду фарёд мезад: «Рустам, хез! Рустам, аз хоки хунук хез! Хез, рафтем, модарат хонаро гарм кардаст! Хез рафтем, ки дар ин гӯри сард хунук мехӯрӣ… Рустаааам… Рустаааам…»…
… Рустам, вақте субҳ аз сари гӯрат баргаштем, медонӣ чӣ иттифоқ афтод? Чӣ иттифоқ афтод, ки модарат аз ҳуш рафту нолаву фарёди ҳамсарат деҳаро такон дод?! Намедонӣ…
Вақте писари хурдиат ба назди модарат омад, модарат гуфт, ки рафта дар пояш наскӣ пӯшад, чун субҳгоҳон ҳаво сард аст… Писарат дарҳол ҷавоб дод, ки «бибиҷон, наскӣ надорам, наскиҳоям даридааст…»… Ин суханҳо тире зад ба дилу ҷигари модару ҳамсарат… Охир, аз рафтанат нав як шаб гузаштаст, ки писарат ин гуна сухан кард…
Оҳҳҳ, Рустамеее… Рустам…
… Рустам, дидӣ, ки мардуми зиёд то нисфи шаб дар ҳавлиат буданду дар ҳақат дуо карданд… Дидӣ, ки аз субҳи дигар ҳам мардум омаду рафт кардаву дар ҳақат фотиҳа хонданд… Ҳама мегуфтанд, ки «Худораҳматӣ ҷавони хуб буд, дасташ ба ҳама мерасид… Худованд ҷояшро ҷаннат гардонад…»…
Рост ҳам мегуфтанд… Охир, дар паҳлуи ҳар афтидаву бемор рост будӣ… Ободкунандаи тамоми маъракаҳо будӣ… Дар байни мо, дар миёни насли мо аз ҳама калон будӣ ва барои мо бародари калонӣ ба ҳисоб мерафтӣ…
Акнун ҷойи ту холист… Кӣ ҳам метавонад ҷойи туро бигирад??? Ҳеҷ кас!!!
На имшаб хобам бурду на имрӯз тавонистам коре бикунам… Рустам, ба Худо, ки боварам намеояд, ки дигар бо мо нестӣ…
Рустам, бубин, ки дирӯзу имрӯз ҳама аз ту сухан мегӯянд… дар бораи ту мегӯянд… Бубин, ки дар васфат чи қадар шеърҳо суруданд…
… Оҳ Рустам… Рустамееее… Лаънат ба душман… Лаънати Худо…
… Гиря гулӯгирам мекунад, Рустаммммм…
…
Бибояд лаҳзае бигрист…
Барои он ҳама ёрон,
Ки гум кардем дар дунё.
Барои рӯзҳои куштаи вақт,
Ба таскини дили шайдо.
Бибояд лаҳзае бигрист,
Барои гиря ҳам бояд диле дошт…
ЭҲСОН
18.09.2019